Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола панҷ моҳ пеш бо орзуи харидани хона ба Русия рафт ва рӯзи 14-уми май тобуташро ба ватан оварданд.
Хабари марги зани муҳоҷир ва ятим мондани ду фарзандаш – Юсуфи 6-сола ва Абдуллоҷони 3-сола – дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Барои кумак ба фарзандони ӯ ва амалӣ кардани орзуи деринааш, маъракаи хайрия ба роҳ монданд.
Дар даҳ рӯзи ахир афроди зиёде аз Тоҷикистон ва хориҷ барои ба фарзандӣ гирифтани Юсуфу Абдулло ба волидони марҳум муроҷиат кардаанд.
Нашастамоҳ Атоева, модари Гулбегим, ки дар бозори “Саховат”-и Душанбе ба ҳайси фаррош кор мекунад, рӯзи 23-юми май гуфт, дар воқеъ зиндагиашон хуб нест, аммо наметавонад набераҳоро аз худ ҷудо кунад.
Ӯ мегӯяд, ба муроҷиатҳои зиёд дар ин бора посухи рад додааст: “Дирӯз ду нафар омад. Яке аз онҳо ду духтар доштааст ва гуфт, мехоҳад писарони Гулбегимро бигирад. Гуфтам, илтимос ин гапро нагӯед. Чанд рӯз пеш ҳам чунин муроҷиат буд. Инҳоро ба ягон кас намедиҳам, аз худ ҷудо намекунам.”
Замони ҳузури мо дар хонаи волидони Гулбегим, оилае меҳмон шуд, ки мехостанд, яке аз ятиммонро ба фарзандӣ бигиранд. Нуруллоҳ Маҳмадиев, сокини шаҳри Душанбе, падари ду духтар будааст. Вай аз падару модари Гулбегим Раҳмонова хост, як кӯдаки ятиммондаро ба тарбияи онҳо диҳанд.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мехоҳем, писари хурдии ӯро бигирему калон кунем, соҳиби хонаву дар ва ботарбияву боинтизом кунем. Ин оилаи ман аст. Омадем, ки бо бобову бибии кӯдакон маслиҳат кунем, бо розигӣ ва хурсандӣ кӯдакро бигирем, калон кунем.”
Талошу муроҷиатҳо барои ба фарзандӣ гирифтани фарзандони зани фавтида дар ҳолест, ки дар шабакаи "Фейсбук" ин шабу рӯз маъракаи ҷамъоварии маблағ барои кумак ба кӯдакони ӯ идома дорад.
Ташаббускорони иқдом, ки дар гурӯҳи "Ахбор ва афкор" роҳандозӣ шудааст, ният доранд, рӯзи 24-уми май маблағи ҷамъоваришударо ба наздикони ӯ расонанд.
Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик ва аз ташаббускорони иқдом ба Радиои Озодӣ гуфт, корбарони гурӯҳ ва хайрхоҳони дигар ҳудудан 40 ҳазор сомонӣ (4 ҳазор доллар) ҷамъ овардаанд ва то як рӯзи дигар маърака идома мекунад. Раҷаби Мирзо мегӯяд, чанд пешниҳоде барои харҷи ин маблағ доранд ва онро бо волидони Гулбегим дар миён хоҳанд гузошт.
Ӯ афзуд: "Як пешниҳод ин аст, ки мо онҳоро дар муроқибати худ гирем ва ҳар моҳ барои кӯдакон як миқдор маблағ ҷудо намоем. Пешниҳоде ҳам ҳаст, ки агар мақомот барои кӯдакон замин ҷудо кунад, бо ин маблағ барои онҳо хона сохта мешавад. Мо ҳамаи ин пешниҳодҳоро фардо баррасӣ ва хулоса мекунем."
Аммо дар миён як нафар мустақим 6 ҳазор сомонӣ қарзи бонкии Гулбегимро пардохтааст. Гулбегим қабл аз сафараш ба Русия барои харҷи билету шиносномаи хориҷӣ аз ташкилоти қарзии "Ҳумо" ба номи модараш қарз гирифта будааст.
Нашастамоҳ Атоева мегӯяд, ба сабаби он ки духтараш ҷое кори муайян надошт, натавонист бо номи худаш аз бонк қарз бигирад. "Чанд рӯз пеш як нафар занг зада пурсид, ки духтаратон аз бонк чӣ қадар қарздор аст. Гуфтам 6000 сомонӣ аст. Боз занг зад, ки боқимондаи пулро додааст."
Гулбегим Раҳмонова, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе 1-уми майи имсол дар шаҳри Клини вилояти Маскави Русия фавтид. Яке аз муҳоҷирони кории тоҷик пас 9 рӯзи ин ҳодиса дар сардхона тасодуфан ҷасади Гулбегимро шиносоӣ карда, пас аз 12 рӯз бо кумаки муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан фиристоданд.
Волидони Гулбегим, ки дар хобгоҳе дар маҳаллаи 46-уми пойтазт зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, ӯ бо умеди дарёфти сарпаноҳе барои фарзандони аз падар ятиммондаи худ ба Русия рафта буд.
Юсуф, писари калонии Гулбегим, имсол ба мактаб меравад. Ӯ гуфт, модараш ваъда дода буд, ки то соли нави таҳсил барояш либоси нави мактабӣ мегирад ва худаш ӯро ба мактаб мебарад. Ваъдае, ки акнун медонад, иҷрошаванда нест.
Ҳоло бибӣ ва бобои фаразандони ятиммондаи Гулбегим бо миннатдорӣ аз афроди хайрхоҳ мехоҳанд, кумакҳоро дар тарбияву нигоҳубини онҳо ҳарҷ кунанд. Абдурауф Раҳмонов, падари Гулбегим мегӯяд, дар воқеъ дар хобгоҳ шароити зиндагӣ хуб нест ва барои зиндагӣ ва тарбияи хуби кӯдакон ба ҷои беҳтар ниёз доранд.