Крис Хюз, ҳаммуассиси Facebook, шабакаи иҷтимоиро инҳисорталаб ё монополист номид ва даъват кард, ки он ба далели хатар доштанаш ба демократия, тақсим карда шавад.
Дар ин бора Хюз дар як матлабаш дар нашрияи The New York Times зикр кард.
Ӯ мегӯяд, молики Facebook Марк Сукерберг бештар аз ҳар каси дигари аҳли тиҷорат ва ё ҳукуматдор нуфуз дорад.
"Танҳо Марк метавонад, тасмим гирад, ки алгоритмҳои Facebook-ро тағйир диҳад. Вай қоидаҳоро муқаррар мекунад, муайян месозад, ки ин ва ё он навишта таҳдидомез аст ё барангезандаи адоват ва метавонад, даҳони рақибонро бандад... Қудрати Марк нотакрор ва ғайриамрикоист", - навишт Хюз.
Крис Хюз пешниҳод кард, Instagram ва WhatsApp, ки ба Facebook тааллуқ доранд, ба ширкатҳои ҷудогона табдил дода шаванд. Ба гуфтаи Хюз, Комисияи федеролии тиҷорат набояд ба ҳамроҳшавии ин ширкатҳо иҷозат медод.
Вай афзуд, ки Facebook бояд давоми чанд соли оянда аз харидани ширкатҳои дигар манъ карда шавад, зеро Facebook бо харидан ва ё нусхабардории идеяҳои ширкатҳои дигар онҳоро маҳв месозад.
Хюз ҳамчунин аз Конгресс даъват кард, ки барои ҳифзи иттилои маҳрамонаи корбарони интернет оҷонсии нав таъсис диҳад.