Зафар Ҳафизов ба он муттаҳам аст, ки гӯиё беш аз 180 ҳазор сомонӣ, муодили 17 ҳазор евро пули ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро аз худ карда, боис шудааст, ин ширкат дар як мурофиаи додгоҳӣ дар хориҷа шикаст хӯрад. Гуфта мешавад, баҳси ширкати "Тоҷик Эйр" бо коршарики литвониаш дар ҷаласаи солонаи ҳукумат боис ба нигаронӣ шудааст.
Феълан дар куҷо будани Зафар Ҳафизов ва ҳамчунин мавқеи ӯву наздиконаш ба ин ҳодиса маълум нест. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" мегӯянд, ӯ аз кишвар фирор кардааст.
Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки Зафар Ҳафизов ҳоло аз кор рафтааст ва ба ҷойи нафари дигар бахши ҳуқуқи ин вазоратро роҳбарӣ мекунад. Масъулони Вазорати нақлиёт нагуфтанд, ки Зафар Ҳафизов феълан дар куҷо аст.
Як намояндаи ширкати "Тоҷик Эйр" рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфт, Зафар Ҳафизов муваззаф буд аз манфиати ин ширкат дар баҳс бо ширкати “Скайроуд Лизинг” дар Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюси Литва ҳимоя кунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, "Ҳафизов дар мурофиаҳо иштирок накард ва боис шуд, "Тоҷик Эйр" аз коршарики литвонии худ дар додгоҳи ҳакамӣ шикаст хӯрад ва ба пардохти 20 миллион доллар маблағ муваззаф шавад."
Алайҳи Зафар Ҳафизов бар асоси қисми дуи моддаи 322-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ба гуфтаи масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” онҳо бо ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг” аз соли 2009 ҳамкорӣ доранд ва онҳо аз ин ширкати литвонӣ ду ҳавопаймои "Боинг"-ро тариқи лизинг ба иҷора гирифтанд.
Вале ин ду коршарик соли гузашта бар сари 20 миллион доллар пули иҷораи ҳавопаймо ва баҳраҳои он вориди баҳси додгоҳӣ шуданд ва 25-уми апрели соли 2018 Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюс қарор кард, “Тоҷик Эйр” ин маблағро пардозад. Шикояти “Тоҷик Эйр” дар додгоҳҳои Литва рад карда шуд. Аммо дар муқобил додгоҳҳои Тоҷикистон низ қарори Додгоҳи арбитражи шаҳри Вилнюсро эътироф накарданд.
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе қарори Додгоҳи арбитражи Вилнюсро рад кард ва ширкати литвонӣ ҳоло баҳсро ба Додгоҳи олии иқтисодӣ кашондааст.
Мувофиқи муқаррарот барои иҷрои қарорҳои додгоҳи арбитражии хориҷӣ бояд додгоҳҳои Тоҷикистон онро эътироф ва барои он варақаи иҷро диҳанд. Дар ғайри сурат ҳукми додгоҳи кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон қувваи қонунӣ надорад.
"Тоҷик Эйр" огоҳ буд, вале чора надид"
Иштирок накардани Зафар Ҳафизов дар мурофиа далели аслии масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” буд, ки бо такя ба он мегуфтанд, қарори додгоҳи ҳакамии Вилнюс дуруст нест.
Намояндаи ширкати “Скайроуд Лизинг” дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфт, Додгоҳи ҳакамии шаҳри Вилнюс борҳо роҳбарияти “Тоҷик Эйр”-ро аз баргузории мурофиаҳо огоҳ карда буд. Ин намояндаи ширкати литвонӣ гуфт, масъулини “Тоҷик Эйр” огоҳ карда шуданд, ки намояндаашон дар додгоҳ иштирок надорад. Вале бо вуҷуди ин намояндаи “Скайроуд Лизинг” гуфт, ширкати тоҷикистонӣ дар ин бора чора надид.
Баҳси ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Скайроуд Лизинг” ҳафтаи оянда дар Додгоҳи олии иқтисодӣ идома мекунад. Феълан маълум нест, ки дар ниҳоят қарори Додгоҳи ҳакамии шаҳри Вилюнс бекор мешавад ё “Тоҷик Эйр” ба пардохти 20 миллион доллар ба ин ширкат муваззаф хоҳад шуд.
“Сад дарди "Тоҷик Эйр”
Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” зоҳиран вориди боз як марҳилаи вазнин мешавад. Ба ҷуз аз баҳс бо ширкати литвонӣ феълан “Тоҷик Эйр” бо баъзе аз дигар коршариконаш низ баҳси додгоҳӣ дорад.
Ахиран расонаҳои русӣ хабар доданд, ки Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Маскав ба баррасии шикояти "Росавитсия" шуруъ кардааст, ки ширкати “Тоҷик Эйр”-ро дар напардохтани беш аз ним миллион доллар айбдор мекунад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” аз оғози моҳи январи имсол аз парвоз мондааст ва ширкат даҳҳо миллион сомонӣ қарздор мебошад.
“Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки мушкилоти молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва парвози ҳавопаймоҳои он аввали соли 2019 аз қатъ шуд.
Моҳи январи имсол дар ҷаласаи солонаи ҳукумат масъалаи “Тоҷик Эйр” ҷиддӣ баррасӣ шуд ва президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари онро аз толори ҷаласа пеш кард. Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Хайрулло Раҳимов, собиқ мудири кулли “Тоҷик Эйр” парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Раҳимов ба "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр" муттаҳам аст.