Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Виҷдони хобидаи миллат". Вазъи зиёиён дар Тоҷикистон ва минтақа


Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён. Моҳи марти соли 2015
Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён. Моҳи марти соли 2015

Зиёиён ё "интеллигентсия", қишре, ки дар давраи пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар шароити душвор афтод ва дар оғоз мардумро ба бедорӣ даъват намуд, вале дар поёни кор худ ба хоб ғунуд, ҳарчанд мегӯяд, бедор аст ва нақше дорад.

Коршиносон мегӯянд садои зиёиён ба унвони як қишри муҳими иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле кам шунида мешавад, магар аксаран ҳангоми пуштибонӣ аз мавзеи расмии ҳукумат.

Воқеият ва зарурат

Зиёиёнро дар фазои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, одатан "мағз ва виҷдони миллат" меноманд. Ба фарқ аз Ғарб, ки он ҷо ҳаммаънои ин вожа мафҳуми "интеллектуал" – яъне ҳар одами машғул ба кори фикрӣ аст, мафҳуми “интеллигент” дар худ на танҳо қишреро фаро мегирад, ки ғолибан машғул ба фаъолияти мураккаби эҷодист, балки ҳамчунин ҳомии арзишҳои баланди ахлоқӣ ва соҳиби масъулияти ҷиддӣ дар назди ҷомеа мебошад.

Тибқи анъана пазируфта шудааст, ки ин табақаи ҷомеа бояд ба рӯйдодҳо дидгоҳи интиқодӣ дошта бошад ва масъулияти муҳими иҷтимоӣ – акси садо миёни ҳукумат ва ҷомеаро иҷро кунанд.

Ба унвони созандаи бахши маънавии миллат, чеҳра ва обрӯи он, намояндаҳои зиёиён ҳамеша шонси бузурге доранд, то аз сӯи ҳукумат шунида шаванд ва мутаносибан таъсире ба гирифтани ин ё он тасмим бигузоранд.

Дар солҳои бозсозӣ ва баъдан дар оғози истиқлол, маҳз зиёиён ба раванди эҳёи миллӣ ва худшиносии миллат дар тамоми минтақа рӯҳ бахшиданд, вале баъдан, тавре коршиносон эътироф мекунанд, онҳо иҷрои рисолати муҳими худро аз даст доданд ва ба механизми ёрирасоне дар иҷрои сиёсатҳои ҳукуматӣ табдил шуданд.

“Барои миллатсозии мо равшанфикрони ҷасур лозиманд”

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, ки фаъолияти аксари намояндаҳои равшанфикрон дар Тоҷикистон маҳдуд ба масъулиятҳои хидматиест, ки маоши онҳоро фароҳам меоранд, аммо дар марҳилаи ҳозир давлатсозии мо ба як насли равшанфикри ҷасур, таъсиргузор ва пешгом ниёз дорад.

“Бадбахтона, ҳоло беҷуръаттарин доираи мо доираҳои донишгоҳӣ ва академии мо ҳастанд. Хусусан дар чанд соли охир ин доираҳо комилан пойбанди идеологияҳои нопайдо ва ба мубаллиғи манфиатҳои номушаххасе табдил шуданд. Ҳол он ки дар тамоми дунё огоҳтарин ва зиндатарин қишри ҷомеа ҳаминҳоянд”, - мегӯяд Сулаймонӣ.

Ба қавли ӯ, дар солҳои навадум ҳама аз сиёсатҳои якмаром ва яккафикрии Шӯравӣ хаста шуда буданд ва аз тариқи ҳаракатҳои гуногуни маданӣ ва сиёсӣ талош карданд, мавзеи хоси худро баён кунанд. Ҳоло вазъият дубора ба самти ҳамон сиёсати яккафикрӣ ё тафаккури ом ва яксон кашида шудааст.

Консерт ба ҷойи муколама

Аз соли 2007 ба ин сӯ дар арафаи Наврӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо зиёиёни кишвар мулоқот мекард ва қарор ин буд, ки дар ин нишастҳо мушкилоти муҳими ҷомеа, бахусус чизҳои марбут ба рӯҳу равони он баррасӣ шавад. Зимнан дар яке аз чунин ҳамоишҳо президент эълон кард, ки бо ҳадафи риояти анъанаҳои миллӣ ному насаби худро тоҷикӣ – Эмомалӣ Раҳмон мекунад. Ин вохӯриҳо гӯё таъкид мекарданд, ки давлат ба нақши зиёиён арҷ мегузорад ва омодааст, сухани онҳоро шунавад.

Вале ин дидорҳо баҳсҳои гарму пешниҳодҳои муҳиме ба бор наоварданд. Маъмулан президент суханронӣ мекард ва хеле кам намояндагони зиёиён бо ин ё он дархости шахсӣ ба ӯ муроҷиат менамуданд, ки барои ночизии масъалаҳо аксаран мавриди интиқоди шадид аз сӯйи расонаҳо қарор мегирифтанд.

Имсол ба ҷойи чунин дидорҳо консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.

Раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим он замон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки минбаъд ба ҷойи вохӯриҳо бо зиёиён ё ҳамин гуна консертҳо ё намоиши филми наве сурат мегирад.

“Агар дар мавриди имконияти суолу ҷавоби зиёиён бо президент гӯем, чунин шароит доим фароҳам аст. Президент барои аҳли зиё шахси дастрас ҳастанд ва зиёиён дар ҳама маъракаву чорабиниҳо метавонанд суол ва ё пешниҳодҳои худро ироа кунанд”, - гуфта буд Низом Қосим.

“Зиёиён тарсро ҳифз мекунанд”

Иршод Сулаймонӣ таъкид мекунад, ки рисолати равшанфикрони мо дар марҳилаи баъдиҷангӣ бо масоили хурду реза гиреҳ хӯрдааст ва хеле кам аз мавқеи мардуми одӣ ва ё ҷомеа суҳбат мекунанд. Бештар аз мавқеи ҳукумати иҷроия – хоҳ тасмимҳо дуруст бошанду хоҳ нодуруст -- суҳбат мекунанд. “Мо мавридҳои бисёр камеро дар ёд дорем, ки онҳо як мавзеъгирии фаъол дошта бошанд. Як намунаи бисёр нодири он мухолифати академик Раҳим Масов бо тақдими порае аз Тоҷикистон ба Чин буд”, -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз намояндаҳои ин қишр мавқеи заифи ҳамтоёнашонро ба пасмондаҳои ҷанги шаҳрвандӣ марбут медонанд.

Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик, ки замоне худ аз пешгомони ҳаракати эҳёи миллӣ буд, дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо Радиои Озодӣ чунин андешаи мушобеҳро баён дошта буд:

“Ман ин ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро “ҷанги чароғкуш” мегӯям. Зиёиҳо дар ҳамон сафе буданд, ки аксараш қурбон шуданд, ҳоло ҳам ҳамон тарсу ҳарос дар хунашон ҳаст. Миллате ҳаст дар Аврупо, ҳар ҷанге, ки сар шуд, аз дарвозаи ҳамон гузашту даромаду аз дарвозааш берун шуд. Ҳозир ҳамон миллатро дарашро тақ-тақ кунӣ, боз намекунад. Зиёии мо ҳам ҳоло ҳамон тарсу ҳаросаш, ки шаб меомаданду мебурданду мекуштандаш, ҳифз шудааст... Ба назари ман, зиёиҳо сиёсати ҳукуматро бояд муайян кунанд ва ҷавоб диҳанд. Ҳар шоир ва ҳар нависанда бояд барои суханаш ҷавоб гӯяд. Сиёсатмадор ҳам барои суханҳои худаш ҷавоб гӯяд; дар ҳавлӣ як чиз нагӯяд, дар оила як чизи дигар. Ин чизҳо ҷамъиятро хароб мекунад.”

"Зиёиён бетаъсир низ нестанд"

Бо вуҷуди ин ҳама намешавад гуфт, ки намояндаҳои зиёиёни тоҷик дар тамоми ҷабҳаҳо камфаъоланд. Дар мавриди ҳимояи манфиатҳои худ ин қишри ҷомеа ба андозаи кофӣ мавқеи худро баён мекунанд. Кофист, қазияи додгоҳии гуруҳе аз намояндаҳои зиёиён бо ҳафтаномаи “Азия Плюс”-ро дар соли 2013 ба ёд биоварем. Он замон баъди нашри матлаби муовини сардабир Олга Тутубалина “Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён” бо даъвои додгоҳӣ алайҳи он Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳо, Иттифоқи рассомон, оҳангсозон ва меъморон, ҳамчунин дотсенти кафедраи бемориҳои пӯсти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева бархоста буданд.

Моҳи феврали соли 2014 Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар ин маврид ҳукм содир кард, ки бар асоси он идораи нашрияи "Азия Плюс" ва муҳаррири он Тутубалина бояд раддия нашр мекарданд ва 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ба даъвогарон – се шахси воқеӣ мепардохтанд.

Коршиносон он замон гуфта буданд, ки ин иқдом ба маҳдуд кардани фаъолияти рӯзноманигорон ва "эҷоди фазои худсонсурӣ" равона карда шуда буд. Вале суолҳои каме сиёситарро ин қишри ҷомеа тақрибан тарҳ накардаанд.

Вазъ дар минтақа

Қазоқистон: тафтиш пеш аз интихобот

Вале фақат зиёиёни тоҷик нестанд, ки барои мавқеи заифи худ танқид мешунаванд. Коршиносони кишварҳои минтақа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба мушкилоти ба ин монанд дар кишварҳои худ бо каме тафовут ва баҳогузориҳо ишора мекунанд.

Айдар Амребаев, сиёсатшинос аз Қазоқистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир намояндаҳои зиёиёни муттааҳид ба тафаккури интиқодӣ дар кишвар хеле кам шудаанд. Ба гуфтаи вай, равшанфикрони миллии қазоқ баъди солҳои 30-юми қарни пешин аз байн бурда шуданд ва ба ҷойи онҳо як қишри зиёиёни ҳошияӣ ташкил дода шуд, ки пайванди ахлоқӣ бо равандҳои дар ҳоли гузор надоштанд. “Дар мо тақрибан ғаришӯрависозӣ ва мушаххас кардани арзишҳои ҷомеаи мо сурат нагирифт. Бо гузашти 30 сол аз ба даст овардани истиқлол мо барои муттаҳид кардан зарфияти фикрии миллати худ ва басиҷ кардани он барои тағйирот дар ҷомеаи мо, кори каме кардем”, -- мегӯяд Амребаев.

Коршинос бо ишора ба интихоботи раёсатҷумҳурии пеширӯйи Қазоқистон таъкид мекунад, ки дар ин раванд садои қишри зиёӣ, зарур аст, аммо ин қишр бартарӣ ба мавқеи заиф медиҳад.

Қирғизистон: имконоти бештар барои монавр

Мудири иҷроияи Бунёди ҷамъиятии Турдуқул Усублиев, номзади улуми таърих Эсен Усубалиев мегӯяд, ки агар дар сапедадами истиқлол зиёиён тавонистанд, ба навъе вазъи сиёсиву иҷтимоӣ таъсир бигузоранд, баъди он ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи мудирияти мутакко ба манофеи тиҷоратӣ гузаштанд, табиатан нақши зиёиён тақрибан ба нобудӣ расид. Ба унвони истисно Усубалиев аз Қирғизистон ном мебарад, ки нерӯҳҳои гуногуни сиёсӣ талош мекунанд ба сафи худ намояндаҳои равшанфикронро бикашонанад.

“Дар кишварҳои дигар онҳо пойбанд ба ҳукумат ҳастанд ва замоне ҷалб мешаванд, ки бояд кадом як қарори сиёсиро асоснок кунанд. Дар Қирғизистон равшанфикрон метавонанд, мухолифин ва ё доираҳои дигари сиёсиро пуштибонӣ кунанд”, -- афзуд коршинос.

Усубалиев бовар дорад, ки дар шароити адами пуштибонии давлатӣ, вақте кадрҳо дар кишварҳои гуногун омода карда мешаванд, равшанфикрони оянда ба таври физоянда аз афкори гуногуне намояндагӣ хоҳанд кард.

Узбекистон: ислоҳот умедвор кардааст

"Дар Узбекистон баробари ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ва оғози ислоҳот тадриҷан равшанфикрон ҳам дар ҳоли фаъол шудан ҳастанд", -- таъкид мекунад Фарҳод Толибов. "Онҳо дар замони ҳукумати раисҷумҳури нахустин умдатан дунболарав буданд. Ҳоло онҳо аз хоби зимистонӣ бедор шудаанд ва ба баррасии мушкилоти иҷтимоӣ оғоз кардаанд”, -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, ислоҳоти оғозшуда барои ин фазои зарурие фароҳам мекунад, вале дар ҳамин ҳол бар асари боқимондаҳои гузашта беназмиҳои муайяне ҳифз мешавад.

Дар маҷмуъ, тавре вазъ нишон медиҳад дар минтақа фаъолмандӣ ва камфаъолии зиёиён дар кишварҳо вобастагии мустақиме ба шароити амалкардии низоми сиёсӣ, адам ва ё ҳузури гуногунандешии сиёсӣ, озодии баён ва унсурҳои дигари ҷомеаи демократӣ дорад.

XS
SM
MD
LG