Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар соли гузашта 140 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шудаанд, ки тақрибан сад нафари онҳо афроди то 35-сола будаанд. На ҳама вақт онҳо ҷони солим ба дар меоранд.
Сокинон мегӯянд, ба далели гаронии нархи паркҳои обӣ ва ё ҳавзҳои шиноварӣ таваккалӣ дар дарёҳо оббозӣ мекунанд, ки баъзан бо фалокат меанҷомад.
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинон хостаанд, "дар мавсими гармо қоидаҳои бехатарии шиноро риоя кунанд" ва аз волидон хостаанд, ки "кӯдаконро дар соҳили рӯду ҳавзҳо беназорат нагузоранд".
Мустафои 14-сола ҳамроҳ бо дӯстонаш пайваста ба соҳили дарёи Душанбе меравад. Вай хуб медонад, обҳое, ки бо рафиқонаш дар он оббозӣ мекунанд, поку бехатар нест, вале мегӯяд: "Дар наздикии хона ҳавзи шиноварӣ нест. Дар рӯзҳои гарми тобистон маҷбур ба рӯдхона меравем. Дар вақти таътил ҳар ҳафта меравем."
Аксар кӯдакону наврасон ба мисли Мустафо барои оббозӣ ҷойҳои хавфнок ва мамнуъро интихоб мекунанд. Дар "Кӯли ҷавонон"-и пойтахт ҳам дар рӯзҳои гарми тобистон кӯдакону наврасони зиёдеро мешавад дид, ки танҳову бидуни иҷоза ва бе ҳузури волидон аз роҳҳои дур барои оббозӣ омадаанд.
Сокина, яке аз камтарин модароне буд, ки фарзандашро ҳангоми оббозӣ ҳамроҳӣ ва назорат мекард. Вай гуфт: “Омада нигоҳ мекунем, ки ба байни об нараванд, он ҷо хатарнок аст. Бояд назорат карда шаванд.”
Онҳое, ки имконият доранд ва оббозии бехавфро интихоб мекунанд, аз хадамоти ҳавзҳои шиноварии замонавӣ истифода мебаранд. Ҳоло дар Душанбе чандин парки обӣ фаъол аст, ки қимати мухталиф дорад. Ба ҳисоби миёна як нафар дар чунин паркҳо аз 25 то наздики сад сомонӣ харҷ мекунад, ки на ба ҳама дастрас будааст.
Наташа Давлатова, сокини Душанбе, гуфт, қаблан онҳо маҷбур буданд, ҳар бор берун аз шаҳр, ба Варзоб раванд. “Медонед, сафар ба берун аз шаҳр барои оилаи мо гарон меафтад. Зеро онҷо барои ҳавз алоҳида, барои нишастгоҳ ва умуман барои ҳама чиз ҷудогона маблағ пардохт мешавад. Ҳоло ба яке аз ҳавзҳои шиноварии пойтахт меоем, ки дар муқоиса ба осоишгоҳҳои Варзоб арзонтар аст”, -- гуфт ӯ.
Аммо истифода аз чунин шароити оббозӣ дар марказҳои истироҳатӣ барои ҳама фароҳам нест ва баъзе кӯдакону наврасон дар як мавсим як ё ду дафъа ба ин ҳавзу истироҳатгоҳ меоянду бас.
Дар Тоҷикистон бисёре аз рӯдхонаҳо кӯҳӣ ҳастанд ва оби сарду маҷрои тез доранд, ки шиноварӣ дар он сахту хатарнок аст. Азбаски ҳавзҳои оббозӣ на ба ҳама дастрас аст, сокинону наврасон худро ба ҳамин дарёҳои хатарнок мезананд, ки на ҳамеша аз он сиҳат берун омадан имкон дорад.
Ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд.
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, миёни сокинон ва махсусан наврасон барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои нохуш ва риояи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронад. Вале ё ин маъракаҳо на ҳамаро фаро мегирад ва ё на ҳама онро риоя мекунанд. Ва ҳар вақте ки фоҷиа рух дод, ду тараф ангушти иттиҳомро ба сӯи якдигар дароз менамоянд.