Наздикони яке аз маҳбусони фавтида, ки имрӯз дар Ҳисор дафн карда шуд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бадани Валиҷон Одинаев ягон осори зарбулат дида нашудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз шореҳон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабари мақомоти давлатиро зери шубҳа қарор додаанд ва мегӯянд, маҳбусон амдан ҳадафи куштор қарор ёфтаанд.
Дар оғоз шумораи маҳбусони ҳалокшуда аз сӯи мақомот 13 нафар эълон шуда буд. Вале як мақоми огоҳ аз қазия гуфт, ки субҳи душанбеи 8-уми июл ба онҳо иттилоъ расид, ки нафари 14-ум Абдулҷамил Қаюмови 52-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, низ дертар ҷон додааст.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон шаби гузашта бо нашри як иттилоия хабар дод, ки ин гурӯҳи маҳбусон баъд аз истеъмоли нон (хлеб) вазъашон вахим шуда ва дертар ҷон бохтанд. Ҳодиса дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб иттифоқ афтодааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин зиндониён мебоист тибқи барнома аз Хуҷанд ва Истаравшан ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон интиқол меёфтанд. Вале ба гуфтаи манбаъ, вақте корвони маҳбусон ба мавзеи Майхура расид, яке аз маҳбусон се дона хлебро ба 16 нафар маҳбус тақсим мекунад.
"Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат аз 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқуъ пайвастааст",-омадааст дар хабари Сарраёсати иҷрои ҷазоии ҷиноятии Вазорати адлия.
Идораи зиндонҳо дар шарҳи ҳодиса мегӯяд, ки баъд аз расидан ба яке аз муассисаҳои тафтишотии Душанбе, ҳамаи 16 маҳбусе, ки нони тақсимшударо истеъмол карда буданд, беҳуш мешаванд. Мақомоти ин идора мегӯянд, ки талошҳои табибон танҳо 2 нафар аз ин маҳбусонро наҷот дод ва боқимонда 14 нафар ҷон бохтанд.
Як пизишки заҳршинос мегӯяд, эҳтимоли заҳролудшавии марговар аз нони куҳна ва таркибаш вайроншуда вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи масъулин, ин маҳбусон дар 3 мошини вижа бояд интиқол дода мешуданд ва корвон зӯҳри якшанбе аз Хуҷанд ҳаракат кард ва соати 18:20 дақиқа ба Душанбе расид. Мақомот мегӯяд, ки "тибқи меъёрҳои муқарраргардида дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд".
Дар рӯйхати маҳбусони ҳалокшуда, ки мақомот нашр карданд, онҳо бошандагони минтақаҳои гуногуни кишвар мебошанд. Сину соли бештари маҳбусон аз 19 то 43-сола мебошанд. Феълан маълум нест, ки маҳбусони ҳалокшуда ба кадом иттиҳомот зиндонӣ шуда буданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва таҳқиқ оғоз шудааст.
Рӯйхати маҳбусони ҳалокшуда, ки дар сайти расмии хабаргузории расмии "Ховар" шудаст:
1. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.
2.Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т. 13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.
3. Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.
4. Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.
5. Буриев Далерҷон Бозорович, с.т. 16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.
6. Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.
7. Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.
8. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.
9. Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.
10. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.
11. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён.
12. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т. 10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.
13.Ҳайдаров Некрӯз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.
14. Қаюмов Абдуҷамил Халилович, с.т. 10.11.1967, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон.
Дар бораи маҳбусони ҳалокшуда феълан иттилои зиёде дар даст нест. Аз миёни онҳо исми Меҳроб Юсупови 27-сола қаблан ба расонаҳо роҳ ёфта буд. Меҳроб Юсупов соли 2016 бо гумони талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик, боздошт шуда буд.
Мақомот ӯро муттаҳам мекарданд, ки бо Гулмурод Ҳалимов тариқи телефон суҳбат кардааст. Аммо наздикони ӯ он вақт гуфта буданд, бовар надоранд, ки писарашон ин гуноҳро карда бошад. Аммо баъдан маълум нашуд, ки Меҳроб Юсупов ба чанд соли зиндон маҳкум шуда буд. Номи маҳбуси дигар -- Раҷабмурод Манонов дар яке аз феҳристҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ зикр шудааст.
Дар нӯҳ моҳи ахир ин ҳадди ақал ин бори севвум аст, ки маҳбусони тоҷик ба таври гурӯҳӣ ба ҳалокат мерасанд. Пеш аз ин дар моҳи ноябр дар зиндони шаҳри Хуҷанд ва моҳи май дар зиндони Ваҳдат ошӯбе сар зад, ки беш аз 50 қурбонӣ дошт.
“Табиб: Аз хӯрдани нон одам намемурад, агар...”
Мақомоти идораи зиндонҳо дар ҳоле хӯрдани нон ё хлебро сабаби марги 14 маҳбус медонанд, ки бархе табибон инро зери шубҳа мебаранд.
Яке аз табибони таҷрибадори соҳаи заҳролудшавӣ дар тиб, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, инсон аз хӯрдани нон метавонад заҳролуд шавад, аммо ин масмум шудан дар аксар ҳолат кушанда нест.
Ин табиб, ки дар яке аз беморхонаҳои Душанбе кор мекунад ва намехоҳад исмаш бурда шавад, гуфт, дар робита ба ҳалокати маҳбусон ду ҳолат метавонад пеш ояд: ё гандуми тозанашуда орд карда шудааст ё ба хамири нони маҳбусон маводи заҳрдоре илова шудааст.
“Дар даруни гандум чандин растаниҳои заҳролуд, ба монанди гелиотроп мерӯяд. Ҳамонро тоза накарда орд кунанд, одамро заҳролуд мекунад. Аммо бо як тика аз ин нон одам ба ҳалокат намерасад. Танҳо агар аз он нон давоми чанд рӯз истеъмол кунад, заҳр метавонад ба организм зиёд ворид шуда, шикам дам шавад ва пасон бемор бимирад,” - шарҳ дод духтур.
Ба гуфтаи ин табиби тоҷик, ҳолати марг метавонад инчунин дар натиҷаи заҳролуд шудани хамири нон аз роҳи ворид кардани маводи иловагии химиявӣ бирасад.
“Нон одамро заҳролуд намекунад, агар ягон чизи зиёдатӣ надошта бошад. Яъне агар ягон маводи химиявӣ надошта бошад, одам намемурад,” - гуфт табиби тоҷик.
Ҳодисаҳои заҳролудшавии одамон пас аз истеъмоли нон дар Тоҷикистон қаблан низ рух дода буд. Аз ҷумла, соли гузашта наздики 40 нафар аз сокинони ноҳияи Ишкошим пас аз хӯрдани нон заҳролуд шуда буданд, аммо ҳамаи онҳо баъди муроҷиати саривақтӣ ба духтур ҷон ба саломат бурданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ин сокинон дар пайи хӯрдани ноне заҳролуд шуданд, ки дар таркиби гандумаш рустании "гелиотроп" дошт.