Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзалшоҳи Шодӣ дар яке аз шифохонаҳои Олмон ҷарроҳӣ шуд


Афзалшоҳи Шодӣ
Афзалшоҳи Шодӣ

Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони шинохта ва мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дар яке аз бемористонҳои Олмон ҷарроҳӣ шудааст ва, ба гуфтаи худи ӯ, як моҳ боз табобат мегирад.

Вай рӯзи 11 май дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло вазъияташ хуб аст ва ҳафтаи оянда замони бозгашташ ба Тоҷикистон дақиқ мешавад. Афзалшоҳи Шодӣ гуфт, пизишкони олмонӣ меъдаи ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале дар бораи маризӣ ва сабабҳои он ҷузъиёт надод.

"Ман аз моҳи апрел боз дар Олмон ҳастам ва ҷарроҳӣ рӯзи 8 май гузашт. Ҳоло хеле беҳтар ҳастам ва ба зудӣ ба кишвар баргашта, ба кору барномаҳои ҳунарии худ идома хоҳам дод", -- афзуд ӯ.

Афзалшоҳи Шодӣ гуфт, бояд рӯзи 11 май дар Хуҷанд барномаи ҳунарӣ иҷро мекард, аммо ба сабаби беморӣ ва табобаташ дар Олмон онро ба вақти дигар гузошт. Вай гуфт, "ҳатман ин барномаҳоро иҷро мекунам. Пешопеш мухлисонро огоҳ карда будем, ки нигарон нашаванд. Дида ба дидор мерасад."

Гузориши видеоӣ аз бойгонии Озодӣ:

Чаро таронаи Афзалшоҳ "қайчӣ" шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ, ки ҳоло 57 сол дорад, бештар бо таронаҳое, ки бар пояи ашъори Лоиқ хондааст, маъруф аст. Таронаҳои ӯ дар бораи Самарқанду Бухоро дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳаводорони зиёд дорад.

Ин овозхони шинохта дар се соли охир дар бораи даргириҳо дар Сурияву Ироқ ва Украина низ тарона иҷро кардааст.

Соли гузашта як таронаи ӯ, ки дар он мухолифони тоҷик дар хориҷа танқид шудаанд, дар интернет баҳсеро ба по кард. Бархе аз мухолифони тоҷик дар хориҷа гуфтанд, ки “ин тарона бахше аз таблиғоти мақомот зидди мухолифон аст”.

Вале ҳунарманди тоҷик гуфта буд, ки ҳадафи тарона ягон гуруҳи мушаххаси сиёсӣ нест.

“Даъвати ман аз онҳоест, ки аз берун ба ҷониби Тоҷикистон санг меандозанд. Тоҷик ҳар куҷое бошад, бояд дилаш барои Тоҷикистон сӯзад, ба кишвар некӣ кунад, якҷоро обод кунад, ёрдам кунад. Дар мусофират Тоҷикистонро танқид не балки обрӯи кишварро баланд бардоранд, номи нек дошта бошанд”, -- гуфта буд ӯ.

Афзалшоҳи Шодӣ дар моҳи июли соли 2014 мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин шуд. Чанд дафъа овозаи аз кор рафтани ӯ паҳн шуд, аммо овозхон ҳар дафъа онро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG