Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дипломатияи фаъол"-и Эрон масъалаҳои ҲНИТ ва Занҷониро низ ҳал кард?


Дар Теҳрон рӯзи 17 июн маросими супурдани эътимодномаи сафири нави Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ба раиси ҷумҳурии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шуд.

Ин маросим ду рӯз баъди музокироти президенти Эрон бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор шуд, ки чаҳор сол баъди ба сардӣ гароидани равобити ду кишвар имконпазир гардид. Рӯҳонӣ ба сафир гуфт, ки “робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон бояд дар ростои манофеи ду миллат умқ ёбаyд ва бояд аз фарҳанги муштарак байни ду миллат ба унвони пояе барои тавсеа баҳра бурд”.

Рӯҳонӣ инчунин гуфтааст, ки Теҳрон омодааст бо Душанбе дар ҳама заминаҳо ҳамкорӣ кунад.Дар нишасти Душанбе, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, рушди равобит бо Эрон "иродаи ҳукумати Тоҷикистон аст". Низомиддин Зоҳидӣ ҳам дар дидори Теҳрон гуфтааст, ки "таҳким ва тавсеаи муносибатҳо байни Эрон ва Тоҷикистон аҳамияти асосӣ дорад ва сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Душанбе фасли навине аз муносибатҳои ду кишвари дӯст ва бародар аст”.

Бозгашт ба муносибатҳои дӯстона ва тафоҳум байни Тоҷикистон ва Эрон шореҳон ва коршиносонро водор кардааст, то заминаҳои чунин гардишро ҷустуҷӯ кунанд. Ишораи он ки дар байни ду кишвар ягон масъалаи ҳалношуда намондааст, дафъатан пурсишеро халқ мекунад, ки пас оё масоили калидии мавриди баҳси ҷонибҳо – қазияи сарватманди эронӣ Бобаки Занҷониву нопадидшавии зиёда аз 2 миллиард доллар пули нафти Эрон ва муносибати Эрон ба Ҳизби акнун дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ низ ҳал шудаанд?

“Зоҳиран, бо вуҷуди дубора ба самти ҳамдигар майл кардани раҳбарон, масоиле дар равобити ду ҷониб ҳастанд, ки нороҳаткунандаанд ва намегузоранд, ки ҳама чиз шаффоф ва рӯшан бошад”, -- гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ин коршинос афзуд, танҳо аз ҳузури мақомдорони ду кишвар дар музокироти ду президент тахмин задан мумкин аст, ки сӯҳбатҳои Душанбе роҷеъ ба чӣ буд. Аз ҷониби Эрон дар ин нишаст вазири хориҷа, раиси дафтари раиси ҷумҳурӣ ва сафири Эрон дар Тоҷикистон ва аз тарафи Тоҷикистон – раиси КДАМ, вазири умури хориҷӣ, вазири молия, вазирони нақлиёт ва обу энержӣ иштирок карданд.

Як манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон дар баробари дархости хатми пуштибонии Эрон аз ҲНИТ хостори ин шудааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар қаламрави худ ба аъзои ин созмон сарпаноҳ надиҳад. Вале тасдиқ ё инкори ин хабар тавассути манобеи ҳукуматӣ ва огоҳ аз ҷараёни музокирот даст надод. Танҳо рӯзи 16 июн вебсайти Тасним дар арзёбии сафари Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон чанд нуктаро таъкид кард. Ин расона гуфт, ки дидори ду президент “бо хоҳиши ду ҷониб анҷом шуд”, дар остонаи сафари Рӯҳонӣ “аз матни вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҷумлаи ин ки Эрон ҲНИТ-ро террористӣ эътироф мекунад, ҳазф шуд” ва “Рӯҳонӣ дар зиёфати шоми 14 июн бо дигар президентони меҳмон ширкат накард, шояд ҳам далелаш он буд, ки ҳавопаймояш аз Бишкек ба Душанбе дер расид”.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2015 ҲНИТ-ро масъули ташкили ошӯби нофарҷоми генерал Назарзода номид, ин созмонро дар кишвар мамнӯъ ва террористӣ унвон кард. ҲНИТ ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст. Тоҷикистон баъди мулоқоти пурсарусадои раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ бо раҳбари олии Эрон Саид Алии Хоманеӣ дар ҳошияи конфронси исломии Теҳрон декабри он сол, робитаҳояшро бо Эрон хеле маҳдуд кард ва ин кишварро дар пуштибони ҲНИТ ва ташкили кушторҳои рӯшанфикрони тоҷик дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон айбдор намуд. Эрон ин иттиҳомротро бепоя хонд ва рад кард.

Саидюнуси Истаравшанӣ, як донишманди тоҷики муқими хориҷа мегӯяд, бо ин ки мӯҳтавои аслии сӯҳбатҳои Рӯҳониву Раҳмон барои ҷомеа номаълум боқӣ мемонад, яке аз дархостҳои Тоҷикистон ин буда метавонад, ки “шумо даст аз ҳимояти ҲНИТ бардоред”. Ба қавли ин коршинос, посухи Рӯҳонӣ метавонад ин бошад, ки «баьд аз ҳаводиси сентябри 2015 ҳимояте накардаем ва аъзои ин ҳизб дар қаламрави Эрон ҳузур надоранд”.

Ва аммо сармояҳои Бобаки Занҷонӣ. Весбайти jahanesanat.ir, ки ба идораи саноати нафти Эрон марбут аст, рӯзи 17 июн дар шарҳи мухтасари “Гушоиши равобити Эрон ва Тоҷикистон” мушкили пулҳои нопадидшудаи соҳибкори зиндонӣ Бобаки Занҷониро ба унвони масъалаи матраҳ ва ҳалношуда дар равобити ду кишвар ёд кардааст. Занҷонӣ, замоне як соҳибкори хушноми эронӣ, ки баъдан маълум шуд, талош дошт, барои давр задани таҳримҳои байналмилалӣ, дар бонкҳои Тоҷикистон пул гузошта, чандин тарҳро роҳандозӣ кард, барои 2,5 миллиард доллари нопадидшуда дар додгоҳ посух медиҳад. Ӯро ҳукми қатл додаанд. Ҷониби Эрон иддао дорад, ки ин сармоя маҳз дар Душанбе гум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи дороиҳояш дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст. Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Агар ҳам ин мавзӯъ рӯзи 15 июн дар Душанбе пушти дарҳои бастаи маҷлисгоҳи Қасри миллат матраҳ шуд, феълан маълум нест, ки мавқеи мақомоти тоҷик дар ин масъала чӣ будааст.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ба андешаи ӯ, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Руҳонӣ, ба эҳтимоли зиёд масъалаи пулҳои Занҷонӣ ва Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ баррасӣ шуд ва “танҳо баъди мувофиқат пайдо кардани ҷонибҳо дар ин масъалаҳо, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва роҳу бандарҳои Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”. Вай гуфт, вуҷуди ин масъалаҳо ҳамкориҳои чандсола дар бахшҳои дигарро камранг карда буд.

Бархе дигар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ оддӣ шудани робитаҳои Тоҷикистону Эронро “як амри табиӣ” ва “зарурӣ” мешумонад. Як ҳамсӯҳбат гуфт, ки дар ростои афзоиши таниш дар равобити ИМА ва Эрон, шарикони калидии Тоҷикистону Эрон – Русия ва Чин тасмим гирифтанд Душанбеву Теҳронро “оштӣ доронанд”. “Яъне ба онҳо гуфтанд, ки аз даъвоҳои дуҷонибаи шумо дида, масоили муҳимтар ҳаст, аз даъвоҳоятон гузаред”, гуфт ин коршинос.

Ба андешаи Никита Смагин, як эроншиноси рус, ки бо нашрияи русии “Коммерсант” сӯҳбат кардааст, бароварда нашудани интизороти Тоҷикистон аз ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Саудия – рақиби минтақаии Эрон як сабаби бозбинии мавқеи Душанбе нисбати Теҳрон шуд. Аксар таҳлилгарон мегӯянд, ки Теҳрон дар пешорӯи таҳдидҳои Вашингтон хостори коҳиш додани шумори кишварҳои норозӣ аз сиёсатҳояш мебошад ва ба ҳамин хотир, барои тағйири мавқеаш майл нишон дод. Зимнан, вазири хориҷа Ҷавод Зариф дар поёни сафар ба Тоҷикистон дар твиттераш истилоҳи “дипломатияи фаъол”-и Эронро кор бурд ва гуфтугуҳои Руҳониро "олиҷаноб" номид.

XS
SM
MD
LG