То кунун наздикон ва вакилони мудофеи ӯ ҳукмро шарҳ надодаанд ва маълум нест, бо қарори додгоҳ розиянд, ё не. Вале як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия рӯзи 7-уми июн гуфт, Сафарзод ба "сӯистифода аз мақом” ва "хунукназарӣ" гунаҳкор шудааст. Қаблан додситон ба ӯ шаш соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.
“Моҳи майи имсол, замоне ки ҳукми ҳашт корманди маҳбаси Хуҷанд содир шуд, ҳукми Файзулло Сафарзод низ эълон гардид”, -- афзуд ҳамсуҳбати мо. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ гуфт, Файзулло Сафарзод дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд аст ва “ба зудӣ бояд мунтазири интиқол ба маҳбаси низомаш махсус бошад”.
Файзулло Сафарзод, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, рӯзи 15-уми ноябри соли гузашта дастгир шуд. Ҳамроҳи ӯ ҳашт корманди зиндон ҳам боздошт ва моҳи майи имсол бо ҷурми хунукназарӣ ба дунимсолии шартӣ маҳкум шуданд.
Дар натиҷаи исёни шаби 7-уми ноябр дар зиндони шаҳри Хуҷанд, ба гуфтаи мақомот, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Баъди ин исён, ки ба гуфтаи мақомот, тундравони исломӣ барангехтаанд, чанд мақоми Вазорати алдия, ки зиндонҳо тобеи он ҳастанд, аз мақом барканор шуданд.
Бо гузашти наздики ҳафт моҳ аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, то ҳол суолҳои зиёде дар робита ба он мондааст. Ҷузъиёти ошӯб аз сӯи мақомот расман шарҳ дода нашуд, ба ҷуз ин ки мақомот гуфтанд, ошӯб аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.
Зиндонҳои Тоҷикистон дар ним соли ахир шоҳиди ду ошӯби пурқурбонӣ буданд. Баъд аз шаш моҳи ошӯб дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд айни чунин ҳодиса шаби 19-уми майи имсол дар зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат такрор шуд. Дар ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ошӯбро маҳбусони узви гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд.
Вале Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми июни имсол "аз ошӯб ва бетартибиҳо дар муассисаҳои ислоҳии кишвар" нигаронӣ кард ва хостори "тафтиши беғаразона ва саривақтии сабабҳои рух додани ошӯб" шуд.
Масъулони Эътилоф дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки "аз шумораи зиёди қурбониён ва истифодаи қувваю яроқи оташфишон ҳангоми фурӯ нишондани ошӯб нигаронем."
Онҳо аз мақомот хостанд, бояд афроди гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз натиҷаи тафтишот мардум огоҳ карда шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз вазъи зиндонҳо тавсиф карда ва онро ҷавобгӯ ба меъёрҳо номидаанд, дар ҳоле ки ҳар сари чанд вақт шикоятҳо аз шиканҷаву бадрафторӣ ва фасоди молӣ дар зиндонҳо гузориш мешавад.