Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргардони тоҷик дар Маскав: Фасод намегузорад, ки пешрафт кунем. АКС


Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии синамо дар Маскав филми "Ман меоям"-и коргардони тоҷик Орзумурод Шариповро намоиш медиҳанд. Маросим рӯзи 27-уми июн дар "Хонаи миллатҳо"-и пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд.

Орзумурод Шариповро рӯзи 25-уми июн дар Маскав замоне пайдо кардем, ки охирин корҳои марбут ба таҳияи зернависи филмро ба забони русӣ анҷом медод. Филм бо забони тоҷикӣ таҳия шуда, ба тамошобинон дар Русия бо "субтитр"-ҳои англисӣ ва русӣ намоиш дода мешавад.

Филмро бар асоси саргузаштҳои воқеии ҷомеашиноси рус Галина Радионова дар водии Зарафшон ба навор гирифтаанд. Бо кумаки Радионова мушкили инзивои иртибототии як деҳа бо марказ дар остонаи зимистони сард ҳал мешавад.

Коргардон Орзумурод Шарипов
Коргардон Орзумурод Шарипов

Коргардони 60-солаи тоҷик, ки соли 1996 паёмадҳои ҷанги шаҳрвандиро дар зиндагии кӯдакони тоҷик тавассути филми “Кӯдакони ҷанг” (“Дети войны”) ба навор гирифтааст, ин навбат низ қаҳрамонҳои асосии филми худро аз ҳисоби хурдсолони деҳаҳои Панҷакент интихоб кард. Коргардон гуфт, ба ҷуз аз нақши раиси шаҳр, ки насиби Аловуддин Абдуллоев шудааст, дигар ҳама бозигарони филм афроди ғайриҳирфаӣ ва аз ҳисоби сокинони ҷамоати Рӯдакӣ ва деҳоти дигари Панҷакент мебошанд.

Филм дар бораи нодида гирифта шудани мушкили иҷтимоии мардуми деҳот аз ҷониби бархе аз мансабдорон баҳс мекунад.

Орзумурод Шарипов сужаи филмро мухтасар чунин нақл кард: "Сел меояд ва як пулро, ки пайвандаги деҳа бо марказ буд, мебарад. Онҳо дар инзиво ва дар торикӣ мемонанд. Як нафар омода мешавад, ки барои кумакхоҳӣ ба марказ равад. Ба чанд мақомдори сатҳи боло муроҷаит мекунад, вале кор ҳал намешавад. Ҳар мақомдор “ҳал мекунем” ё “пул нест” гуфта, ба ин мушкил таваҷҷӯҳ намекунад. Ба кумаки деҳотиҳо як пирамарде мешитобад ва мегӯяд, подобонеро медонад, ки рамаи раисро нигоҳубин мекунад. Бо ёрии онҳо бачаи овозхони деҳ дар тӯйи раис баромад карда, бо ҳамин васила масъалаи деҳ ҳал мешавад."

Коргардони тоҷик мегӯяд, тамоми ҷараёни наворгирӣ бе мушкил гузашт, вале масъалае, ки дар ҷараёни кор пайдо ва ниҳоят ҳал шуд, "худдории волидон аз иштироки духтарони ноболиғашон дар ҳунарнамоӣ буд".

"Бархе аз волидон фикри бад мекарданд ва намехостанд, ки духтаронашон актёрӣ кунанд. Билохира ин масъала ҳам аз роҳи сӯҳбату фаҳмондадиҳӣ ҳалли худро пайдо кард", -- гуфт коргардон.

Филм 38 дақиқа тӯл дошта, ба қавли Орзумурод Шарипов, бо харҷи тахминан 5 ҳазор доллар бардошта шудааст. Маблағи филмро Галина Радионова додааст, ки аз соли 2000 то 2005-ум дар минтақаи Зарафшон дар як барномаи обгузаронӣ кор кардааст. Ин зан аз овозхонии кӯдаки деҳотие, ки бар матни Рӯдакӣ мехонд, ба фарҳанги маҳаллӣ ошиқ шуда, тасмим гирифтааст, ба онҳо кумак кунад.

Саҳнаҳои филм дар деҳаи Ғусари Панҷакент ва ноҳияи Варзоб ба навор гирифта шудааст. Ба наворгирии филм ду ҳафта тӯл кашид ва боқӣ фурсат барои танзиму таҳияи пурраи он равона шуд.

Коргардон мегӯяд, дар ин филм мавзӯи таъмини як деҳаи дурдаст бо нуру роҳро ба воситаи ҳунар ҳал кардааст. “Мақомот бояд ба вазъи деҳот таваҷҷӯҳ кунанд, чунки дар манотиқи дурдаст вазъи мардум воқеан ҳам сангин аст. Модоме, ки барқ нарасид, проблемаи экологӣ сар мешавад, буридани дарахтон сар мешавад. Дар водии Зарафшон зимистон хеле сард аст. Чанд сол пеш сел омада, ба деҳот зарари зиёд расонд”, -- мегӯяд ӯ.

Орзумурод Шарипов хатмкардаи шӯъбаи филмҳои ҳуҷҷатии Мактаби олии синамо дар Маскав аст. Давраи фаъоли эҷодии ӯ ба солҳои баъди 1990-ум рост омад, ки Тоҷикистон даргири ҷанги дохилӣ ва паёмадҳои он буд. Аз ин хотир, мушкилоте ба мисли муҳоҷират, ҷанги шаҳрвандӣ, орзуҳои барбодрафтаи наслҳо аз масоили доғу муҳим дар кори филмсозиаш будааст.

Аз солҳои 1991 то 2016 филмҳои кӯтоҳ ва калонҳаҷми “Решаҳо”, “Хоки ватан”, “Кӯдакони ҷанг”, “Ватани ширин” (ҷоизадори ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҳамроҳ бо наворбардор Георгий Дзалаев бардошта шудааст), “Контейнерҳои зинда”, “Муҳоҷирон”, “11 ҳазор километр роҳ то Ню-Йорк”, “Баҳори орзуҳо” ва “Ин беди баланд”-ро бардоштааст.

Коргардони собиқадор мегӯяд, дар ин шабурӯз рисолати худро ба унвони як ҳунарманд дар он мебинад, ки маҳсули эҷодаш “барои муттаҳид кардани мардум, на барои ҷудо кардан равона шуда бошад”. Ӯ мегӯяд, мушкилоти “мисли фасоду коррупсия ва мансаббозӣ намегузорад, ки пешрафт кунем”. Ӯ мегӯд, аксарият имрӯз дар фикри манфиатҳои шахсӣ ҳастанд, вале ҳадафҳои “обод кардани ватан” гоҳо фаромӯш мешавад. Ин ҳадафро коргардон барои худ муҳим ва вазифаи касбӣ медонад. “Инро ҳама мехоҳад, медонам”, -- гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG