Чаҳор писари Фирӯза Одинаева, сокини деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор тақрибан як сол аст, ки дар боздоштгоҳе дар шаҳри Перм нигоҳдорӣ мешаванд. Мақомоти Русия бародарон Ҳаётулло, Неъматулло, Сӯҳбатулло ва Зикрулло Муродовҳоро моҳи сентябри соли 2018 дастгир карданд.
Аз он замон ба гуфтаи модарашон, ин бародарон бо хонавода тамосе надоранд ва маълум нест, ки дар чӣ ҳол ҳастанд. Танҳое чизе, ки барои модар маълум аст ин аст, ки ҳукми боздошти онҳо ҳар ду моҳ дароз карда мешавад.
Фирӯза Одинаева рӯзи 3-уми июл, ки дар ҳалқаи наберагон бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат мекард ва ашк мерехт. Ӯ мегӯяд, бо умед фарзандонро бузург кард, маълумоти олӣ дод, вале дар сари пирӣ бо наберагони маъюб ҳайрон мондааст. Фарзандони боздоштшудаи Одинаева дар навбати худ аз ду то чаҳор фарзанди ноболиғ доранд ва ду нафар аз наберагон ҳам маъюбанд. Ӯ мегӯяд: “Қарздорҳо ҳар рӯз меоянд. Аз сабаби шароит набудан натавонистем як духтарчаи 8-солаи Ҳаётуллоро табобат кунем ва ӯ нобуд шуд. Худаш ҳанӯз аз ин хабар надорад. Дирӯз як набераи дигарам касал шуд, пул наёфтем, ки ӯро ба духтур барем.”
Кор дар ҷое, ки ғайриқонунӣ будааст
Нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти тақаллубӣ ва бо тамғаи сохта муттаҳам мешаванд. Ҳамаи онҳоро рӯзи 4-уми сентябри соли 2018 ҳамроҳ бо чанд шаҳрванди Русия ва аз моликони корхонаи ғайриқонунӣ дастгир карданд. Талоши Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо муфаттиши парванда Евгений Луканин натиҷа надод. Вакили дифои Сайёдвалӣ Ҳалимов рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳаққи зерҳимояташ дифоъ мекунад, вале афзуд, ки “ба сабаби идомаи тафтишот ҳақ надорад, ҷузъиёти парвандаро ошкор кунад.”
Вакилони дифои онҳо дар гузашта гуфтанд, афроди зери ҳимояташон худро гунаҳкор намешуморанд ва иттиҳомоти муфаттишони раёсати умури дохилии шаҳри Пермро эътироф намекунанд. Муҳоҷирони боздоштшуда дар моҳҳои аввали боздошти худ низ ба наздиконашон гуфтаанд, гуноҳе надоранд. Азбаски онҳо вакили хусусӣ надоранд, вакилонашонро давлати Русия таъйин кардааст ва дар ин муддат чанде аз онҳо иваз шудаанд.
Малика Одинаева, сокини деҳаи Мавлонҷари поёни ноҳияи Ҳисор, ки ду фарзандаш дар боздошт ҳастанд, мегӯяд, писари калониаш танҳо як ҳафта пеш аз боздошт ба назди бародараш ба шаҳри Перм омада буд. Ба гуфтаи хонум Одинаева, писараш Шодмон Ҳусейнов ҳафтае қабл аз боздошт ба назди бародараш омад, то фаҳмад, ки чаро корфармо маоши бародарашро пардохт намекунад. Вале ба гуфтаи модар, Шодмон ҳамроҳ бо бародараш Ҳоҷимурод ба банди маъмурони пулиси Русия афтод. Ин сокини Ҳисор мегӯяд, писари хурдиаш Ҳоҷимурод Ҳусейнов ҳамагӣ 20 сол дорад ва ҳам маъюб мебошад.
“Мо хоҳиш мекунем, ки фарзандони моро озод кунанд. Даҳ моҳ шуд, ки дар ғами фарзандон месӯзем. Як писари дигарам дар Душанбе ба аробакашӣ машғул аст ва рӯзғори моро пеш мебарад” - гуфт Малика Одинаева. Тақдири ҳамаи даҳ нафар аз муҳоҷирони боздошшудаи тоҷик дар шаҳри Перм тақрибан якгуна аст. Онҳо баъди қарздор шудан роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Пайвандони ин муҳоҷирон гуфтанд, баъзе ду ҳафта ва боқимондаҳо ҳамагӣ се моҳ дар коргоҳи истеҳсоли машрубот кор кардаанд. Ба гуфтаи наздикони муҳоҷирон онҳо аз коргоҳи машрубот танҳо барои моҳи аввал маош гирифта буданд.
“Ончӣ ба сарамон омад, аз тақдир аст”
Савригул Раҷабова, модари се муҳоҷири боздоштшудаи дигар мегӯяд, ба сабаби нотавонӣ дар пардохти қарз бонк хонаашонро гирифт ва писаронаш барои баргардондани хона ба муҳоҷират рафтанд. Вале ба гуфтаи Раҷабова, на инки хонаро баргардонда натавонистанд, балки акнун ӯву духтараш бехона мондаанд. Падари хонавода Раҷабалӣ Ҳалимов ҳам баъди боздошти фарзандон ба Русия рафт ва ба корҳои гуногун машғул аст, то барои онҳо ғизое бибарад. Ба гуфтаи Савригул Раҷабова, онҳо барои гирифтани вакили дифоъи хусусӣ маблағ надоранд ва чандин бор ҳам ба Вазорати умури хориҷӣ муроҷиат кардаанд. Вале муроҷиатҳои батакрори ин се модар то ҳол натиҷа надодааст.
Ба ҷуз аз се писар як ҷияни Савригул Раҷабова низ дар шаҳри Перм дар боздошт аст. Раҷабова мегӯяд, баъди боздошти Наҷмиддин Рабиев модараш аз ғами писар даргузашт: “Мо намедонем, ки фарзандонамон гушна ҳастанд, ташна ҳастанд ва ё либос доранд, надоранд. Ҳаволаашон ба худо.” Дар муддати қариб як сол муҳоҷирони боздоштшуда бо пайвандони худ боре телефонӣ суҳбат накардаанд.
Танҳо Ҳоҷимурод Ҳусейнов ду моҳ қабл дар як мактуб модарашро ба зодрӯз табрик карда гуфтааст, “худатонро эҳтиёт кунед.” Инчунин Наҷмиддин Рабиев дар як шеър аҳволи худ ва нӯҳ муҳоҷири ҳамроҳашро нақл кардааст. Рабиев дар шеъри худ мегӯяд, он чӣ ба сарашон омад аз тақдир аст.
“Мақомот: Аз аҳволи муҳоҷирон хабар дорем”
Нигаронии наздикони ин муҳоҷирон дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд нисбати тақдири онҳо бепарво нестанд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳафтаи гузашта консули Тоҷикистон дар Уфа аз аҳволи муҳоҷирони боздошшуда хабар гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби ба дарозо кашидани тафтишот ин пайдо шудани ҷузъиёти нав дар қазия мебошад. Аз ҷумла ба қавли ҳамсӯҳбати мо, роҳбари коргоҳи истеҳсоли шароби тақаллубӣ чанде пеш дастгир шудааст. “Бачаҳои мо дар онҷо танҳо коргар будаанд. Аз сабабе, ки дар рафти тафтишот далелҳои нав илова шуданд ду моҳи дигар тафтишот идома меёбад” - гуфт Иброҳим Аҳмадӣ.
Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва садҳо нафар ҳам бо иттиҳомоти гуногун дастгир ва зиндонӣ мешаванд. Аммо кам шудааст, ки чаҳор бародар аз як оила ва 8 сокини як русто якбора дастгир шаванд.