Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи сарбозони тоҷику Чин Ишкошимро такон хоҳад дод


Тоҷикистон ва Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз бо Бадахшони Афғонистон, размоиши муштараки низомӣ доир мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин тамрини муштараки ҳарбӣ дар авохири моҳи июл баргузор мешавад.

Ориф Нозимзода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин машқҳо нерӯҳои ҳавоӣ ва заминии Тоҷикистон бо Ротаи вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Чин дар масъалаи мубориза бо таҳдидҳои террористӣ, машқи муштараки низомӣ анҷом хоҳанд дод.

Ориф Нозимзода афзуд, ки ин размоиш дар машқгоҳи Гарнизони ҳарбии Бадахшон дар Ишкошим, баргузор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин размоиши муштараки низомӣ аз техника ва муҳимоти ҷангӣ, назири ҳавопаймо, чархбол, зиреҳпӯш ва дигар навъҳои аслиҳаи сангин ва сабук истифода мешавад. Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар идома гуфт, аз ин ба баъд дар доираи ҳамкориҳои низомии ду кишвар, ҳамасола чунин размоишҳои муштарак баргузор хоҳад шуд.

Чунин размоиш муштараки низомиёни Тоҷикистон ва Чин моҳи октябри соли 2016 низ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуда буд, ки дар он дар маҷмӯъ, ҳудуди 10 ҳазор нафар, аз ҷумла 200 тан аз низомиёни чинӣ мустақиман дар размоишгоҳ ҳузур доштанд.

Размоиши муштараки низомиёни Тоҷикистону Чин дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъ дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистону Чин, ноором ба назар мерасад. Гурӯҳи Толибон чанд минтақаро дар ин вилоят аз солҳо ба ин тараф дар ихтиёри худ дорад. Ҳарчанд он ҳаргиз талоши ҳамла бо марзро накардааст, аз тарафи кишварҳои минтақа хатар дониста мешавад.

Аз сӯи дигар, тибқи иттилои хабаргузориҳо, ҷангиёни уйғури мухолифи ҳукумати Чин ва ҷангиён аз Тоҷикистон низ дар бархе аз минтақаҳои ин вилоят дар канори гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Афғонистон қарор доранд. Мақомот дар Душанбе ва Пекин борҳо аз ҳузури ҷангиёни кишварҳои худ дар Афғонистон нигаронӣ карда буданд.

Овардани нерӯҳои зиёд ба ВМКБ аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ зимни чанд амалиёти махсуси давлати Тоҷикистон дар ин ҷо тобиши манфӣ низ касб мекунад.

Тоҷикистон бо Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳудуди 500 километр марзи муштарак дорад. Вилояти ноороми мусулмоннишини Шинҷону Уйғур ҳам дар ин минтақа ҷойгир аст. Чин аз ҷудоиталабии уйғурҳо нигарон аст ва бо Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷудоиталабӣ созишнома имзо кардааст.

XS
SM
MD
LG