Хабарнигори Радиои Озодӣ Муъмин Аҳмадӣ журналистони "The New York Times"-ро дар сафар ба Тоҷикистон ва мусоҳиба бо Ҳусейн Абудасамадов ҳамроҳӣ кард. Ӯ ҷузъиёти бештари сафар ва ногуфтаҳои ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон ва шеваи кори ҳайати "The New York Times"-ро нақл мекунад:
"Лорен аз маргаш хабар ёфта буд"
Лорен Геогҳеган, духтари амрикоӣ, ки рӯзи 29-уми июли соли гузашта бо дӯстдошта ва ду ҳамсафари дигараш дар ҳудуди ноҳияи Данғара кушта шуд, ду рӯз пеш аз ҳодиса маргашро хоб дида буд.
Субҳи рӯзи 27-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯрободи собиқ) Лорен аз ҳамроҳонаш мехоҳад, то фаврӣ аз наздикиҳои марзи Афғонистон дур шаванд. Ба ҳамроҳонаш ва баъдан ба дӯстонаш дар Амрико тариқи телефон нақл мекунад, ки шаб дар наздикии марз хоб дид, марди бадхашми мусаллаҳе аз самти Афғонистон рӯди Панҷро гузашта, ӯро қатл мекунад. Ҳамроҳонаш хоби ӯро натиҷаи сӯҳбатҳои рӯзона дар бораи вазъи Афғонистон медонанд. Хобе, ки ду рӯз пас ба ҳақиқат табдил ёфт. Хоби ӯро баъдан наздикони Лорен ва ҷаҳонгардони зиндамонда ба хабарнигорони “The New York Times” нақл карданд.
Чаро ҳодисаи Данғара филм шуд?
Расонаи мӯътабари The New York Times рӯзи 23-юми июн филми таҳқиқотии худро дар бораи ҳодисаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нашр кард. Филме, ки дар бештари лаҳзаҳои наворбардории он ширкат доштам ва як бахши кори он бар дӯшам буд. Зикри номам ба ҳайси яке аз коргардонҳои филм натиҷаи ин ҳамкорӣ буд.
Дар ҳодисаи 29-уми июли соли гузашта чаҳор хориҷӣ, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико кушта шуд. Мақомот шитобзада ҳодисаро кори дасти ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ эълон карданд, вале гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо нашри навори савганди садоқати панҷ ҷавон ба ин гурӯҳ масъулиятро ба дӯш гирифт. Аз рӯзи аввал ин ҳодисаро бо супориши раҳбарияти Радиои Озодӣ пайгирӣ доштам. Ҳар далели пайдошуда суол эҷод мекард. Он замон посух ёфтан ба норӯшаниҳо сахттар буд, чун ҳанӯз таҳқиқи ҳодиса ҷараён дошт. Бо ин вуҷуд, ним моҳ пас аз ҳодиса дарёфтҳоямонро дар робита ба ин ҳодиса нашр кардем. Мақолае, ки сабаб шуд, то ҳайати эҷодии The New York Times маро ба ҳамкорӣ даъват кунанд.
Ҷаҳонгардонро кӣ кушт?
Ба кормандони "The New York Times" пас аз се моҳи ҳодиса мақомоти тоҷик иҷоза доданд, ки барои таҳқиқ ба Тоҷикистон сафар кунанд. Ишқи Остин Ҷей ва Лорен Геогҳеган, ду ҷавони амрикоии кушташуда дар ин ҳодиса боис ба пайдо шудани идеяи сабти филм шуд. Ду ҷавоне, ки дар Амрико кори пурдаромадро тарк карда, бо орзуҳои зебое ҷаҳонгардӣ бо дучархаро интихоб намуданд. Рукминӣ Калимаркӣ, таҳқиқгари масоили ДИИШ дар The New York Times 10 рӯз пас аз ҳодиса дар ин бора мақола нашр кард. Ин навишта боис ба тасмими наворбардории филм дар ин мавзуъ шудааст.
Ду ҳафта пеш аз сафари гурӯҳ ба Тоҷикистон ҳайати сенафараи The New York Times бо ман дар тамос шуданд. Нақшаи корашонро бароям фиристоданд. Суоли аслиашон ин буд, ки то куҷо қатли ҷаҳонгардон кори дасти гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё созмони дигар аст ва шонсе барои таҳияи филм вуҷуд дорад ё на. Бо дарназардошти таҳқиқи мавзуъ ва таҷрибаи панҷсолаи таҳияи гузориш дар мавриди ДИИШ гуфтам, ки ба кори дасти ин гурӯҳ будан шак надорам. ДИИШ дар чанд соли ахир чунин шеваи ҳамла, мисли ҳамла аз тариқи мошин ва бо корду табарро дар чанд кишвари дунё таҷриба карда буд. Ин нуктаҳо дар парвандаи 5-ҳазорсаҳифагии Додситонии Шветсия, ки соли гузашта барои як таҳқиқ омӯхта будам, хеле рӯшан зикр шуда буд.
Дар амалҳои Ҳусейн Абдусамадов, яке ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ айни рафторҳои Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Узбекистон, ки дар пойтахти Шветсия одамонро бо мошин пахш карда буд, дида мешуд. Барои ҷомеаи журналистӣ далелҳо камтар буд, ки ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи ДИИШ таҳлил кунем.
Дархости онҳо барои сӯҳбат бо муфаттишони Додситонии кул, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳо фиристода шуда, аллакай ризоият низ гирифта буданд. Дар сӯҳбатҳои дуҷониба нақшаҳо тағйир меёфт, чизи наве илова мешуд ва ё ба хулосае мерасидем, ки сӯҳбат бо фалон нафар барои филм аҳамияти калидӣ надорад, аз баҳраш бояд гузашт.
Пеш аз сафари гурӯҳ, бо мақомдороне, ки аллакай ризоият барои сӯҳбатро дода буданд, як бори дигар занг задам, то мутмаин шавем, ки сари ҳарфашон ҳастанд ё на. Вазифаи дигар бароям ин буд, ки бояд макони сабти навори савганди садоқат ба ДИИШ-ро пайдо кунам, ки ҷавонони ҳамлагар ду рӯз пеш аз ҳамла сабт кардаанд. Онҳо болои санге зери як дарахт нишастаанд. Дар навор қисмате аз шаҳри Норак ва обанбори оби кабуд намудор аст. Пайдо кардани макон ба он хотир муҳим буд, ки воқеан ин макон дар Тоҷикистон аст.
Дар ҷустуҷӯи санг
Дар назари аввал, пайдо кардани он макон хеле осон буд, чун маълум аст, ки ҷойе дар рӯ ба рӯйи шаҳр аст. Рӯзи аввали сафар дар Норак ноумед шудам. Сокинон ё воқеан он маконро намедонистанд ва ё пас аз дидани акси он ҷавонон аз нишон додани макон худдорӣ мекарданд. Чунин менамуд, ки аксари сокинони ин шаҳр аз ин ки нақшаи қатли сайёҳон дар шаҳри онҳо тарҳрезӣ шудааст, хиҷолатзадаанд. Рӯзи дуюм танҳо бо кумаки чӯпоне, ки тасодуфан дар кӯҳ вохӯрдам, он маконро ёфтам. Ин мавзеъ аз шаҳри Норак тақрибан 5 километр дур аст ва бинобар роҳи хароб ҳудуди ду соат лозим аст, то он ҷо бирасӣ. Аксҳои маконро ба ҳайати эҷодӣ фиристодам ва мутмаин шудем, ки видеои нашркардаи "Аъмоқ"-хабаргузории ДИИШ маҳз дар ҳамин макон сабт шудааст.
Нақшаи журналистӣ
Вақте гурӯҳ ба Тоҷикистон расид, зоҳиран, ҳама кор мувофиқа шуда буд. Ба ҷуз аз сӯҳбат бо Ҳусейн Абдусамадов, ягона ҳамлагари зинда дар куштори ҷаҳонгардон, ки дар нақшаи эҳтимолӣ буд. Ягон мақом кафолати сӯҳбати ӯро надода буд ва ба номаҳо барои иҷозати сӯҳбат посухе рӯйи даст набуд. Аввали моҳи ноябр наворбардории филми ҳуҷҷатӣ оғоз шуд.
Маъмулан барои журналист нақшае, ки дақиқан бояд аз рӯйи он соат ба соат кор кунад, вуҷуд дошта наметавонад. Нақшаҳо тахминӣ ва умумианд, ки ҳар лаҳзае ба шакле метавонанд, тағйир кунанд.
Ин ҳолат дар ҳамкории мо бо ҳамкасбони амрикоӣ истисно набуд. Мусоҳибе сӯҳбатро ба фардо мегузошт ё ҷое, ки мо як рӯз барои сабт ҷудо карда будем, ду рӯз сарф мешуд. Ё ҳолатеро мо наворбардорӣ мекардем, ки тамоман дар нақша набуд. Мисли сӯҳбат бо нафаре дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки Ҳусейн Абудсамадов аз ӯ корду табар харида буд. Кори мо аз наворбардорӣ аз ҷойи ҳодиса дар Данғара сар шуд. Пас аз ним соати сабт кормандони ШКД-и ин ноҳия ба назди мо расиданд. Вақте ҳадафи мо ва қонунӣ будани кори моро фаҳмиданд, ҳамон ҷо монданд. Пешниҳод карданд, ки "шуморо бо мошин раҳбаладӣ мекунем". Гуфтам, ҳамкасбонам инро намехоҳанд. Милисае аз ин асабӣ шуд ва гуфт, "агар ҳодисае ба журналистони хориҷӣ рух дод, ту ҷавоб хоҳӣ дод.”
Аз сӯйи дигар, дар ҷараёни кор пас аз ҳар сӯҳбат мусоҳибон ба ман “мечаспиданд”, яъне “чизи баде нашр шуд, ту ҷавоб хоҳӣ гуфт”.
Мо бо Рукминӣ Калимаркӣ, хабарнигори таҳқиқгар зуд ба ҳам мавзӯи умумии сӯҳбат ёфтем. ДИИШ дар Афғонистон ва Сурия аз мавзӯе буд, ки мо соатҳо сари он баҳс мекардем. Ӯ таҷрибаи кор дар Сурияву Ироқро дошт. Бо даҳҳо ҷангҷӯи ДИИШ аз наздик сӯҳбат карда буд ва бо ин мавзуъ хеле хуб шинос буд. Шеваи ташкили "хилофат", санадҳои ин созмонро омӯхта буд. Ба ҳадде ба баҳси ДИИШ дода мешудем, ки Сингелӣ Эгню, коргардон маҷбур мешуд, моро аз сӯҳбат боздорад ва сари мавзӯе, ки кор мекардем, баргардонад.
Шеваи кори ҳамкасбони амрикоиам бароям омӯзанда буд. Пеш аз мусоҳиба якҷоя шахсияти мусоҳибро таҳқиқ мекардем, кӣ ҳаст ва ба он бояд чӣ савол дод. Тавоноиҳои эҳтимолии посух доданашро низ аз пеш баҳс мекардем. Замоне ки Рукминӣ бо мусоҳибон сӯҳбат мекард, Сингелӣ Эгню паҳлӯи ман қарор мегирифт, то саволҳои пайдошударо бигӯям ва ӯ ба Рукминӣ расонад. Пас аз анҷом миёни ҳам сӯҳбатро муҳокима карда, саволу шубҳаҳои худро менавиштем.
Чаро аз баҳри назари холаи Юсуповҳо гузаштем?
Ҳолатҳое буд, ки танҳо як ҳарфи дурӯғнамо моро ба он водор мекард, ки аз баҳри муҳимтарин дарёфтамон гузарем. Сӯҳбат бо Моҳбегим Юсупова, холаи ду ҷавони ҳамлагар аз Норак, ки дар тарбияи онҳо чун модар нақш дошт, барои мо ҷолиб буд. Ин зан як бойгонии бузурги аксу наворҳоро аз хоҳарзодаҳояш дошт. Паёмаки Аслиддин, ки соате пеш бо модараш худоҳофизӣ кардааст, дар телефонаш маҳфуз буд. Мо се рӯзро барои сӯҳбат бо ӯ ва сабти манзили зисти онҳо сарф кардем. Наворҳоеро бо мушкилӣ аз телефони ӯ ба даст овардем. Ризоияти хаттӣ ва видеоии ӯро барои истифода низ гирифтем. Дар наворҳо дида мешуд, ки чӣ тавр ин ду ҷавон як зиндагии ғайримазҳабӣ доранд. Мазҳабӣ ба назар намерасанд, дар маросим мерақсанд, ҳамсару модару дигар наздиконашон ҳиҷоб надоранд ва боре ҳам ба гуфтаи холааш чунин талабе надоштанд. Ин нишонаҳое буд, ки ба узви созмони ДИИШ будани онҳо шубҳа ба вуҷуд меовард. Моҳбегим хоҳарзодаҳояшро ҷавонони дур аз чунин ақидаҳо тасвир мекард ва навореро ба мо нишон дод, ки гӯиё як моҳ пеш аз ҳодиса сабт шудааст. Дар он Аслиддин ба холааш ширинии зодрӯзӣ меорад ва ӯро ба оғӯш гирифта мерақсад. Ин наворҳо барои мо бозёфти нодир буд. Вақти тамошои навор, ки гӯиё моҳи июн сабт шудааст, дидам, ки ҷавон ва холааш дар тан либосе доранд, ки маъмулан моҳи март ё апрел ба бар мекунанд. Дар тобистони гарми Тоҷикистон чунин либос пӯшидан номумкин буд. Ин мушоҳидаи ман боис шуд, ки ба тамоми гуфтаҳои холаи ду ҷавон шубҳа пайдо шавад. Шояд ҳамин буд, ки аз он наворҳо, ба ҷуз ду-се акс, чизе дар филм истифода нашуд.
Муфаттишони парванда дар Додситонии кул далелҳои ҷамъовардаи худро ба мо нишон доданд. Дар дасти онҳо наворҳое буд, ки ҳамлагарон пеш ва баъд аз ҳамла бо телефони мобилӣ сабт кардаанд. Онҳо гуфтанд, "Ҳусейн Абдусамадов пас аз ҳамла се соат талош кардааст, то наворҳоро ба ДИИШ фиристад, вале суръати сусти интернет ин имконро барояш надодааст."
Маълум шуд, ки FBI - Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико низ дар таҳқиқи парванда кумак кардааст. Аз ҷумла, бо ёрии ин ниҳод телефони Аслиддин Юсупов, як ҷавони ҳамлагар, ки ҳодисаи қатлро сабт карда буд, рамзкушоӣ шуд.
Ин ҷо ба як суоли беҷавоб посух ёфтам. Ҳамеша хонандагони сомонаи мо мепурсиданд, ки нафари шашум, кӣ буд, ки ин гурӯҳро наворбардорӣ кардааст. Муфаттиш бароямон чӯби дуқушаеро нишон дод, ки ҳангоми сабт Ҳусейн телефонро дар он бастааст. Зоҳиран Ҳусейн аз барномаҳои телефонӣ барои наворбардорӣ ва гуфтугӯ хеле моҳирона истифода кардааст. Ӯ бо барномаҳое бо афроди вобастаи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" сӯҳбат мекард, ки тариқи рақами телефони мобил сабт намешаванд.
Ҳусейн тақрибан ду моҳ дар Норак бо Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо гаштугузор мекард ва нақша мекашиданд. Зафар Сафаров ва Асомуддин Маҷидов ду рӯз пеш аз ҳодиса ба онҳо мепайванданд.
Ин гурӯҳ барои ҷустуҷӯи хориҷиён аввал ба самти Хуҷанду Турсунзода мераванд. Он ҷо сайёҳи зиёд намеёбанд ва маконро низ барояшон тавсия намедиҳанд. Нақшаи дигар тарконидани меҳмонхонаи “Серена” дар маркази Душанбе будааст. Инро дар сӯҳбат Ҳусейн Абдусамадов низ тасдиқ кард.
Чӣ гуна Ҳусейн ба ҷангии ДИИШ буданаш иқрор шуд?
Сӯҳбат бо мақомот, модари Ҳусейн Абдусамадов, милисае, ки дар боздошти Ҳусейн ширкат дошт, боғбоне, ки охирин шаб хориҷиён меҳмонаш буданд ва даҳҳо сӯҳбату наворҳои дигарро бардоштем. Аз мақомот ба мо гуфтанд, ки ҳоло бо Ҳусейн Абдусамадов сӯҳбат кардан ғайриимкон аст. Ман аз ибтидо ба ин сӯҳбат бовар надоштам ва борҳо ба ҳамкоронам ҳам инро гуфтам. Охири моҳи ноябри соли 2018 ман ба Прага ва онҳо ба Амрико баргаштанд. Ду ҳафта пас аз бозгашт паёми ғайриинтизоре дарёфт кардем. Расман иҷоза шудааст, ки бо Ҳусейн сӯҳбат кунем. Майли дубора бозгашт ба Тоҷикистонро надоштам. Сингелӣ Эгню, коргардон хоҳиш кард, ки ӯ кори зарур дорад, рафта наметавонад ва рафтани маро бисёр заруру муҳим хонд. Бо Рукминӣ барои сӯҳбат бо Ҳусейн машварат кардем. Чӣ гуна бояд рафтор кард, то аз ӯ ҳарфҳои воқеиро гирифт? Маълум буд, ки ӯ он чизеро ба мо хоҳад гуфт, ки мақомот барояш талқин кардаанд. Аммо хабарнигор дар ин ҳолат аз ин миён ҳарфи дурусту воқеиро чӣ гуна метавонад берун кашад?
Мо як саволномаи бузурге таҳия кардем. Ҷавобҳои эҳтимолии ӯро ман тахмин мекардам ва он ҷавобҳоро чӣ гуна бояд ба чолиш кашид, суол омода мекардем. Аз рӯйи парванда шаҳр ва мӯҳлати дар Сурия будани ӯ барои мо рӯшан буд. Инро чӣ гуна мешавад исбот кард? Номи "амирон"-и гурӯҳ, катибаҳое, ки тоҷикон ҳангоми вуруд ба ДИИШ он ҷо тамрин медиданд, исми раҳбари амалиёти хориҷии ин созмон, амалиёте, ки он шабу рӯзи ҳузури Ҳусейн дар Сурия гузаштаанд, навиштем. Тақрибан 50 савол ва ҷавобҳои эҳтимолӣ, ки мо тахмин мекардем, Ҳусейн чунин хоҳад гуфт. Чандин аксу санади марбут ба ин созмонро рӯйи даст гирифтем. Аз ҷумла, Рукминӣ санадеро бо худ гирифт, ки ҳар аъзои нави ДИИШ барои дарёфти шиноснома онро мисли анкета пур мекунад. Дар он санад ному насаби аслии увзи нави созмон дар давлати ба истилоҳи онҳо “куфр”, номе, ки дар ДИИШ интихоб мекунад, зодгоҳи аслӣ, касбаш дар мулки “куфр” ва танҳо номи модар навишта мешавад, на номи падар. (Ин ҳуҷҷатҳоро Рукминӣ аз як харобазоре аз Мавсили Ироқ пайдо карда буд.) Гӯиё ҳама кор дуруст буд ва мо субҳ барои сӯҳбат ба назди маҳбас рафтем. Ғайриинтизори мо мақомот монеи вуруди ман ба маҳбас шуданд. Гуфтанд, ки номи ин нафар дар рӯйхат нест ва танҳо ба наворбардор, журналист ва тарҷумон иҷозаи ворид шудан медиҳем. Рукминӣ гуфт, бе Мӯъмин Аҳмадӣ (Абдулмуъмин Шерхонов) қадаме намезанем ва агар ба ӯ иҷоза нашавад, аз баҳри сӯҳбат мегузарем. Пас аз ним соати телефону иҷозат пурсидан розӣ шуданд, ки ҳамроҳи гурӯҳ ман низ вориди маҳбас шавам.
Ҳусейнро бо дастони аз пушт баста вориди утоқе карданд, ки мо интизор будем. Хоҳиши мо барои боз кардани дастонаш ва танҳо гузоштан барои сӯҳбат рад шуд. Танҳо розӣ шуданд, ки завлонаро аз пеш дар дастонаш гузоранд. Ба мо иҷозаи аз якуним метр бештар наздик шудан ба ӯро низ надоданд. Абдусамадов чандон аз дидани мо хурсанд набуд. Дар ним соати сӯҳбат ҳарфҳоеро мегуфт, ки мо ба воқеияташ шубҳа доштем. Баъдан, пас аз саволҳои пай дар пай вақте ӯ фаҳмид, ки журналист бисёр чизро дар бораи ДИИШ медонад, сӯҳбаташ бозтар шуд. Санадро аз дур барояш нишон додем, ӯ мушаххасоташро гуфт. Дар кадом катиба (дастаи мусаллаҳи ДИИШ) буданашро низ дуруст посух дод. Номи амир ва раҳбари амалиёти хориҷии ДИИШ-ро бехато гуфт. Аз ин посухҳо шубҳае намонд, ки ӯ воқеан дар Сурия қарор доштааст. Сӯҳбат бо каме танаффус чаҳор соат давом кард. Аз кори кардааш пушаймон набуд ва мегуфт, агар ҳоло имкон дошта бошад, хабарнигорро низ қатл мекунад. Ҳусейн англисиро медонист, вале бо тоҷикӣ посух медод. Рукминӣ барои раҳми ӯро овардан паёми гиряолуди модари Лоренро барояш нишон дод. Дар он паём ба Ҳусейн модари Лорен бо гиря мегуфт, духтараш чӣ гуноҳ дошт, ки ӯро кушт. Ин паёмро бе ашк намешуд гӯш кард, вале ба истилоҳ мижжаи Абдусамадов хам нахӯрд. Ӯ гуфт, аз куштани “кофирон” ҳеҷ гоҳ пушаймон нест.
Лорен ҳомила буд?
Пайвандони Лорен ва кормандони пулисе, ки дар амалиёти зидди ин гурӯҳ ширкат доштанд, ба мо гуфтанд, ки бо эҳтимоли зиёд ин духтар ҳомила буд. Барои посух ба ин савол ва ин ки аз кадом зарбҳо ин чаҳор нафари хориҷӣ кушта шудаанд, мо ба Маркази ҷумҳияривии экспретизаи судӣ-тиббӣ муроҷиат кардем. Ташхис ҳомила будани Лоренро рад кард. Лорен зарбаи асосиро дар ин ҳамла аз сару гардан хӯрда буд. Гардани ӯ бо табар тақрибан бурида буд. Ташхисгар ба мо бо аксҳо тамоми зарбаҳое, ки ин чаҳор ҷаҳонгард бардошта буданд, шарҳ дод. Ӯ гуфт, зарбаҳо аз қисматҳое аз бадан буд, ки ҳатто пас аз як дақиқаи кумаки тиббӣ расонидан низ имкони зинда мондани он вуҷуд надошт.
Паёми филм инсондӯстӣ буд
Дар филм ду лаҳзае намоиш дода шуд, ки хислати асосӣ - меҳмондӯстии тоҷикон нишон дода мешуд. Ба хотире, ки бардошт ин нашавад, ки на ҳама сокинони кишвар чунин андеша доранд, ин нуктаҳо хеле муҳим буданд. Навори Радиои Озодӣ аз боғе буд, ки дар он рӯз қабл аз марг сайёҳон аз меҳмоннавозии тоҷикон ташаккур мекунанд ва иброз медоранд, ки Тоҷикистонро дӯст доштаанд. Филм ҳам бо сӯҳбати ин боғбон тамом мешавад, ки мегӯяд, аз ин ҳодиса даҳшатзада аст ва ин ба 9 миллион сокини кишвар таъсири бад гузошт.