Баҳонае, ки ҳамчун сабаби сардии равобит байни Тоҷикистон ва Эрон зикр мешуд, ба ҳизби сиёсие рабт мегирифт, ки тирамоҳи соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ гашт, аммо Эрон раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба конфронсе дар Теҳрон даъват намуд.
Бо гузашти вақт муносибат бо ин кишвар ба ҳадде тира шуд, ки Тоҷикистон вуруди моли истеҳсоли Эронро манъ кард ва ҷумҳурии исломиро расман дар маблағгузории ҲНИТ, як тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва террори чеҳраҳои саршиноси тоҷик айбдор кард. Эрон ва ҲНИТ ин иттиҳомро ҳамвора рад кардаанд.
Ҳоло чӣ омилу таҳаввулоте нақш бозид, ки тарафҳо дубора ба ҳам оғӯш кушоданд, дасти якдигарро фишурданд ва акнун раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ меҳмони Душанбе хоҳад гашт?
Маскав, Пекин ва ё забон ёфтани ҷонибҳо?
Бархе аз коршиносон бар инанд, ки мушкилоти байни ду кишвар ҳанӯз пурра ҳал нашудааст ва бо арзи эҳтиром ба истиқлоли кишвар, аммо ишора ба ҷунбишҳои геополитикӣ, ҳадс мезананд, ки шояд чунин ҳаракат на аз Душанбе, балки аз Маскав ё Пекин сарчашма гирифтааст. Зеро Эрону Тоҷикистон дар меҳваре мечарханд, ки сиёсаташро ин ду қудрати минтақавӣ бунёд гузоштаанд.
Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло, дар паҳно ва ҳамсоягии худ асосгузорони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ихтилофи кишварҳои узв ва ё дӯстро дидан намехоҳанд ва “барои ҳар кадоми ин давлатҳо беҳтар шудани муносибати Эрону Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиаташон аст”.
"Тавре ба назар мерасад, аз охири соли гузашта талошҳо барои беҳбудии муносибатҳои узви кишварҳои СҲШ ба миён омад. Ин дар пасманзари бад шудани муносибати Чину Русия бо кишварҳои Ғарб ба миён омад. Онҳо ба хулосае омаданд, ки сафашонро боз ҳам мустаҳкам кунанд. Ихтилофҳои дохилиро аз миён бояд мебардоштанд. Аз сард гаштани муносибатҳо на Эрон фоида дид ва на Тоҷикистон", -- гуфт Рашид Ғанӣ Абдулло рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ.
Дар ин миён, Эрону Тоҷикистон низ зарур донистанд, ки танишҳоро коҳиш диҳанд. Ду моҳ пеш, Эрону Тоҷикистон сафирҳояшонро иваз карданд. Зоҳиран, қадами аввал ин ҷо аз тарафи Теҳрон буд. Мақомоти Тоҷикистон он гоҳ гуфтанд, ки барои беҳбуди равобит як мушкил боқӣ мондааст. Баъдан Вазорати корҳои хориҷӣ хулосаи ёддошти имзошудаи байни ду кишварро нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, гӯиё "Эрон аз пуштибонии ҲНИТ даст мекашад". Рӯзи 11 июн маълум шуд, ки ин бахши ёддошт бо зикри номи ҲНИТ аз матн пок шудааст, ки пурсишҳоеро ба миён меорад. Дар зимн матни ёддошт дар расонаҳои эронӣ дастрас нашудааст.
Ба ҳар сурат, ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдулло, ҷонибҳо “забон ёфтанд, вагарна ба созиш расиданашон кори содда набуд”.
"Русия дар оштӣ додани Эрону Тоҷикистон ноком буд"
Акнун Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзҳои 14-15-уми июн ба Душанбе меояд. Қарор аст, ӯ дар ҷаласаи 5-уми нишасти сарони кишварҳои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё ширкат кунад. Дар ин нишаст сарони аксар кишварҳои минтақа вазъи амниятиро баррасӣ мекунанд. Аз он пеш, дар Бишкек нишасти СҲШ баргузор мешавад, ки бо эҳтимоли зиёд мавзӯи узвияти Эрон дар он бояд матраҳ шавад.
Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус, ки ин мавзуъро пайгирӣ мекунад, рӯзи 11-уми июн гуфт, "наметавон инро сарфи назар кард, ки Русия талоши ба ҳам овардани ду тарафро анҷом надода бошад". Аммо ӯ низ таъкид мекунад, ки қабл аз ҳама ҷонибҳо майл нишон додаанд.
"Тавре медонам, дар гузашта низ аз ҷониби Русия чунин талошҳо шуда буд, вале ноком буд. Ҳоло фикр мекунам, сабаби муайяни ба ҳам омадани ҷонибҳо ин ба ҷаласаи сарони кишварҳои Шонгҳой, ки бояд дар Бишкек баргузор шавад, рабт дорад. Эҳтимол он ҷо масъалаи узвияти Теҳрон дар ин созмон гузошта шавад. Дар гузашта Тоҷикистон ба ин зид мебаромад, ки мушкили аслии ворид шудани Эрон ба СҲШ буд. Якбора оштӣ шудани ду кишвар бо эҳтимоли зиёд ба ин ҷаласа рабт дорад", -- гуфт Дубнов.
Яъне оштӣ нашуда, аз узвияти Эрон ҳимоят кардан, ба камияш "ғайридипломатӣ" намудор мегашт.
Вақте, ки Эрон аз Ғарб ноумед шуд...
Вале Абдуғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари тоҷик масъаларо аз зовияи дигар мебинад. Ин коршинос мегӯяд, Эрон барои беҳбуди вазъ бо Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали танишҳо талоши ҷиддӣ накард, чун он замон "тамъи пирӯзӣ дар созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳониро мечашид". Талош барои ба даст овардани созиш бо Амрико, Фаронса ва Олмон таваҷҷӯҳи Эрон ба кишварҳои минтақаро камранг карда буд. Ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ, ба гуфтаи Маҳмадазимов, баръакси Аҳмадинажод рафтор кард. Аҳмадинажод бештар ба кишварҳои минтақа такя карда буд, вале Ҳасан Рӯҳонӣ сиёсаташро дар созиш бо Ғарб дид. Сиёсате, ки дар соли 2018 бо берун шудани Амрико аз ин созиш ба як деворе расид.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиноси тоҷик, Эрон як зарра ноумед шуд ва дубора ба пайвастан ба созмони ҳамкориҳои Шонгҳой талош дорад. Созмоне, ки эҳтимол ин кишварро аз ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ҳифз кунад. Аммо бидуни ризоияти Тоҷикистон, ки ҳаққи райъ барои пазируфтани аъзои навро дорад ва бо як овози зид метавонад, ин хостаи Эрон номумкин кунад, узвияти Эрон ҷомаи амал нахоҳад пӯшид.
“Дар ин ҷо дар аввал худи ду кишвар ирода нишон доданд. Дигар кишварҳо мусоидат карданд. Ба ҳар ҳол, ба барномаҳои иқтисодии ин кишвар ниёз ҳаст. Хулоса, ҳарду кишвар манфиатдор буданд, ки ба ҳам биоянд. Дар ин наздикшавӣ як нуктаи нав аст. Амрико артиши худро аз Афғонистон берун мекунад. Агар Эрон ба СҲШ пайвандад, онҳо дар масъалаи Афғонистон ба як хулоса меоянд. Ин имконият медиҳад, ки вазъи Афғонистон муътадил шавад. Масъаларо хеле васеъ мебинам. Сеюмин кушиши ба эътидол овардани вазъи Афғонистон мешавад. Ин ҷо масъалаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ночиз аст. Масъала фаротар аз ин аст,”-гуфт Маҳмадазимов.
"Эрон душмани дӯстро душман бояд донад"
Як дипломати тоҷик, ки аз ҷараёни гуфтугуҳои ду ҷониб огоҳ ҳаст, мегӯяд, “сигнал”-и созиш бо Тоҷикистонро нахуст Эрон фиристод ва Тоҷикистон ҳам зуд майл нишон дод. Ин дипломати тоҷик мегӯяд, дар сатҳи аввали раҳбарони ду кишвар чӣ гузашт ва ба онҳо аз кадом кишвар чӣ паёме доданд, вале дар музокироту сӯҳбатҳои дуҷониб ҳарфе аз кишвари сеюм набуд.
“Инро мо як пирӯзии дипломатияи ҳарду тараф медонем. Ҳар ду кишвар нафарони баландмақомро дар кишварҳои ҳамдигар сафир таъин карданд. Ин худаш як паём буд, ки мо ба ҳамдигар эҳтиром дорем. Дигар дипломатҳо зуд ба ҳам забон ёфтанд ва сафари вазири корҳои хориҷиро фароҳам сохтанд, ки заминаи даъвати Рӯҳониро фароҳам сохт,”- гуфт ин дипломати тоҷик.
Тошмат Назиров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Эрон, ки аз соли 1995 то 2001 дар ин кишвар кор кардааст, мегӯяд, ҳарду кишвар ба муносибати хуб манфитадоранд. Ӯ афзуд, дар ҳама давр хоҳиши Тоҷикистон аз Эрон ин аст, ки вақте даъвои дӯстӣ доранд, бояд “душманони дӯсти худро низ душман бидонад”.
“Мо кишвари мустақил ҳастем, сиёсати худро дорем. Мо қонуну қоидаҳои худро дорем ва ҳар касе бо мо дӯстӣ мекунад, инро бояд эътироф кунад. Вақте дӯстро эътироф накунӣ, дӯстӣ намешавад. Вақте дар хонаи дӯст меҳмон мешавӣ, одоби меҳмон буданро бояд риоя кунӣ. Ҳуқуқҳои дӯстро бояд эътироф кард. Мисле, ки ду инсон муносибати дӯстӣ доранд, муносибати давлатҳо ҳам дар ҳамин замина ҳаст.”-гуфт, дипломати собиқдор.
Аммо бо ин ҳама, ин дипломати тоҷик мегӯяд, танишу нофаҳмиҳо миёни Эрону Тоҷикистон ҳамеша муваққатист ва ин ду кишвар мисли бародарони ранҷида зуд ба ҳам меоянд. Лек оё Тоҷикистон бо Саудӣ, Амрико ва Исроил, ки душмани дӯсти азнавёфтааш мебошанд, поси дӯстиро хоҳад дошт ё на, вақт нишон медиҳад.