Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик аз Сурия: "Пул фиристеду ҷони маро харед." ВИДЕО


Сарвинози Абдухалил
Сарвинози Абдухалил

Баъди чаҳор соли бедарак будан, духтари Давлатбӣ Одинаева – сокини ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб – аз Сурия тамос гирифтааст. Вай аз модараш хостааст, ки агар тавонад пул фиристад, "то ҷони ӯ ва шаш фарзандашро харад".

"Ду дафъа овозашро шунидам. Дилам суст шуд. Гуфтам, як бор фарёд кашам, ки садои духтарамро шунидам", -- нақл кард Давлатбӣ Одинаева рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ.

Гуфтугӯи духтару модар рӯзи 19-уми майи имсол сурат гирифтааст ва мукотибаи онҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст. Бино ба он, Сарвинози Абдухалил мегӯяд, "бо телефони як зани хориҷӣ бо модараш тамос гирифт" ва меафзояд, "онҳо дар як урдугоҳ дар асорати нерӯҳои курд ҳастанд".

"Гуфт, оча, медонам, ки пул надорӣ, вале бисёр мехоҳам, пул фиристӣ ва ҷонамро харӣ. Хабар дод, ки шавҳараш чаҳор моҳ пеш кушта шудааст ва бо шаш фарзанд асир аст. Ду рӯз боз ба он шумора занг мезанам, касе намегирад. Дар ташвишам, ки мабодо ба ӯ чизе нашуда бошад", -- мегӯяд Давлатбӣ Одинаева.

Ин сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, духтараш Сарвинози Абдухалилро соли 2015 бо ду фарзанд домодаш Амирҷон Абдураҳмонов бо баҳонаи табобат аз Русия ба Сурия бурда буд.

Ӯ барои наҷоти духтараш дар Сурия ва бозгардонданаш ба ватан ба мақомот муроҷиат кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан роҳҳои бозгардондани занону кӯдакони тоҷик аз ин кишвари ҷангзадаи арабиро баррасӣ доранд.

Кумакхоҳии як зани тоҷик аз Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май дар як иттилоия гуфт, сафири кишвар дар Кувайту Ироқ Зубайдулло Зубайдзода аз 21 то 23-юми май дар пойтахти Сурия буд ва бо мақомоти он кишвар "масъалаи муайян намудани шахсият ва шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон ва баргардонидани онҳоро ба Ватан дар миён гузошт".

Қаблан аз ду паноҳгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Сурия 34 зани тоҷик, ки аз як то панҷ фарзанд доранд, барои ба ватан баргаштан ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд.

Гуфта мешавад, шумораи зиёди занону кӯдакони тоҷик дар вилояти Ал-Ҳасака, минтақаи таҳти назорати Нерӯҳои демократии Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин минтақаи зери назорати курдҳо даҳҳо ҷангҷӯи тоҷики гурӯҳи тундрави ДИИШ низ дар зиндонанд.

Аз кишварҳои Осиёи Миёна танҳо Қазоқистон наздик ба 50 зану кӯдак ва чанд марди дигарро аз Сурия баргардондааст.

Як мақоми дипломатӣ бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мушкили баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия дар он аст, ки Тоҷикистон бо нерӯҳои демократии Сурия ҳеҷ робитаи дипломатӣ надорад. Нерӯҳои демократии Сурия аз мухолифони ҳукумати Башор Асад ҳастанд.

Соли 2014 гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пас аз ишғоли минтақаҳое дар ҳудуди Сурия ва Ироқ хилофати худхондаи худро эълон кард. Бар асоси омори расмӣ ба ҳудуди ин хилофати худхонда наздик ба 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо қасди пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав сафар кардаанд.

XS
SM
MD
LG