Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одамкашӣ бо ароба дар Маскав. Истифода аз фурсат, ё ноилоҷӣ. ВИДЕО


Бозори Садовод
Бозори Садовод

Борони сели рӯзи 30-уми май дар шаҳри Маскав ва аз об пур шудани қисме аз бозори маъруфи Садовод ҳам, аробакашони тоҷикро бекор нагузошт.

Дар ин рӯз чанде аз муҳоҷирони корӣ бо аробаҳои боркашии худ, на либосу дигар маҳсулот балки одам мебурданд ва “роҳкиро” ҳам мегирифтанд. Дар видеои ҷолибе, ки як корбари Радиои Озодӣ ба мо фиристод, дида мешавад, ки як қисмати бузурги бозори Садовод пур аз об аст ва ҷавони тоҷике, дар аробаи нимшикастаи худ мизоҷон ва ё фурӯшандагонро аз қисмати зери об монда ба ҷойи хушк мебарад. Дар посух ба суоли муаллифи видео, ки “чанд пул мегирӣ”, аробакаш ҳам ҷавоб мегӯяд, ки 50 ва ё 100 рубл.

Одамкашӣ бо ароба дар бозори Садоводи Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Ҳамингуна ҷавони тоҷик, чанд нафарро аз дохили “наҳри оби бозори Садовод” аз як тарафи хуш ба тарафи дигар мебарад. Муаллифи навор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 30-уми май ба сабаби борони зиёд, об ба дохили бозор ҷорӣ шуд ва кори тоҷирону харидоронро ба ҳам зад.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ ҳадафи ӯ аз фиристодани видео на масхара кардану хандидан ба ҳоли аробкашони тоҷик балки нишон додани вазъи онҳо буд, ки дар чӣ шароите кор мекунанд. Ӯ ба мо аз тариқи Вотсапп навишт, “Агар видеоро тамошо кунед, аҳволи аробакашҳои тоҷикро мебинед, ки пойи урён дар дохили об ароба мекашанд.”

Бозори азими Садовод дар Маскав, яке аз маҳалҳои асосии тоҷирон ва аробакашҳои тоҷик аст ва онҳо садҳо нафар аз Тоҷикистон кор мекунанд. Кор кардани онҳо дар ҳаргуна шароит ва бо пули кам, ҳарфи наве нест. Дар Русия на камтар аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва солона садҳо нафари онҳо ба сабаби тасодуф, ё бемориҳои гуногун мефавтанд.

XS
SM
MD
LG