Ёқуб Ғафуров, ки барои қатли Марк Вайл, муассиси театри "Илҳом" дар Тошканд соли 2010 ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст, бо дархости Тоҷикистон барои посух гуфтан барои ҷиноятҳояш дар Тоҷикистон муваққатан ба Душанбе истирдод шуда буд.
Як манбаъ дар Додгоҳи олӣ рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Ёқуб Ғафуров сокини ноҳияи Ваҳдат барои ҷиноятҳояш дар соли 1999 аз ҷумла "гаравгонгирӣ" ва "роҳзанӣ", ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд.
Баррасии парвандаи Ёқуб Ғафуров паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва наздиконаш мегӯянд, аз ҳукми додгоҳ дарак надоранд. Ба гуфтаи наздиконаш, мақомоти расмӣ ба онҳо фақат хабар додаанд, ки Ёқуб Ғафуровро баъди анҷоми муҳокима ба Тошканд интиқол додаанд. Муҳокимаи ӯ ва интиқолаш аввали ҳамин моҳ сурат гирифтааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели имсол хабар дод, ки Ёқуб Ғафуров бо Ҷамшед Абоев бо лақаби "Иван" ва чанд нафари дигар моҳи августи соли 1999, дар маҳаллаи Яккатоли Ваҳдат бо таҳдиди силоҳ аз Юсуфов Шералӣ як мошинеро бо арзиши 16000 доллар тасарруф кардааст.
Муфаттишон ҳамчунин гуфтаанд, ки Ёқуб Ғафуров ҳамроҳи гурӯҳаш чанд сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Ваҳдатро гарав гирифта, барои озодии онҳо аз наздиконашон аз 2 то 6 ҳазор доллар гирифтааст. Номи Ғафуров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо барои ҷиноятҳояш дар Тоҷикистон, балки қатли Марк Вайл коргардони маъруфи театри "Илҳом" дар Тошканд мавриди таваҷҷӯҳ будааст.
Марк Вайли 55-сола, ки бо театри муосири русизабонаш дар Тошканд машҳур буд, шаби 6 ба 7-уми сентябри соли 2007 кушта шуд. Баъди се соли ҳодиса дар додгоҳ се нафар аз ҷумла Ёқуб Ғафуровро бо шаҳрвандони Узбекистон ва Русия ҳозир карданд. Онҳо гуфтаанд, ки намоишномаи "Тақлид ба Қуръон" (“Подражание Корану”), ки аз Вайл ба саҳна гузошт, хушашон наомад ва барои ҳамин ӯро куштанд.
Додгоҳ соли 2010-и худ гуфт, ки Марк Вайл дар даромадгоҳи манзилаш аз зарби корд чанд захм бардошт ва дар бемористон ҷон дод. Нақши шаҳрванди Тоҷикистон Ёқуб Ғафуров калидӣ унвон шуда, шаҳрвандони Узбекистон Алишер Сатторов ва Қаҳрамон Пулотов ин ҷиноятро назорат кардаанд.
Ёқуб Ғафуров ва ҳамроҳонаш гуфтаанд, ки намоишнома "пайғамбари ислом-ро таҳқир мекунад, вале коршиносон ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳодисаро ҳамла ба озодии баён номиданд ва қатли коргардонро маҳкум карданд.