Ин овозхони фаъол ва аз баҳсбарангезтарин чеҳраҳо дар "Инстаграм"-и тоҷикӣ ҳоло тамоми талошашро ба он равона кардааст, ки теъдоди аъзоёни сафҳааш дар "Инстаграм"-ро ба беш аз миллион нафар расонад.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, Фирӯза роҷеъ ба мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла аҳамияти "Инстаграм" дар зиндагии худ, ҳавлии нимасохтааш дар Душанбе ва баҳсу дағалгуфториаш бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт.
Фирӯза Ҳафизова: "Инстаграм" ҳоло як сафҳаи маъруф дар ҷаҳон аст ва тамоми мардуми дунё ҳам соҳибкору ҳам овозхон, афроди машҳур аз ин сафҳа истифода мебаранд. Ман мехоҳам, ки сафҳаамро маъруф ва шумораи корбарони онро ба миллион нафар расонам. Ҳоло сафҳаи ман 281 ҳазор аъзо дорад.
Радиои Озодӣ: Афзоиши шумори дӯстон ё аъзоёни сафҳа барои шумо чӣ медиҳад? Даромади бештар хоҳед гирифт аз он?
Фирӯза Ҳафизова: Албатта. Ман дар сафҳаи "Инстаграм" ҳар аксе мегузарам, барои ман як рекламаи хуб аст, боз ҳар рекламае, ки ман дар ин сафҳа мегузорам, маблағ меистад. Ман аз сафҳаи "Инстаграм"-и худ фоидаи хуб мебинам. Масалан, ҳар касе, ки мехоҳад дар "история" ё рӯйи сафҳаи ман моли худро тарғиб кунад, албатта маблағ пардохт мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар ин сафҳа ман ба афроди ниёзманду паршикаста кӯмак мекунам.
Радиои Озодӣ: Агар махфӣ набошад, тарғиби як мол ё маҳсулот дар сафҳаи Шумо чӣ қадар арзиш дорад ва дар маҷмӯъ даромадатон аз ин сафҳа чанд аст?
Фирӯза Ҳафизова: Ростӣ гап, ман кам ё беш намегӯям. Як маблағи миёна аст. Баъзан 3 ҳазор сомонӣ, баъзан 5 ҳазор. Масалан, ҳар маводи таблиғие, ки дар "история" барои 24 соат мегузорам, як рӯзаш аз 500 сомонӣ сар мешавад.
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед ба афроди ниёзманд ҳам тариқи ин сафҳа кӯмак мерасонед. Чунин муроҷиатҳо зиёданд?
Фирӯза Ҳафизова: Бале, хеле зиёд аст муроҷиат. Ман худам ҳам вақте мебинам як нафар бемору камбизоат асту ба дасти кӯмак ниёз дорад, муроҷиат мекунам, кӯшиш мекунам, ки кӯмак расонида шавад. Дар бисёр ҳолат вақте ман дар бораи онҳо дар сафҳа ҳам маводе нашр мекунам, мебинам, ки мушкили онҳо осон мешавад ва ба онҳо дасти ёрӣ дароз мешавад. Ман ба он мардуме, ки муроҷиати маро рад намекунанд ва барои кори хайр ба ман ҳамроҳ мешаванд, ташаккур мегӯям. Бештар ин корро муҳоҷирон аз Русия мекунанд. Мегӯянд, дарди дардмандро касе мефаҳмад, ки худаш ҳам дарду ранҷ кашидааст. Ман ҳам, ки дар зиндагӣ танқисии зиёд кашидаам, онҳоро хуб мефаҳмам ва хушҳолам, ки муроҷиати ман натиҷа медиҳад.
Радиои Озодӣ: Вале бисёриҳо аз сӯҳбату наворҳои шумо дар "Инстаграм" интиқод мекунанд. Мегӯянд, Фирӯза дар сӯҳбатҳояш аз марзи одобу ахлоқ мегузарад, дағал сӯҳбат мекунад. Посухи шумо чӣ аст?
Фирӯза Ҳафизова: Албатта мардум дар ин бобат хато намекунанд. Бале, вақтҳои ахир бо мардум бисёр дағалона рафтор мекунам. Ман 12 сол боз рӯи саҳна ҳастам ва онҳое, ки маро мешиносанд, медонанд, ки ман чунин духтар набудам. Аз сабабе, ки як соли пеш, агар ёдатон бошад дар ҳаққи ман тӯҳмати ногаҳон шуд. Гӯё ман модарамро кӯмак намекардам. Ин як дурӯғ буд. Онҳо маро дар зиндагӣ бисёр таҳқир карданд, нисбати ман ҳарфҳои қабеҳе гуфтанд. Дар зиндагии ман як марҳилаи бисёр мушкил буд. Тамоми дунё ба фикрам ба ман ҳамла карданд. Ман ҳам дигар худро дошта натавонистам, ва дигар бо ҳар касе, ки бо ман бад муносибат мекунанд, мисли худашон рафтор мекунам. Ман ҳамин хел духтар ҳастам.
Радиои Озодӣ: Дар бораи мушкил дар муносибататон бо модаратон ёдовар шудед. Чаро чунин сару садоҳо атрофатон сар зад?
Фирӯза Ҳафизова: Як матал аст, ки "себро кирм аз даруни худаш мехӯрад", ба ман ҳам ҳамин ҳодиса руй дод. Ин корро аз даруни хонаводаи худам, як ҳамхуни худам кард. Дар ин бора дигар сӯҳбат кардан намехоҳам. Ба хотире, ки сахт ранҷидам, то ҳол ин доғ аз дили ман пок нашудааст. Ман хеле мехостам, ки ин ҳама зуд аз хотирам равад.
Радиои Озодӣ: Вале бо модаратон ҳоло муносибататон хуб аст?
Фирӯза Ҳафизова: Бале, на танҳо ба модарам, ба ҳар касе, ки дастам мерасад, кӯмак мерасонам. Бисёртар мехостам бигӯям, ки тифоқ бошанд ва нагузоранд, ки онҳоро ҷое озор диҳанд.
Радиои Озодӣ: Фирӯза, ҳам мақомот ва ҳам мухлисон аксаран аз забони гуфтугӯи овозхонони тоҷик дар расонаҳо интиқод мекунанд. Соле пеш Зайнураро барои як сӯҳбаташ дар як расона танқид карда буданд. Бо худи шумо ҳам, вақте бо русӣ сӯҳбат кардед, чунин ҳолат рух дода буд. Бисёриҳо аз мусоҳибаҳо ва забони гуфтугӯи овозхонони афғон, масалан, ситоиш мекунанд.
Фирӯза Ҳафизова: Дуруст аст. Мо санъаткорон ҳангоми сӯҳбат каме забонамон мепечад ва худро гум мекунем. Мушкил ин аст, ки мо бо ду забон, лаҳҷа ва адабӣ сӯҳбат мекунем. Аслан лаҳҷа гап мезанем, вале дар минбар бояд адабӣ гап мезанем. Бо забони русӣ ҳам ман сӯҳбат кардам ва каме хато рафта буд, дигар ҳамин сару садоҳо шуд. Русҳо мегӯянд, "человек без комплексов", ман ҳамин хел одам. Баъзан ҳар чизе аз забонам ояд, мегӯям. Дӯстонам ҳам инро мегӯянд. Ҳатто зимни сӯҳбат бо забони тоҷикӣ ҳам хато мекунам.
Радиои Озодӣ: Ёдам ҳаст чанд соли пеш дар яке аз аввалин сӯҳбатҳоятон бо Радиои Озодӣ дар бораи хонаатон сӯҳбат мекардед, ки сохтмонаш идома дошт. Сохтмон ба итмом расид?
Фирӯза Ҳафизова: Ман дар наздикии бозори "Балх" як ҳавлии хуб сохтам. Вақте дар бораи ин хона сӯҳбат кардед, ҷигарам реш-реш шуд, чун онро фурӯхтам. Сохтмонаш ба итмом расида буд, фақат таъмири дохили хона монда буд, аммо вақте дар маркази шаҳр дар як бинои баландошёна хона гирифтам ва маблағи зиёд даркор буд, ки он хонаро таъмир ва обод кунам, ҳавлиро фурӯхтам. Ҳоло хушбахтона боз як ҷои дигар замин гирифтам ва боз мисли ҳамон ҳавлии қаблӣ сохтмонро шурӯъ мекунам.
Радиои Озодӣ: Соли 2017 дар зиндагии шахсӣ барои шумо чандон соли хуш набуд. Гуфта будед, аз шавҳаратон ҷудо шудед. Ҳоло чӣ ҳол доред? Ин нохушиҳо пушти сар шуд?
Фирӯза Ҳафизова: Ҳоло ростӣ гап дар зиндагӣ танҳо ҳастам ва ҳамин танҳоии худро мепарастам. Дар фикри шавҳар ҳам нестам. Ман одам меҳнаткаш ҳастам ва мехоҳам барои ояндаи хуби кӯдаконам ҳама корро кунам. Албатта танҳоӣ хуб нест ва одамро ба ғам мепечонад, аммо ман бештар танҳоиро мепарастам, чун касе ба ман гапи баланд намезанаду ҳамла намекунад.
Радиои Озодӣ: Дар зиндагӣ Шумо ҳам мавриди хушунат ё зӯроварӣ қарор гирифтаед?
Фирӯза Ҳафизова: Бале дар зиндагии ман ҳам зӯроварӣ ва латукӯб буд. Вале ман таҳаммул накардам. Набояд зан чунин хушунатро қабул кунад. Зӯроварӣ аз тарафи собиқ шавҳарам буд. Маҳз ҳамин зӯроварӣ сабаб шуд, ки оилаи мо пош хӯрд. Барои ҳамин ман ба занони тоҷик тавсия медиҳам, ки ягон навъи зӯровариро сабру таҳаммул накунанд.
Радиои Озодӣ: Шумо ба наздикӣ аз сафари ҳунарӣ аз Русия омадед, чӣ хел гузашт барномаатон?
Фирӯза Ҳафизова: Бале, дар Маскав 4 ва дар шаҳри Санкт-Петербург 1 консерт доштем. Тавре ба мухлисон ваъда карда будам, ҳам суманак ва ҳам нони чапотӣ бурдам. Мухлисон ба ман тӯҳфаҳои хубе карданд. Дар Русия тоҷикони зиёдеро серу пур ва муваффақ дида, хурсанд шудам. Аз ин ҷо бо сатилу сумкаҳои вазнин дар фурӯдгоҳи Маскав поин шудем. Беш аз 100 нони чаппотӣ бурдам. Дар толор зуд ҳама гирифта хӯрданд ва як воқеа маро ҷигархун кард. Ду ҷавон чаппотиро бӯй мекашиданд, бӯйи ватанро эҳсос кардан мехостанд.