Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги муҳоҷири тоҷик дар зери қатори барқӣ. Тасодуф ё ҳамла?


Дар роҳи қатори барқӣ (электричка) дар шаҳри Маскав як муҳоҷири тоҷик ҳалок ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, гӯиё миллатгароён онҳоро ба зери чархи қатори барқӣ партофтаанд, вале намояндаи Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, "фарзияи ибтидоӣ ҳодисаи тасодуфӣ аст".

Ба гуфтаи мақомот, Бурҳон Тағоеви 34-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, Амирҷон Мениқулови 26-сола дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳарду аз шаҳри Кӯлоб ҳастанд.

"Ба харидани шир баромада буданд"

Иброҳим Аҳмадӣ
Иброҳим Аҳмадӣ

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳодиса соати 22-и шаби 7 май рух додааст. Нав шахсияти ин ду нафар ба мо маълум шуд."

Ӯ гуфт, ду муҳоҷир шабона барои хариди шир ба берун мебароянд ва ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ аз хатти қатори барқӣ мегузаранд. "Ҳангоми убури роҳ қаторе, ки аз самти муқобил меомад, ҷавононро надида, зер кардааст", -- афзуд ӯ.

Ба қавли Иброҳим Аҳмадӣ, миёни Бурҳон Тағоев шикаста, Амирҷон Мениқулов бо захмҳои шадид ба бемористон бурда шудааст ва "аз дирӯз боз мустақилона нафас мекашад".

Тобути Бурҳон Тағоев ба ватан фиристода шудааст.

"Онҳоро миллатгароён куштанд"?

Як муҳоҷире, ки аксҳои ин ду ҷавонро ба Радиои Озодӣ фиристодааст, иддао дорад, ки "онҳоро миллатгароён ба зери қатори барқӣ партофтаанд".

Сайид, дӯсти ҳарду муҳоҷири тоҷик, гуфт, дар бадани онҳо осори латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Ӯ мегӯяд, онҳо ба фарзияи тасодуфӣ будани ҳодиса шубҳа доранд ва мунтазири беҳ шудани вазъияти Амирҷон Мениқулов ҳастанд. "Агар ӯ ба гап дарояд, ҳақиқати ҳолро хоҳад гуфт", -- афзуд ӯ.

Аммо ин фарзия ҳанӯз таъйид нашудааст. Мақомоти Русия низ дар ин бора хабар надодаанд. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки тафтишот ҳамаи фарзияҳоро баррасӣ ва хулосаи ниҳоии худро ба зудӣ эълон хоҳад кард.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, маъмулан дар чунин мавридҳо бо ирсоли ҷасади муҳоҷирон ба ватан ҳодисаи ҳалокати онҳо то охир таҳқиқ намешавад.

Дар як сол тобути 966 нафарро овардаанд

Мақомоти Русия мегӯянд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд. Аксари онҳо ба далели бекорӣ ва ё маоши паст дар ватан, ки аз мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон аст, худро то онҷо расондаанд.

Бархе аз онҳо ба асари беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷойи кор, ҳамла, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ё ҳодисаҳои ногаҳоние чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо фавтидаанд.

Соли гузашта ба Тоҷикистон аз Русия тобути 966 шаҳрванди кишварро овардаанд, ки ба ҳисоби расмӣ тақрибан 30 нафари онҳо ба қатл расонда шудаанд.

XS
SM
MD
LG