Ҳодиса баъд аз зуҳри 4-уми июн рух додааст. Сафарзода гуфт, "то кунун ҷасади яке аз онҳо пайдо шуд ва ҷустуҷӯи ҷасади дувум идома дорад."
Як корбари Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса видеоеро ба мо фиристод ва гуфт, ҳодиса дар километри 52-юми шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент рух додааст. Ӯ гуфт, ки шоҳиди айнӣ будаст ва табибон 2 нафарро барои муолиҷа ба шифохона бурдаанд.
Ду рӯз пеш бар асари омадани сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ як ҷавони 18-даҳсола ҷон бохт. Борону сел дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар оромгоҳ ва даҳҳо манзилу роҳро вайрон кардааст.