Зиёев расман ба "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ", "сохтакорӣ" ва "сӯиистифодаи ваколат" муттаҳам аст. То кунун вакили мудофеи ӯ дар бораи қазияи нафари зери ҳимояташ изҳори назар накардааст. Маълум нест, худи Зиёев бо ин иттиҳом розист ё рад мекунад.
Вале мақомот моҳи феврали имсол хабар дода буданд, ки Ҷамшед Зиёев ба маблағи беш аз даҳ миллион доллар амволашро дар ихтиёри бонк гузоштааст. Мақомот мегӯянд, вай дар замони раёсати худ ин миқдор пулро бо номи худ ва пайвандонаш аз бонк гирифтааст.
Баъзе аз наздиконаш гуфтанд, бовар доштан, бо пардохти зарар ӯ аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Масъулони Додгоҳи Синои шаҳри Душанбе низ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вакили мудофеи Ҷамшед Зиёев дархости озодии ӯро кардааст, вале додгоҳ ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст.
Хайрулло Валиев, яке аз наздикони Ҷамшед Зиёев, рӯзи 21-уми июн гуфт, бо ҷуброни зарар умедворанд, ки бонкири собиқ зудтар озод мешавад. “Мо умеди озодиашро дорем. Бемор аст ва ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Дар қонун ҳам ҳаст, ки зарар пардохт шавад, зиндонӣ намешавад. Худаш ҳам қариб ду сол дар боздоштгоҳ аст. Лекин аз рафти мурофиа боварамон ба озодиаш бештар шудааст. Додгоҳ чӣ ҳукм мебарорад, намедонем”, -- афзуд ӯ.
"Тоҷпромбонк" соли 2015 ба буҳрон дучор шуд ва соли 2017 муфлис эълон гардид ва садҳо муштариаш то ба ҳол натавонистаанд амонатҳои худро бозпас бигиранд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, бо талоши муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон раиси боздоштшудаи "Тоҷпромбонк" қарз ва маблағҳои, ба қавли ӯ, тасарруфкардаи худро дар шакли амвол баргардондааст. Ӯ гуфт, "ҳоло вазифаи бонк, аз ҷумла мудирияти муваққати "Тоҷпромбонк" аст, ки амволро ба музояда гузошта, фурӯшанд ва амонати муштариёнро бидиҳанд".
Масъалаи ба муштариён додани молу мулк ба ҷойи пули нақд низ, ба қавли Нурмуҳаммадзода, матраҳ аст.
Бо гузашти беш аз шаш моҳ аз ин сӯҳбати раиси Бонки Миллӣ ҳанӯз мушкили муштариёни ин бонк бетағйир мондааст.
Исмоил Ватанов, як муштарии бонк, рӯзи 20-уми июн гуфт, ҳафтае пеш бо муштариёни дигар, ки бонк амонташонро ҳанӯз надодааст, ба додгоҳи Сино рафтанд.
“Гуфтем, ки мехоҳем дар мурофиа иштирок кунем, то масъалаи амонатҳоямонро фаҳмем. Саволи мо ин буд, ки дар ин мурофиа роҳи зудтар баргардонидани амонатҳои мо баҳс мешавад ва ё не. Аввал гуфтанд, ки мурофиа пӯшида аст, мумкин нест. Дертар гуфтанд, масъалаи шумо баррасӣ намешавад ва шумо дар парванда на шоҳид ҳастед ва на ҷабрдида”, -- гуфт Ватанов.
"Тоҷпромбонк" дар ҳоли ҳозир аз муштариёнаш 56 миллион сомонӣ ва аз Вазорати молияву бонки Миллӣ беш аз 100 миллион сомонӣ қарздор аст.
Дастикам дар чаҳор соли охир чаҳор бонки Тоҷикистон дучори буҳрон шуда, дар ин муддат – "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" – аз саҳнаи молии кишвар берун шуданд.
Ду бонки азими кишвар – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" – ҳанӯз бо буҳрон дасту панҷа нарм мекунанд. Вале рӯшан нест, ин бонкҳо ба зудӣ ба пойи худ рост меистанду ба корашон идома медиҳанд ё саҳмияҳои худро ба хориҷиҳо мефурӯшанд ваё муфлис эълон мешаванд.