Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, амволи ҳабсшуда аз хонаву мошинҳо иборат аст ва тақрибан 20 миллион сомонӣ (муодили ду миллион доллар) арзиш дорад.
То ҳол вакили мудофеи Нурулло Наимов ё наздиконаш ба ин масъала вокуниш накардаанд. Талоши мо барои пайдо кардани онҳо то ин дам бенатиҷа буд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Сарнавишти норӯшани пули ҷабрдидагон
Ҳабси амволи гумонбарони қазияи "Манзили дастрас" дар ҳолест, ки муштариёни ширкатро бештар тақдири норӯшани пулҳояшон нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, баррасии қазияи ширкат беш аз шаш моҳ боз идома дорад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Муштариён бо таваҷҷуҳ ба қазияҳои дигари ба ин монанд мегӯянд, аз ҳабсу мусодираи амволи роҳбарони собиқ ҳеч фоида нест, агар маблағи онҳо баргардонда нашавад ё инки ба пули додаашон соҳиби хона нашаванд.
Рӯзи 8 май дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Нурулло Наимов, раҳбари собиқи "Манзили дастрас" дар ҳоли анҷомёбист ва дар рӯзҳои наздик барои муҳокима ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд.
Достони мутафовити се ҷабрдида
Тоҳир Ёрмаҳмадов, яке аз ҷабрдидагони "Манзили дастрас", ки солҳо боз дар Душанбе иҷоранишин аст, рӯзи 8 май гуфт, умед дорад, додгоҳ ба нафъи онҳо қарор мебарорад.
"Соли 2013 ба раиси пешини "Манзили дастрас" беш аз 19 ҳазор доллар дода будам. Ӯ ба ман шартнома дод, ки бар асоси он бояд пас аз якуним сол соҳиби хона мешудам. Ҳоло дар "Манзили дастрас" ба мо мегӯянд, хона не, шояд пулатонро гиред. Мехоҳем хона диҳанд. Ин қадар вақт пули моро гирифта истифода бурданд", -- афзуд Тоҳир Ёрмаҳмадов.
Мирзораҳим Бобоев, муштарии дигари "Манзили дастрас", мегӯяд, бояд дар ошёнаи шашуми "Манзили дастрас" соҳиби хона мешуд, вале ҳоло дар ҳамин суроға номи каси дигарро навиштаанд.
Ӯ мегӯяд, баръакс, мақомот онҳоро гунаҳкор мекунанд, ки чаро дар вақташ пулро дар бонк неву дар дасти маъмурияти "Манзили дастрас" додаанд.
Савсан Ниёзова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, се сол пеш ба умеди соҳиби хона шудан ба масъулони "Манзили дастрас" 14 ҳазору 800 доллар дода буд, аммо имрӯз вақте мехоҳад вориди ин ширкат шаваду аз тақдири пулу хонааш пурсад, роҳ намедиҳанд. "Бо мо гап задан намехоҳанд. Моро пеш мекунанд. Бо сад умед ин ширкатро ҳукуматӣ гуфта, пул додем, акнун саргардонем", -- мегӯяд ин сокини Душанбе.
Ду манбае, ки аз ҷараёни тафтишот огоҳӣ доранд, гуфтанд, муштариёни ҷабрдида ҳудуди 200 нафарро ташкил намуда, ҳаҷми зарари расонидашуда миллионҳо сомониро дарбар мегирад.
Абдумаҷид Усмонов, сухангӯи ҳукумати Душанбе мегӯяд, қазия ширкати мазкур ва муштариёни ҷабрдида "таҳти назорат аст". Ба иттилои Усмонов, "Манзили дастрас" (бо назардошти муштариёни ҷабрдида) дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 825 муштарӣ дорад ва корҳои сохтмонӣ дар ин ширкат идома дорад.
Тарҳе ки нотамом мондааст
Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 оғоз шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани ин лоиҳа мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷетӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.
Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд, вале дар панҷ соли гузашта бо мушкили зиёдтаре рӯ ба рӯ шуданд.