Исроил Муродов, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ корманди собиқи милиса аст ва мегӯяд, ки баъд аз нафақа баромаданаш, барои осон кардани кори деҳқонон даст ба чунин "ихтироъ" зад.
Трактори Исроил дар як соат ним литр бензин "мехӯрад" ва корҳои саҳроиро, ки деҳқонони маҳаллӣ бинобар пурхарҷӣ онро дастӣ анҷом медиҳанд, осон мекунад. Исроил дар оғоз "ихтироъ"-и худро дар замини наздиҳавлигии худ таҷриба кард ва санҷид.
Алафдарав ва сипори тракторро низ Исроил бо дастони худ сохтааст. Ҳоло, ба гуфтаи Исроил Муродов, трактораш 70 дарсад омода аст ва то ин ҷои кор, 5 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст ва қасд дорад дар наздиктарин фурсат онро ба саҳро барорад.
Исроил ягона ихтироъкор дар деҳаашон намебошад. Онҳо чанд нафаранд, ки маҳфили худро доранд ва ҳар кори худро бо машварат анҷом медиҳанд. Аҳмадшоҳ Комилов як сол пеш трактори худро сохт ва ҳоло заминҳои худу мардумро бо он кишт мекунад.
Барои сохтани трактори худ Аҳмадшоҳ Комилов 13 ҳазор сомонӣ сарф кардааст. Мегӯяд, сохтани се трактори навро, ки 75 ҳазор сомонӣ мешавад, ба ӯ фармоиш додаанд. Ин "ихтироъкорон" мехоҳанд заминдорӣ дар маҳаллашон камхарҷ ва кори деҳқон осон бошад ва ниҳодҳои давлатӣ барои тавсеаи тарҳҳои онҳо кӯмак расонанд.