Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷолу даъво дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 22-юми май аз як даъво дар сарҳад хабар доданд.

Қирғизистон онро ба баҳси қабристон дар маҳаллаи Эски мазор рабт дод. Вале ҷониби Тоҷикистон гуфт, даъво баъд аз вуруди беш аз 200 шаҳрванд ва сарҳадбонони Қирғизистон ба ҳудуди ҷамоати Лаккони Исфара сар задааст.

Дар ҳукумати шаҳри Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, гуфтанд, ки сокинони маҳаллаи Равоти ноҳияи Бодканд "ҳадафи ишғоли заминҳоро доштанд".

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара, рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин заминҳо ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд."

Ӯ афзуд: "Баъди тирпарронии огоҳкунандаи сарҳадбонони тоҷик ба ҳаво, қисми зиёди онҳо аз ҳудуд берун рафтанд. Мақомот барои ба низом ва эътидол овардани вазъият дар марз кор мебаранд."

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар изҳороти расмӣ гуфт, ҳодиса дар ҳудуди қабристоне ба вуқуъ пайваст, ки 150 метр дур аз хатти шартии сарҳад ва дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин маҳал муайяну аломатгузорӣ нашудааст, вале аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон истифода мешавад.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, низоъ рӯзе баъд аз гӯручӯби як сокини Эски мазори ноҳияи Бодканд рух дод, ки наздиконаш барои хондани дуо ба қабристон рафта буданд.

"Ҳангоми дуову фотиҳа марзбонҳои Тоҷикистон ҳозир шудаанд. Шаҳрвандони Қирғизистон талаб кардаанд, ки онҳо ҳудуди қабристонро тарк намоянд", -- омадааст дар изҳороти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, "барои ҳалли даъво ба ҷойи ҳодиса марзбонҳои ду кишвар даъват шуданд ва ҳангоми музокира шаҳрвандони Қирғизистон дар роҳи марзбонҳои тоҷик гӯё нақб ё чуқурӣ кофтанд. Сарҳадбонҳои Тоҷикистон ба ҳаво як тири огоҳкунанда холӣ карданд."

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои таъйину аломатгузоринашуда гоҳ-гоҳ ҷангу даъвову кашмакаш барои обу чарогоҳу замин рух медиҳад ва ба хунрезӣ ҳам кашидааст.

Минтақаҳои баҳсии марз асосан дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаку вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст.

Иқбол Илёсзода мегӯяд, агар қаблан баҳсҳо байни деҳаи Оқсойи Бодканд ва Ворухи Исфара, Ортобозу Коктоши Бодканд ва Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара зиёд рух медод, "ҳоло даъвоҳо ба ҷамоати Лаккону деҳаи Чилгазӣ кӯчидааст".

"Сокинони ноҳияи Бодканд ба кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия монеа эҷод мекунанд", -- афзуд ӯ.

Ҷониби Қирғизистон то ҳоло дар ин бора изҳори назар накардааст.

Охирин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 22-юми апрел дар минтақаи марзии Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд рух дод. Дар муноқишаи рӯзҳои 13-14 марти имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон куштаву беш аз 20 кас маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG