Офати табиӣ рӯзи 27-уми апрели имсол дар деҳаи Шерободи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат рух дод. Ба қавли сокинон, лағзиши кӯҳпора босуръат набуд, аммо ваҳшатнок ба назар мерасид ва даҳ рӯз идома кард.
Бо 200 метр паҳнӣ ва як километр дарозӣ, кӯҳпора ҳар рӯз тақрибан 3-4 метр ба поин, ҷониби киштзори мардум ва деҳа ҳаракат карда, аз худ осори вайрона мегузошт.
Зоирхон Розиқов, раиси як маҳаллаи деҳаи Шеробод-2, рӯзи 10-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар рӯз омада, нишона мемондем. Баъди як муддат байрақчаҳои гузоштаамон нест мешуд. Ярч онҳоро зер мекард. Ин ҷо як боғи калони нав буд. Ягон дарахт намонд. Ҳамаро зери хок кард. Замин кафида ба дарун даромад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинони деҳа, ки тақрибан 500 метр аз маҳалли ҳодиса дур зиндагӣ мекунанд, тавсия додаанд, ки як муддат хонаҳои худро тарк кунанд. Соҳибҷамол Ёрова, сокини деҳаи Шеробод-2, гуфт, "кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ки "аз бало ҳазар, аз хонаҳо бароед". Баромадан шарт аст. Дар хона як маъюб дорам. Ӯро гирифта, ба хонаи хоҳарам рафтам. 8 рӯз аст, ки бехона шудаем."
Лағзиш ё ҳаракати кӯҳпора дар ин макон ба мушоҳидаи сокинон 3 рӯз боз хотима ёфтааст. Сокинони деҳи наздик ба кӯҳ, ки аксарият аз тарси ярч хонаҳои худро тарк карда буданд, баъди беш аз як ҳафта ҳамакнун ба деҳа баргаштаанд. Аммо меҳнати барбодрафта ва боғу заминҳои зери кӯҳпорамондаи худро дида, бархе оби чашм мерезанд. Феълан хисороти умумии ин офати табиӣ ҳисоб нашудааст, вале ҳар хоҷагӣ зиёнҳои худро бар асоси хароҷоти заминҳои кишт ҳисобу китоб мекунад.
Раҷабмоҳ Абдураҳимова, сокини деҳаи Шеробод-2 мегӯяд, дар замини худ, ки акнун зери хоку теппа мондааст, меҳнати зиёд карда буд. "86 сотих замин буд. Дар он ҷо гандуму картошка, пиёз, лӯбиёи сурх буд, ки ҳар килои онро 10 сомонӣ харида будам, то зиндагиам пеш равад. Ҳоло намедонам чӣ кор кунам, ҳама зери хок монд."
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сабаби нишеб шудани кӯҳпораро бориши зиёди борон донистанд. Аммо мақомоти маҳаллӣ ба сокинон гуфтаанд, ки то замони аз ҳаракат мондани кӯҳпора, дар мавриди барқарор кардани ҷӯйи обрасонии ин деҳот коре карда наметавонанд.
Пораҳои лағжидаи кӯҳ бар изофа хароб кардани киштзори теъдоди аз сокинон, маҷрои ҷӯйи аслии обрасонии ин маҳаллаҳоро баста, сокинон ва заминҳои кишти онҳоро ду ҳафтаи ахир бе об мондааст. Ҳоло мардум аз он нигарон аст, ки заминҳои аз зери кӯҳпора наҷотёфта ҳам аз беобӣ хушк мешаванд.
Шарофиддин Боев, сокини дигари деҳаи Шеробод мегӯяд, "картошкаи мо беоб монд. Ҷуворимакка кишт кардем, беоб монд, нарӯид. Ҳамааш хароҷот аст. Ба зарари мо буд. Дар баробари ин дар ин ҳолати гармӣ чорво аз беобӣ талаф ёфтанаш мумкин аст."
Сокинон ҳаракати кӯҳпораро пайваста мушоҳида доранд. Онҳо мегӯянд, агар боронҳои сел идома кунад, шояд кӯҳпора дубора ба ҳаракат даромада, бештар ба киштзори сокинон ворид шавад ва таҳдидаш ба хонаҳо низ бештар шавад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон дар фасли баҳор хатари нишеб шудани кӯҳпора ва омадани сел зиёд аст. Дар кишвар, ки аксари аҳолӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгиранд, дар пайи офатҳои табиӣ талафоти ҷониву молӣ сабт мешавад.
Бар асоси иттиллои ҷамъовардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар муддати 16 сол, яъне аз соли 1997 то соли 2014, Тоҷикистон дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 500 миллион доллар зиён дидааст.