Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омада, асаби моро вайрон мекунанд, ки хонаҳоятонро мегирем"


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Гурӯҳе аз сокинони як бинои мутааллиқ ба Вазорати фарҳанг, мегӯянд, вазорат мехоҳад, онҳоро аз хонаҳояшон берун кунад ва барои ҳамин бо талаботи нав ба нав зери фишор гузоштааст.

Дар ин бино дар кӯчаи Аҳмади Дониш дар шаҳри Душанбе беш аз 500 собиқадори бахши фарҳанг ва ё фарзандонашон зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд, ки аз баҳсҳои зиёд бо вазорат дар бораи пули иҷораву андоз ва хидматрасониҳои коммуналӣ хаста шудаанд.

Одамони тасодуфӣ ба ҷои фарҳангиён?

Боло бурдани қимати иҷораи хонаҳо ҳоло сокинони биноро, ки музди зиёде намегиранд, асабонӣ ва нигарон кардааст. Бархе аз онҳо ба ин назаранд, ки бо афзоиши пули иҷора, андози моликияти ғайриманқул, пардохти ҳаққи посбонҳои бино, вазорат мехоҳад, онҳоро аз манзилҳояшон берун кунад ва дигаронро ба ҷои онҳо биёрад.

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин иддаоро рад карданд ва рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳадафи тағйири нархи иҷора ва талаботи нав, берун кардани сокинон нест, балки талаботи қонуниест, ки сокинон бояд иҷро кунанд.

Музаффар Давлатзода, муовини вазири фарҳанг мегӯяд, воқеан намояндагони вазорат бо сокинон чанд бор дар бораи пули иҷора суҳбат карданд, вале ба мувофиқа нарасидаанд. Ӯ гуфт, дар бино дар баробари собиқадорони бахши фарҳанг, афроди тасодуфӣ ҷой гирифтаанд, ки аз лиҳози қонун набояд чунин бошад.

"Омада, асаби моро вайрон мекунанд, ки хонаҳоятонро мегирем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

"Биноро худамон таъмир мекунем"

Хуршеда Исмоилова, ки 35 сол дар бинои Вазорати фарҳанг зиндагӣ дорад, гуфт, солҳо боз биноро аз ҳисоби худашон таъмиру нигоҳубин мекунанд.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, нофаҳмӣ миёни сокинону вазорат асосан дар аввали имсол ба миён омад: "То соли 2018 масъалаи пули иҷора набуд. Дар гузашта Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири собиқи фарҳанг гуфта буд, бо сабаби он ки тамоми таъмири биноро худатон мекунед, танҳо андози хонаро супореду бас. Имсол бори чандум аст, ки намояндагони вазорат омада мегӯянд, нархномаи нав муайян кардаем, Шумо бо мо шартнома баста, иҷорапулӣ супоред."

Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, аз онҳо хостаанд, молиёти солҳои гузаштаи биноро (аз соли 2012 то 2018) низ бисупоранд ва пули хона солона 301 сомонӣ будааст. Хуршеда Исмоилова, ки чанд сол дар Иттиҳодияи савдои китоб кор кардааст мегӯяд, ҳоло ба иҷрои талаботи вазорат зӯраш намерасад, чун зани танҳо аст ва намедонад, чӣ кор кунад.

"27 сол боз дар инҷоем"

Умед, сокини дигари бино мегӯяд, аз таҳдидҳои ронда шудан аз бино ба ташвиш афтодааст: "Ҳар рӯз омада, асаби моро вайрон мекунанд. Мегӯянд, хонаҳоятонро кашида мегирем. Баъзан маблағ барои ободонии бино мегӯянд, лекин ҳеҷ ободонияшонро надидем. 27 сол дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам, орден дорам”.

Фариштамоҳ Исломова, ки 20 соли ҳаёташро дар кори табъу нашр сипарӣ кардааст ва баъди навбатпоиҳои зиёд соҳиби хона шудааст, мегӯяд, манзиле, ки ӯ зиндагӣ дорад, бояд ба фарзандонашон мерос монад. Аммо аз мақомот чизи дигар шунидааст: "Гуфтанд, баъди сари шумо фарзандонатон дар ин макон ҳаққи зистанро надоранд. Ин қадар сари сол дар давлат кор кардем, дар ҳамин бино хонаамон доданд ва ҳоло бошад моро буғӣ доранд”.

Сокинони чаҳор бинои бузург, ки 9-ошёнаӣ ҳастанд, оддитарин шароит, аз қабили лифту оби ошомиданӣ надоранд ва дар рӯзҳои боронӣ аз боми хонаҳои болоӣ об мегузарад. Вазорати фарҳанг ҳам мегӯяд, солҳои ахир биноро таъмир накардаанд ва он ба таъмир ниёз дорад.

Мақомот: Хонаҳо хусусӣ намешаванд

Айни замон мақомоти вазорат таъкид мекунанд, ки ҳеҷ нияти рондани сокинони биноро надоранд ва масъалаи берун кардани онҳо дар миён нест. Чанд тан аз сокинони бино ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди даҳсолаҳо зиндагӣ, мехоҳанд хонаҳоро хусусӣ кунанд, вале вазорат ба ин зид аст. Дар Вазорати фарҳанг иброз доштанд, ки хусусӣ кардани манзилҳои бино, ки давлатӣ аст, бар асоси қонунгузорӣ номумкин аст.

Дар пайи баҳси зиёд гурӯҳе аз сокинон бо ирсоли нома ба Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори он шудаанд, ки ба баҳсҳо миёни онҳо ва масъулони Вазорати фарҳанг нуқта гузоранд.

XS
SM
MD
LG