Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки раиси ҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёевро ҳангоми сафараш ба шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканд “фиреб” додаанд.
Мирзиёев рӯзи 1-уми июни имсол дар Оҳангарон як бинои кӯдакистонро кушод ва ба истифода дод. Дар ҳоле ки, ба қавли сокинон, сохтмони кӯдакистон ниҳоӣ нашудааст ва баъдан рафтани презиент дубора дари онро бастаанд.
“Кӯдаконеро, ки ҳангоми сафари президент ҳамчун тарбиятгирандаҳои бочға муаррифӣ карданд, ба “иҷора” гирифта буданд”, -- гуфтааст як ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми июн.
Вай афзудааст: “Намоишкорӣ дар кишвари мо маъмулӣ шудааст. Кӯдакистони “Қалдирғоч” воқеан зебо сохта шудааст, вале ҳанӯз мавриди истифода қарор нагирифтааст. Ин намоиши навбатии мақомоти маҳаллӣ буд. Президент омад ва гӯиё зиндагии хушбахтонаи кӯдаконро дид ва хусранд шуду суханронӣ кард. Ҳама каф кӯфтанд. Вале дар асл ин як намоиш буд, ки бар асоси дурӯғ омода шудааст.”
Як сокини дигари Оҳангарон гуфтаст, вай ба мақомот муроҷиат кард, ки фарзандашро ба кӯдакистон қабул кунад. Дар онҷо гуфтаанд, ки кор баъд аз 1-уми июл оғоз мешавад.
Абдуҳаким Ҳамроев, мудири шуъбаи маълумоти томактабии шаҳри Оҳангарон гуфтааст, кӯдакистон ба сабаби мушкили қубури ташноб кор намекунад.
Дар гузашта низ ҳангоми сафарҳо раиси ҷумҳури Узбекистон ба чанд минтақаи он кишвар ҳолатҳои намоишкории мақомоти маҳаллӣ ошкор шудааст. Чанде пештар сокинони як минтақаи Узбекистон аз он шикоят карданд, ки ҳангоми сафари президент ба онҳо хона доданд. Вале баъд аз рафтанаш кашида гирифтанд. Ҳарчанд баъдан мақомот ингуна сарусадоро рад карданд.