Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи муҳоҷирони боздоштшуда. “Зани ҳомила” нопадид шуд


Ҳомиёни ҳуқуқ шеваи боздошт ва намоиши таҳқиромези акси дунбаи урёни муҳоҷирони тоҷикро, ки дар марги Сергей Чуев, варзишгари рус гумонбар шудаанд, “намунаи бегонаситезӣ, ҷой доштани шиканҷа ва истифодаи туҳмат дар кори мақомоти ин кишвар” медонанд.

Худи мақомот боздоштшудагонро гунаҳкор медонанд, вале аз шарҳи шеваи бархӯрд худдорӣ мекунанд.

Ҳашт муҳоҷири тоҷик бо гумони қатли варзишгари рус боздошт шуданд. Додгоҳ рӯзи 10-уми июн ҳукми то моҳи август дар боздошт мондани шаш нафари онҳоро содир кард. Ду тани дигар, ки ҳеҷ рабте ба ин ҳодиса надоштаанд, ба боздоштгоҳи махсус барои ихроҷ аз Русия интиқол ёфтанд.

"Эҳтимолияти бегуноҳӣ" куҷо шуд?

“Дар чунин ҳолатҳо мақомоти Русия бе ҳукми додгоҳ боздоштшудаҳоро маҳкум мекунанд ва асли эҳтимоли бегуноҳиро зери по мегузоранд”, -- гуфт Светлана Ганнушкина, раҳбари Кумитаи “Гражданское содействие” рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ.

Ин масъули созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия гуфт, ки саҳнаи боздошти муҳоҷиронро “таҳқиромез ва хилофи қонунҳои Русия” медонад: “Боздошт, таҳқир, тӯҳмат, шиканҷа ва таҷовуз ин ба як муқаррароти кори пулис табдил ёфтааст. Ба он хотир чунин шева ба кори муқаррарӣ табдил шудааст, ки дар аксар боздоштҳо онҳо аз ин усул истифода мекунанд.”

Ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Русия ҳамчун қатл арзёбӣ мешавад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, далелҳо нишон медиҳад, ҳодиса танҳо ба марг расонидан аст, на куштори барқасдона.

Светлана Ганнушкина
Светлана Ганнушкина

Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия шаби 7 ба 8-уми июн дар як ноҳияе дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав кушта шуд. Расонаҳо навиштанд, гӯиё ин устоди варзишро муҳоҷирон ба кӯл партофтанд ва ӯ дар зери об нафасгир шудааст. Бархе аз онҳо менависанд, ки Чуев ва як муҳоҷир ҳангоми занозанӣ ба об афтоданд ва латту кӯби ҳамдигарро дар об идома доданд. Ба навиштаи онҳо, муҳоҷир Чуевро мушт зада, аз об баромад ва бо ҳамроҳонаш аз ҷойи воқеа рафт, вале Чуев ғарқ шуд. Матуботи Русия ғолибан бо шеваи маҳкумкунанда ин ҳодисаро бозтоб дод.

"Ба ҷуз ду нафар дигарон бегуноҳанд"

Дар оғоз гуфта мешуд, гӯиё муҳоҷирон як зани ҳомиларо азият додаанд ва Чуев ба ҳимоят аз ӯ бархоста ва бо муҳоҷирон вориди даргирӣ шуд, вале дертар шоҳидон ин фарзияро рад намуданд.

Рустам Аминов, Исроил Азизов, Мирзошавкат Тафалангов, Фаридун Абдуллозода, Неъматҷон Бобоев, Фаридун Сафаров ва Меъроҷиддин Аловиддинзода шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло бо ин айб дар боздошт қарор доранд.

Муҳаммад, як дӯсти муҳоҷирони боздоштшуда, ки ҳодисаро аз наздик пайгирӣ дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз ду нафар дигар боздоштшудаҳо гуноҳе надоранд. Ӯ мегӯяд, муҳоҷирон сархуш буданд ва баланд механдиданд. Чуев ҳангоми гузаштан аз наздашон ба онҳо эрод мегирад ва ин боиси баҳс мешавад.

Ӯ гуфт: “Мирзошавкат Туфалангов наздик меравад, ки варзишгари рус ба рӯяш мушт мезанад. Лабаш ҳоло кафидааст. Ба кумаки Туфалангов Фаридун Абдуллозода мерасад ва варзишгарро, ки мехост ба ҳамла идома диҳад, мезанад. Ӯ ба дохили об меафтад.”

Паёми савтии муҳоҷир пеш аз боздошт

Фирӯз Сафаров, муҳоҷири дигаре, ки ҳоло бо иттиҳоми даст доштан дар қатли варзишгари рус боздошт шудааст, қабл аз боздошт ба Муҳаммад тариқи Вотсапп дар бораи ҳодиса паёми аудиоӣ фиристодааст. Дар ин сӯҳбат Фирӯз маст будани рафиқонашро рад намекунад, вале мегӯяд, ба ҷуз ду нафар каси дигаре дар ин занозанӣ даст надошт. Лаҳзаи сӯҳбат, Фирӯз гумон намекунад, ки боздошт мешавад.

Муҳаммадро ҳолати боздошт ва таҳқири дӯстонаш хашмгин кардааст: “Навори боздошт нашр шуд. Он ҷо агар бубинед, онҳо муқобилият намекунанд. Баъдан дида мешавад, ки шимҳои онҳо дарронда шудааст ва пушташон намоён аст. Махсус чунин таҳқир кардаанд. Агар либосашон медарид, якеро почааш медарид, дигареро куртааш медаррид. Мумкин нест, ки ҳамаро тарафи қафо дарад. Дуруст бинед, бо қайчӣ буридаанд.”

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, муҳоҷирон ҳангоми боздошт муқобилият нишон намедиҳанд, вале ҳангоми аз бино берун шудан пулисе як муҳоҷирро шатта мезанад. Рустам Аминов, ки лаҳзаи боздошт солим нишон дода мешавад, дертар дар наворҳо бо дасти шикаста пайдо мешавад.

"Ин намунаи риоя нашудани қонун аст"

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Валентина Чупик, ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, гунаҳкор ё бегуноҳ будани муҳоҷиронро намедонад, вале лаҳзаи боздошти онҳо шиканҷаи рӯирост ва по гузоштан ба арзишҳои инсонӣ буд. “Ҳуқуқи онҳо нақз шудааст. Лаҳзаи маст будан онҳо пурсида мешаванд, тарҷумону вакили дифоъ надоранд. Шими онҳоро кашидан ва онро навор бардоштан тавҳини рӯирост аст. Вақте инро дидам, даҳшат фароям гирифт. Ин хел тамоман мумкин нест. Ин намунаи риоя нашудани қонун дар баробари муҳоҷирон аст”, -- гуфт ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.

Пулиси Русия ба ғайр аз пахши наворҳои бозпурсии муаддабонаи боздоштшудагон дар шарҳи қазия чизе намегӯяд. Вале боздоштшудаҳо дар назди дурбин гуноҳро ба гардан мегиранд. Маълум нест, наворҳо дар чӣ шароите сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG