Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ришва"-и 5000 сомонӣ ба Дилшод, ҳукми ҳабс ба Зикриё


Зикриё Мирзоев.
Зикриё Мирзоев.

Зикриё Мирзоев, корманди пешини Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бо туҳмат зиндонӣ шуд ва акнун се сол аст, талош дорад, "доғи судӣ"-ро аз рӯйи номи худ бардорад, вале касе ба додаш намерасад.

Зикриё Мирзоев нозири калони Кумитаи андоз буд. Ӯ мегӯяд, гуноҳе накардааст, вале Додгоҳи шаҳри Турсунзода вайро дар гирифтани 5 ҳазор сомонӣ пора айбдор донист ва маҳкум ба зиндонаш кард. Пас аз як моҳи ҳабс бар асоси қонуни афв озод гашт.

"Мурофиаҳои додгоҳӣ ноодилона буд",-гуфт ӯ рӯзи 8 июл ба Радиои Озодӣ, вале додрас Маҳмадисо Саидзода, ки замони мурофиаҳои Мирзоев раиси Додгоҳи Турсунзода буд ва ҳоло додраси Додгоҳи олӣ аст, мегӯяд, иттиҳоми порагирии корманди собиқи Кумитаи андоз пурра исботи худро ёфт.

Маҳмадисо Саидзода дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз талошу шикоятҳои Мирзоев барои исботи бегуноҳӣ ва бекор кардани қарори додрас хабар дорад ва мақомотҳои дахлдор метавонанд дар ин маврид санҷиш гузаронанд. Оғози парванда нисбати ин корманди собиқи Кумитаи андоз бар асоси шикояти як соҳибкори шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо бародараш ба мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сурат гирифтааст.

Баҳс аз куҷо оғоз шуд?

Бахши Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Турсунзода нисбати Мирзоев дар ҳоле парванда боз кардааст, ки ӯ соли 2016 бо як гурӯҳи кории кормандони Кумитаи андоз бо роҳбарии Дилшод Фазлиддинов, корманди ин Кумита, ба санҷиши фаъолияти соҳибкорони Турсунзода машғул будаанд.

Зикриё Мирзоев гуфт, дар якҷоягӣ бо роҳбари гурӯҳ дар дӯкони Фазлиддин Ҳайдаров, як соҳибкори Турсунзода, ки ба истеҳсолу фурӯши мебел машғул аст, санҷиши ногаҳонӣ анҷом додаанд ва додгоҳӣ шудани қазияаш низ аз ҳамин ҷо шурӯъ шуд. Ӯ гуфт, дар пай ин санҷиш камомади пардохти андозро дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ ошкор намуда буданд.

"Мо нахуст худро ба ҳайси муштарӣ муаррифӣ кардем, то ҳақиқати ҳаҷми мебелҳои омода намуда ва ба савдо рафтаи ӯро фаҳмем. Баъдан худро ҳамчун корманди Кумитаи андоз муаррифӣ намудему фаъолияти кории соҳибкорро ҳисобу китоб намудем, ки дар пардохти андоз 35 ҳазор сомонӣ фарқият, яъне камомад ба миён омад",-афзуд Мирзоев.

Зикриё Мирзоев мегӯяд, бо вуҷуди он, ки дӯкон ба номи соҳибкори инфиродӣ Ҳайдаров Фазлиддин сабт гардидааст, вале бародари ӯ Шӯҳрат Ҳайдаров назди онҳо омада, пофишорӣ кардааст, ки ба ҷои бародари соҳибкораш масъалаи камомади пардохти андозро ӯ ҷавоб медиҳад. Ба қавли ҳамсӯҳбатамон, Шӯҳрат Ҳайдаров гуфта буд, ки ҳоло тавони пардохти 35 000 сомониро надорад ва танҳо метавонад айни ҳол 5 000 сомонӣ супорад.

Мирзоев мегӯяд, ба пардохти 5 000 сомонӣ розӣ шудаанд ва ба соҳибкор таъкид намуданд, ки боқимонда маблағро марҳила ба марҳила супорад. "Ҳамин 5 ҳазорро ҳам насупорида, баъди чанд рӯз назди ман омода хостори он шуд, ки бар ивази хизмат аз баҳри 35 ҳазор сомонӣ гузарем, аммо ман рад кардам ва такроран се мартаба чунин пешниҳод кард, ки хизмат мекунад, ман рад кардам, бори чаҳорум ба назди ман омада, якбора изҳор намуд, ки маблағи 5 ҳазор сомонии ман чӣ мешавад? Дар посух гуфтам, ки 5 ҳазор сомоние, ки пардохт мекунед, ба инобат гирифта мешавад. Ин ҷо манзурам ин буд, ки ӯ 5 ҳазор сомонии андозро пардохт кунад, ба инобат гирифта мешаваду боқимонда қарзҳои андозро марҳила ба марҳила пардозад".

Мирзоев иброз дошт, ки баъди ин сӯҳбатҳо якбора Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати ӯ ба иттиҳоми гирифтани 5 000 сомонӣ парванда боз намудааст, вале ҳеҷ далели порагирӣ вуҷуд надошт. Ӯ бар ин аст, ки парвандааш сохта аст. Корманди собиқи Кумитаи андоз мегӯяд, зимни тафтишот ба ӯ маълум шуд, ки Шӯҳрат Ҳайдаров баъзе аз сӯҳбатҳояшро бо ӯ сабт кардааст, вале агар додрас зимни мурофиаҳо мунсифона амал мекарду таваҷҷӯҳ медод, он сабт собит месохт, ки ӯ аз касе 5 ҳазор сомонӣ нагирифтааст.

Дар ин сабт, ки ба гуфтаи Мирзоев дар парванда мавҷуд аст, садои Ҳайдаров Шуҳрат шунида мешавад, ки гуфтааст, 5 ҳазор сомониро ба Дилшод додааст. "Ман хостам, сабт такроран се маротиба монда шуд. Дафъаи сеюм додрас моҳияти сабтро фаҳмида, Шуҳратро ба назди компютер даъват намуда, сабтро такроран бори чаҳорум монд ва вақте Шуҳрат садои худро шунид, додрас пурсон шуд, ки овоз овози худат аст, ӯ ҷавоб дод, ки ҳа, додрас пурсон шуд, ки 5 ҳазор сомонӣ ба кадом Дилшод додӣ, Шуҳрат ба ман нигоҳ карда, ҷавоб дод, ки ба ҳамроҳаш. Ҳамин замон аз додрас пурсон шудам, ки ёфтед, ки Шуҳрат маблағи 5 ҳазор сомониро ба кӣ додааст, ӯ танҳо ҳаминро ҷавоб дод, ки Дилшодро бояд ту ёбӣ".

Мирзоев мегӯяд, мехост дар мурофиаҳои додгоҳӣ масъалаи он, ки дар сабт гуфта мешавад, 5 ҳазорро ба Дилшод додааст, ҷиддан таҳқиқ шавад, вале додрас ба ин масъала эътино накарда, ҳукмашро содир намудааст.

Додрас: "Мурофиа мунсифона сурат гирифт"

Маҳмадисо Саидзода, додраси парвандаи корманди собиқи Кумитаи андоз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм бо шунидани ҳама ҷонибҳои баҳс ва одилона сурат гирифтааст ва шикоят бурдан аз болои он ҳаққи Мирзоев мебошад. Додрас таъкид намуд, ки амали порагирии Мирзоев дар ҳукме, ки нисбати ӯ содир намудааст, бо тафсилоти бештар тасдиқи худро ёфтааст.

Саидзода Маҳмадисо таъкид намуд, зимни мурофиаҳо маълум гардид, ки Мирзоев аз бародари соҳибкор Шуҳрат Ҳайдаров дар се ҳолат дар ҳаҷми ҳамагӣ 5 000 сомонӣ пора гирифтааст. "Дар ҳаҷми 2 ҳазор, 2 ҳазору 500 ва бори сеюм 500 сомониро ба Мирзоев медиҳанд ва Мирзоев мефаҳмонад, ки маблағҳоро ба дохили ҷузвдоне, ки дар назди ӯ меистад, гузоранд. Бо пурсиши шоҳидон, ҷабрдидаҳо ва шунидани сабти гуфтугӯи телефонӣ байни Мирзоев ва ҷабрдида ин ҳолат тасдиқи худро ёфт",-афзуд оқои Саидзода.

Талошҳои Зикриё Мирзоев барои исботи бегуноҳӣ ва бекор намудани қарор додгоҳ нисбаташ дар ҳоле сурат мегирад, ки як манбаъ дар Додгоҳи олӣ гуфт, шикоятҳои Мирзоевро дар мавриди ноодилона будани қарори додгоҳ Додситонии кулли Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор додааст ва онҳо далели худро наёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, худи Зикриё Мирзоев мегӯяд, ба чандин мақоми болоии дахлдор, аз ҷумла Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл барои бе далел зиндонӣ шудану бекор кардани ҳукми додрас шикоят бурдааст, вале аз сӯи ҳеҷ ниҳоде ба таври ҷиддӣ ин масъала таҳқиқу пайгирӣ нашудааст. Мирзоеви 56-сола мегӯяд, беш аз 25 соли таҷрибаи кор дар Кумитаи андозро дорад ва барои исботи бегуноҳияш талошҳояшро идома хоҳад дод.

Исботи душвори бегуноҳӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон

Бархе аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, набудани мустақилият дар кори додрасҳо, пойбандии онҳо ба ҳукумату бархе мақомотҳои интизомӣ боиси он мешавад, ки афроди раҳошуда аз зиндон дар талош ба исботи бегуноҳии худ муваффақ намешавад. Додрасҳои Тоҷикистонро барои он зиёд интиқод мекунанд ва адолати додгоҳиро зери суол мебаранд, нафарони ангуштшумор метавонанд бегуноҳии худро исбот намоянд.

Аз ҷумла, дар соли 2018 додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо 14 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд, дар ҳоле ки парвандаҳои баррасишуда ба даҳҳо ҳазор адад баробар аст. Коршиносон мегӯянд, заъфи додгоҳҳо дар ин аст, ки аксаран таҳти таъсири мақомоти тафтишотӣ қарор мегиранд ва аслан ба таҳқиқи хусусӣ ё мустақилона даст намезананд.

XS
SM
MD
LG