Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ дар шимоли Афғонистон. Хатари ҷиддӣ ё хусаи таблиғотӣ?


Пас аз чандин ҳушдори мақомоти Русия дар бораи афзоиши нуфузи ДИИШ дар Афғонистон, як намояндаи баландпояи Амрико низ дар ин бора изҳорот дод. Ин дар ҳолест, ки таъкиди русҳо ба қазия бештар таблиғоте барои таҳкими ҷойгоҳи худ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Генерал Франк Маккензӣ, ки ситоди марказии нерӯҳои Амрикоро раҳбарӣ мекунад, ба хабарнигорон гуфт, ҳузури гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар Афғонистон боис ба нигаронии ҷиддист. Манзури ӯ эҳтимоли ҳамлаи ДИИШ ба нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон аст. Ҳарчанд ин изҳорот аз баёнияҳои мақомоти рус фарқ мекунад, дар маҷмӯъ шинохти он аст, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон барои амрикоиҳо низ хатар дониста шудааст.

Азизи Бориз, таҳлилгари муқими Бритониё, мегӯяд, Амрико дар гузашта созмони тундрави “Ал-Қоида”-ро дар Афғонистон шикаст дод ва “манфиатдор нест, ки гурӯҳи монанд ба “Ал-қоида” дар ин кишвар ҷойи по дуруст кунад.

"Амрико дар ин кишвар пойгоҳ дорад ва талош дорад, Толибонро бо ҳукумат оштӣ диҳад. Қувват гирифтани ДИИШ ба манфиатҳои Амрико халал эҷод мекунад," -- гуфт ӯ.

Ҳоло дар баробари ҳукумати Афғонистон гурӯҳи Толибон низ бо ДИИШ даргир аст. "Толибон агар сари қудрат биоянд ва ДИИШ дар Афғонистон қувват гирад, гурӯҳҳои норозӣ аз баданаи Толибон метавонанд бо онҳо бипайванданд, ки ин хатарро бештар мекунад. Яъне, ҳоло роҳ ин аст, ки иҷозаи қавӣ шудани ин гурӯҳи тундрав дар Афғонистон дода нашавад", -- мегӯяд коршинос.

Русия теъдоди аъзои ин гурӯҳро 6 ҳазор нафар “ҳисоб” мекунад, Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор, мақомҳои худи Афғонистон омори гуногунеро дар миён меоранд. Бархе аз таҳлилгарон ин арқомро "воҳима" медонанд. Ҳамзамон ин гурӯҳ масъулияти бархе аз инфиҷорҳои мудҳишро дар Афғонистон ба дӯш мегирад, наворҳое аз ҳузураш дар марзи Тоҷикистонро нашр мекунад, вале то кунун ҳеҷ далели убури хоки кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷониби ин гурӯҳ сабт нашудааст.

Амирулло Амирхел, фармондеҳи собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ин гурӯҳ дар ҳоли табдил шудан ба як хатари бузург аст.

Ин фармондеҳ, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардааст ва аз Русия шинохт дорад, гуфт, Русия воқеан аз ин гурӯҳ нигарон аст.

Ӯ ба ин назар аст, ки ҳоло кишварҳо шинохти хубе аз ДИИШ дар Афғонистон надоранд ва бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти мақомдорон ин тарсро доранд, ки ин гурӯҳ ба зидди онҳо истифода хоҳад шуд.

"Бо назардошти изҳорот, Русия фикр дорад, ки ин гурӯҳ метавонад марзҳояшро ноамн кунад. Гурӯҳи хатарноке аст ва агар аз сарбозгирии он ҷилавгирӣ нашавад, барои Шарқи Миёна ва ҷаҳон хатарнок аст. Мо ҳамлаҳои ин гурӯҳро дар ҷонамон эҳсос мекунем. Ташвиш аст, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин тундгароӣ рушд кардааст. Дар сурати тақвияти ДИИШ онҳо метавонанд, ба ин бипайванданд, ки хатарро бузургтар мекунад", -- гуфт Амирулло Аимрхел.

Гоҳ-гоҳ дар изҳороти сиёсатмадорони рус ва эронӣ назарҳое садо медиҳанд, ки гӯиё ба ин гурӯҳ Амрико кумак мекунад. Азизи Бориз мегӯяд, то кунун ҳеҷ далели пуштибонии кадом кишваре аз ин гурӯҳ рӯйи даст нест. Аз ин рӯ, ин изҳорот танҳо муборизаҳои сиёсие беш унвон намешаванд.

Алексей Малашенко, таҳлилгари рус назари комилан дигар дорад. Ӯ мегӯяд, вуҷуди ин гурӯҳ дар Афғонистонро наметавон инкор кард, вале онро дар ояндаи наздик таҳдиди бузург ҷилва додан мантиқӣ нест.

Ӯ гуфт, гурӯҳҳои хурди ДИИШ ҳатто тавони муқобилият бо гурӯҳи Толибонро надоранд.

Малашенко афзуд: "На ба Русия, на ба Осиёи Миёна ин гурӯҳ дар шароити феълӣ хатар надорад. Чун ҳоло ин ба як гурӯҳи мусаллаҳи мутамаркиз табдил наёфтааст. Ба вазъияти сиёсӣ ҳеҷ таъсир надорад. Нақши онро барҷаста нишон медиҳанд. Аммо ҳеҷ шонс надорад, на дар Осиёи Миёна ва на Русия."

Ин коршинос хатари гурӯҳ дар хоки Афғонистонро рад намекунад, вале мегӯяд, "Русия бо бузург нишон додани ин гурӯҳ кишварҳои Осиёи Миёнаро тарс медиҳад".

Гурӯҳи тундрави ДИИШ соли 2017 дар хоки Сурия ва Ироқ хилофати худхондаи худро аз даст дод. Ҳоло мақомҳои бисёре аз кишварҳои минтақа ва ғарб бар инанд, ки гурӯҳи мамнуи “Давлати исломӣ” аз вазъи ноороми Афғонистон сӯистифода карда, ин кишварро ба як пойгоҳи нави худ табдил медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафареро боздошт кардаанд, ки қасди пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистонро доштанд. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, тақрибан ҳар моҳ хабари боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи тундрави ДИИШ дастрас мекунанд.

Макони фаъолияти ин гурӯҳро бештар шимоли Афғонистон медонанд. Саид Ҷаҳонгир Каромат, ки то чанд моҳ пеш дар мақоми пулис дар вилояти Тахор ва Бадахшон кор кардааст, мегӯяд, борҳо бархӯрди ҷудогона бо аъзоёни ДИИШ сурат гирифтааст.

“Инҳо амалҳои хурд баргузор мекунанд ва талоши аз худ кардани минтақаеро надоранд. Мо бо гурӯҳҳои хурди он даргир мешудем. Шумораи бисёр надидаам, вале гоҳ-гоҳ ҳамла мекарданд,”-гуфт ӯ.

Ин корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, шояд талоши ғасби минтақаеро накардан ба он рабт дошта бошад, ки ин гурӯҳ ҳанӯз мехоҳад, неруи бештаре ҷалб кунад ва то он замон аз ҳамлаҳои ҷиддӣ худро ҳифз кунад.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҷойи по доштан ё надоштани ДИИШ дар Афғонистон суолбарангез буда, ҳузури ин гурӯҳ дар Афғонистон норӯшан аст.

“Бубинед, ки шумо масъаларо дар қиёс ба Ховари Миёна баррасӣ кунед, ба ин натиҷа мерасед. Вақте дар Ховари Миёна ДИИШ аз ҳузураш хабар дод, минтақаҳоеро ғасб кард ва як “хилофат” эълон кард. Чеҳраҳои мушахасе дар ин хилофати худхонда мансаб доштанд. Дар Афғонистон чанд сол боз аз ҷабҳаи нав боз карданаш хабар медиҳанд, вале ҳеҷ талоше мисли Ховари Миёна дида намешавад. Ба ин хотир норӯшан аст ва қазовати хосе наметавон кард”-гуфт, ин таҳлилгар.

Таҳлилгарони дигар мегӯянд, пас аз шикаст дар Ховари Миёна ин гурӯҳ шеваи амали худро тағйир додааст ва феълан дар пайи тасарруфи ҳудуде нест. Чун, ба гуфтаи Сиёвуш Рафиев, як омӯзгори тоҷик, ҳудуди муайянеро дар даст доштан ҳамлаҳоро болои худ ҷалб кардан аст.

“Инро ин гурӯҳ таҷриба кард. Ҳоло ба назар мерасад, ки дар Афғонистон ҷойи по дуруст мекунад ва он ҷо бештар бо мағзшӯи машғул аст. Аз ин ҷо барои инфиҷорҳо ба кишварҳои хос сарбоз омода мекунад. Ба ҳар ҳол, стратегияи кунуниаш чунин ба назар мерасад”,-гуфт ӯ.

Аввали имсол Амрико аз озод кардани охирин минтақа аз дасти ДИИШ дар хоки Сурия ва Ироқ хабар дод. Пас аз ин, Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ин гурӯҳи тундрав, ки дар бораи кушта шуданаш хабарҳо нашр шуда буд, дар навори видеоие ҳузур пайдо кард ва аз омодагиҳо барои ҳамлаҳои бештар хабар дод.

Ҳоло аз фаъол шудани ин гурӯҳ бештар Тоҷикистон нигарон аст, чун вақте он дар Ховари миёна ҷойи по пайдо карда буд, беш аз ду ҳазор тоҷикистонӣ барои пайвастан ба ин гурӯҳ ба он ҷо рафтанд. Ҳоло дар ҷое аз ҳузури ӯ сӯҳбат мешавад, ки Тоҷикистон бо он марзе баробар бо 1400 километр дорад. Ин марзро низ танҳо як рӯдхона ҷудо мекунад.

XS
SM
MD
LG