Умеди Душанбе барои баҳрабардорӣ аз ин бандар солҳои зиёд аст, ки матраҳ мешавад ва дар сафари ахири раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон (рӯзи 15-уми июн) низ дар ин бора сӯҳбат шудааст.
Бандари Чобаҳор дар ҳудуди вилояти Сиистону Балуҷистон ва дар соҳилҳои Халиҷи Умон ҷойгир аст. Ҳангоми ҷорӣ кардани таҳримҳо болои баъзе аз бахшҳои иқтисоди Эрон дар тирамоҳи соли 2018, маъмурияти Доналд Трамп Чобаҳорро аз ин таҳримҳо озод кард.
Ба қавли коршиносон, бандари Чобаҳор метавонад роҳи арзони интиқоли бор барои Тоҷикистон шавад. Вале мушкиле, ки дар ин замина мондааст, убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди Туркманистон аст, то худро ба Эрон бирасонанд.
Ишқобод аз моҳи августи соли гузашта ду дафъа бо тасмимҳои якҷонибааш пеши роҳи мошину қаторҳои борбари Тоҷикистонро гирифт ва то ҳол роҳи ин кишвар барои борҳои Тоҷикистон бастааст. Баъди ин баъзе ширкатҳо масирро тағйир дода, борҳои худро тавассути Қазоқистон ва баҳри Хазар то Озарбойҷон ва бархе дигар тавассути Афғонистон то ба Эрон ба роҳ монданд.
Ронандаҳо мегӯянд, роҳ тавассути Қазоқистон дар муқоиса ба Туркманистон хеле тӯлониву серхарҷ аст ва роҳи Афғонистон – пурхатар. Парвиз Шарипов, раиси ширкати интиқолдиҳандаи бор – Global – дар Душанбе аст. Мошинҳои ширкати ӯ маъмулан ба хориҷа алюминий ва пахтаи хом интиқол медиҳанд.
Ӯ рӯзи 21-уми июн гуфт, баъди баста шудани роҳҳо тавассути Туркманистон ҳаҷми интиқоли борҳо камтар ва арзиши он аз ҳисоби тӯлонитар шудани роҳ беш аз ду баробар гарон шуд.
"Агар тавассути Туркманистон роҳ то Эрон 1500 километр ва харҷаш 2 ҳазор доллар буд, ҳоло интиқоли бор аз роҳи Узбекистон-Қазоқистон-Озарбойҷон то Эрон 5-6 ҳазор километр ва 4500 доллар мешавад. Вазнинӣ ба дӯши муштарӣ меафтад. Илова ба ин, агар мошинҳои мо моҳе як бор ба сафар мерафтанд, ҳоло дар ним сол як бор мераванд",- шарҳ дод ӯ.
Як мутахассиси соҳаи нақлиёт дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, истифода аз бандари Чобаҳор дар доираи созишномаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон сурат хоҳад гирифт ва ҳоло сохтмони истгоҳҳо ҷараён дорад. Арзиши тарҳи сохтмони истгоҳҳо барои Тоҷикистон нашр намешавад.
Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, корҳои сохтмони истгоҳҳои вижа барои мошинҳои борбари Тоҷикистон "дар чаҳор марҳила анҷом мешавад" ва "ҳоло босуръат ҷараён дорад". Ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд "истгоҳҳо дар солҳои наздик ба истифода дода мешаванд".
Вай гуфт, "агар бихоҳем, ки аз роҳҳои Туркманистон убур накунем, пас, бояд тавассути Тирмиз ё Кундуз ба Мазори Шариф баромада, аз он ҷо ба Андхуй, Ҳирот ва баъд ба Машҳад ва аз он ҷо ба самти чап ба Чобаҳор равем. Ин кӯтоҳтарин роҳ аст, ки ҳудудан 2 ҳазор километр дарозӣ дорад",- афзуд ӯ.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, вақте Туркманистон роҳро барои убури мошину қаторҳои Тоҷикистон баст, Душанбе ба шарикони интиқолдиҳандаи бор истифода аз роҳи алтернативии Машҳаду Ҳирот ва Афғонистонро машварат дод. "Вале аз сабаби набуди амният дар Афғонистон феълан ин роҳро истифода намебарем",-гуфт ӯ.
Алии Маъмурӣ, як коршиноси эронии умури Ховари Миёна мегӯяд, истифода аз бандари Чобаҳор барои пешрафти иқтисод ва тиҷорати хориҷии Тоҷикистон хеле мусоидат хоҳад кард.
Ин таҳлилгар рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "бандари Чобаҳор тавассути Баҳри Умон ба баҳрҳои Араб, Сурх, ба ҷануби Аврупо ва Африқо ва кулли минтақаи ғарбӣ роҳро боз мекунад. Ин роҳ метавонад барои Тоҷикистону дигар ҳамсояҳояш имкониятҳои зиёде фароҳам кунад ва Эрон ҳам аз ин манфиатҳои иқтисодии худро мебинад".
Оқои Маъмурӣ гуфт, роҳ то Чобаҳор "алтернативаи хубе барои Тоҷикистон аст", ки вобастагии онро аз масирҳои маҳдуд бо кишварҳои дигар озод мекунад ва аз назари бароварда кардани манфиатҳои геополитии он кишвар ҳам муҳим аст.
Бандари Чобаҳор як бахши муҳими Долони нақлиётии Шимолу ҷануб аст, ки солҳои 2000-ум аз ҷониби Русия, Ҳинд ва Эрон имзо шуда, ҳоло дар садади анҷомёбист.
Туркманистон, ба қавли вебсайти Atlantic Council метавонист, дар ин тарҳ нақши муҳим бозад, вале "рафтори Туркманистон нисбат ба ин долон ғайри қобили пешбинӣ" аст. Соли 2017 ҳаҷми борҳои интиқолёфта 27 ҳазор тонна ва соли 2018 – 287 ҳазор тоннаро ташкил дода, пешгӯӣ шудааст, имсол ин нишондод то 600 ҳазор тонна афзоиш меёбад.
Дар сурати аз ин долон истифода кардани Тоҷикистон, як роҳи алтернативӣ, вале нави интиқоли бор ба кишварҳои хориҷӣ боз мешавад. Вале маълум нест, кай амалӣ хоҳад шуд.