Дар шабу рӯзе, ки дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат ҷараён дорад, бархе аз сокинон пойтахтро ба "шаҳри кранҳо" монанд мекунанд. Тақрибан дар ҳар кӯчаву хиёбони шаҳри Душанбе 2-3 борбардор қомат рост карда, болои биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои калон аз як сӯ ба сӯи дигар ҳаракат доранд.
Мақомот мегӯянд, дар кори кранҳо чанд иштибоҳи техникиро ошкор кардаанд, вале гардиши онҳоро дар болои роҳҳову наздикии хонаи мардум хатарзо намешуморанд. Вале кори ин азимҷуссаҳо дар фосилаи баъзан хеле наздик ба минтақаҳои аҳолинишин ва роҳҳои мошингузар мояи нигаронии бархе аз сокинон шудааст. Сокинон мегӯянд, дар чанд моҳи охир дастикам ду кран чаппа шуд ва эҳтимоли рух додани чунин ҳодисаҳо набояд сарфи назар шавад.
Онҳо ба ин суол посух мехоҳанд, ки тоб хӯрдани кранҳои борбардор болои роҳҳои мошингарду биноҳои истиқоматӣ то куҷо дуруст аст ва бехатарии онҳоро кӣ замонат медиҳад?
Илҳом Муродов, сокини маҳаллаи Шоҳмансур дар Душанбе мегӯяд, ҳар рӯз сокинон аз зери тири як борбардоре мегузаранд, ки бо бори гарон дар болои роҳ овезон аст. Муродов гуфт, ҳар дафъа ҳангоми гузаштан аз ин роҳ метарсад ва ба ин фикр меравад, ки мабодо фалокате рух надиҳад.
“Воқеан, хатарнок аст. Ягон фалокат шуданаш мумкин аст. Одам метарсад. Ба фикрам, набояд ин хел гузошта шавад. Бояд пешгирӣ карда шавад”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бино ба иттилои хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ки аз кору вазъи борбардорҳо назорат мебарад, ҳоло дар сохтмонҳои пойтахт беш аз 100 кран фаъол аст. Мақомот мегӯянд, ин борбардорҳо набояд ба атроф ва сокинон хатар эҷод кунанд.
Фарҳод Холназарзода, як масъули хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, рӯзи 26-уми июн гуфт, барои ворид кардан ва насби кранҳо, ки асосан истеҳсоли Чин ҳастанд, масъулони сохтмонҳо иҷозаи махсус мегиранд.
“Тибқи қоидаҳои сохт ва бехатарии иншооти бобардор, махсус кранҳо, бояд таҷҳизоти даврзананда дар болои роҳ фаъолият накунанд. Аммо азбаски имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе аксарияти биноҳо дар шафати роҳҳо ба назар гирифта шудааст, кранҳо дар наздикии роҳҳои мошингард васл карда мешавад”, -- шарҳ дод ӯ.
Мақомот мегӯянд, то шурӯи кор, кранҳои борбардор аз 3 навъи ташхис мегузаранд. Санҷишҳо дар сохтмон ва хусусан фаъолияти борбардорҳо ҳамчанд мавриди риоят нашудани қоидаҳои бехатариро ошкор карда, масъулони сохтмонҳо барои риоят нашудани ин қоидаҳо ҷарима шудаанд.
Фарҳод Холназарзода гуфт: “Крани маноравӣ сари вақт аз муоинаи техникӣ гузаронида намешавад ва дар феҳристи давлатӣ ҳамчун иншооти истеҳсоли хатарнок сабт намешавад.”
Идоракунандаҳои кранҳои борбардор ҳам тибқи қоида бояд ҳар сол аз санҷиш гузаранд. Онҳое, ки дар баландии то 30 метр кранҳоро идора мекунанд, мегӯянд, корашон воқеан хеле нозуку пурхатар аст ва хурдтарин иштибоҳ метавонад паёмади сангин дошта бошад.
Аммо Зубайдуллоҳ Мизодавлатов, идоракунандаи крани сохтмонӣ дар яке аз иншооти маркази Душанбе гуфт, “агар тамоми қоидаҳо риоя шавад, мушкиле пеш намеояд”. Зубайдуллоҳ афзуд, ҳар субҳ пеш аз кор борбардоррро аз назар мегузаронанд.
Дар тақрибан як соли ахир 2 ҳодисаи чаппашавии кранҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе сабт шудааст, ки иллати он ҳам шамоли сахт ва ҳолати нодурусти фаннӣ номбар мешавад.
Дар ҳодисаи ахир дар маҳаллаи наздик ба бозори “Корвон” як крани борбардор аз баландии беш аз 30 метр чаппа шуда, ба чанд хона зарар расондааст. Соҳибони бино гуфтанд, ҳодиса тасодуфӣ буд ва онҳо ҷуброни зарарро мепардозанд. Вале бисёриҳо ба куҳнаву корношоям будани крани борбардор, ки истеҳсоли замони Шӯравӣ буд, ишора карданд.
Мақомот мегӯянд, аз сад крани борбардори фаъол дар сохтмонҳои Душанбе тақрибан 5 дарсад боқимонда аз даврони Шӯравианд, ки то кунун мавриди истифода ҳастанд.