Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқадорони ҷанги 1941-45 дар Осиёи Марказӣ чӣ ҳол доранд?


Сарфи назар аз кам шудани теъдоди собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, миёнашон ҳанӯз онҳое кам нестанд, ки аз таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа маҳрум шудаанд.

Сарфи назар аз кам шудани теъдоди собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ (дар СССР-и собиқ Ҷанги Бузурги Ватанӣ гуфта мешавад) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, миёнашон ҳанӯз онҳое кам нестанд, ки аз таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа маҳрум шудаанд.

Мавзӯи зиндагӣ ва сарнавишти собиқадорони ҷанг ҳамасола тибқи анъана дар арафаи Рӯзи ғалаба – 9-уми май матраҳ мешавад. Дар рӯзи поси хотир ва ёдоварӣ дар бисёре аз шаҳрҳои кишварҳои Шӯравии пешин паради низомӣ, раҳпаймоии "Полки абадӣ", консерту ҷаласаҳои дорои изҳороти гуногуни сиёсӣ дар мавриди гузаштаи пурқудрат ва адои эҳтиром ба гузаштагон - ғолибҳо бар фашизм, баргузор мешавад. Бо ин вуҷуд, ин адои эҳтиром дар бештари ҳолатҳо, тавре худи собиқадорон мегӯянд, маҳдуд ба рӯзҳои ҷашн асту халос.

"Гиромидошти намодин"

Леокадия Ковтуни 92-сола, сокини Душанбе ва зодаи Белорус аз ҳама ҷавонтарин зани иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон аст. Дар солҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз 14-солагӣ дар бригадаи чирикии 5-уми Воргини ба номи Сергей Лазо ширкат карда ва ба ордени "Ҷанги Ватанӣ" дараҷаи 1, медали "Партизани ҷанги ватанӣ" дараҷаи 1 ва ордени "Барои пирӯзӣ бар Олмон", сарфароз гардонида шудааст. Баъди ҷанг Леокадия Дмитриевна Донишкадаи металлургиро дар Украина хатм намуда, соли 1949 ба Душанбе меояд ва дар "Тоҷикгеология" кор карда, тамоми умри боқимондаи худро сипарӣ мекунад.

Леокадия Ковтуни 93-сола, сокини Душанбе.
Леокадия Ковтуни 93-сола, сокини Душанбе.

"Дар ҳамин ҳол, соли шашум аст, ки ҳамчун собиқадори солхӯрда хонаи шахсии худро надорад ва аз як хонаи иҷора ба иҷораи дигар мекӯчад",-мегӯяд наберааш Фаррух. Баъд аз он, ки Ковтун тасмим гирифт, ки хонаи куҳнаи шавҳари худро бифурӯшад ва маблағро барои гирифтани хонаи навсохт бидиҳад, ин хонавода бидуни хонаи истиқоматӣ монд. Муроҷиатҳои бешумор тариқи расонаҳо дар солҳои пешин ҳеч натиҷа надодаанд. "Ҳеҷ вокунише нашуд, мо ҳатто ба шаҳрдори пешин Убайдуллоев ҳам навишта будем, вале ҳеч касе таваҷҷуҳ накард",- мегӯяд Фаррух.

Соли гузашта ба дархости ӯ, раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко таваҷҷуҳ кард ва ваъда дод, ки талош мекунад барои ҳалли мушкилаш мусоидат кунад, аммо мушкил мисле ки буд, боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи набераи Ковтун, набуди манзили зист асоситарин мушкили хонаводаи онҳост, ки ин зани солхӯрдаро сахт нигарон кардааст. Аз норасоии молӣ ин хонавода шикоят надоранд, нафақапулӣ ба андозаи 930 сомонӣ (тақрибан 100$) он кам нест ва дар бархе аз моҳҳо бо дарназардошти ҳадяҳои ҷашнӣ то 1500 сомонӣ мерасад. Худи ин бознишаста бештар аз он шикоят мекунад, ки ба ҷуз рӯзҳои ҷашн, ба онҳои касе таваҷҷуҳи вижае намекунад.

"Модарамонро худамон нигоҳубин мекунем"

Шумораи собиқадорони боқимонда дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, 245 нафар аст: 2 нафар дар ВМКБ, 47 кас дар шаҳру навоҳии тобеи марказ, 86 нафар дар Хатлон ва 38 кас дар Душанбе. Ба ҷуз онҳо дар бархе аз омор собиқадорони ақибгоҳ ҳам шомил ҳастанд. Бештари онҳо, маъмулан аз андозаи нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ шикоят надоранд, зеро таҳти сарпарастии фарзандон ва набераҳои худ қарор доранд.

Собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Бибифайзӣ Қодирова собиқадори ақибгоҳ аст, ки дар солҳои ҷанги 1941-1945 дар синни бисёр наврасӣ дар колхози ба номи Ленини Хуҷанд дар баробари дигар комсомолҳо кор карда ба ҷабҳаро бо маҳсулоти хӯроквории зарурӣ таъмин намудаанд. Ҳоло ин зан 93 сол дорад. Ӯ бо писар ва ду духтараш зиндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи писараш Абдушариф, андозаи нафақаи ӯ 480 сомонӣ (ҳудуди $50) аст. Ба ҷуз ин, ҳукумати маҳаллӣ ба ӯ ҳар моҳ ба андозаи 80 сомонӣ нонпулӣ медиҳад ва дар остонаи Рӯзи Ғалаба ҳукумати шаҳр 1000 сомонӣ ва вилоят 2000 сомонӣ медиҳанд. "Дар маҷмӯъ модарам мушкили молӣ надорад, зеро ӯ 4 фарзанд, 26 набера ва 4 абера дорад. Мо худамон ӯро нигоҳубин мекунем",-нақл мекунад Абдушариф.

"Ёрӣ расонида мешавад"

Муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Валӣ Саёрабеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд шумораи собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон дар Тоҷикистон кам шуда истодааст, вале ба онҳо дар сатҳи лозим ёрӣ расонида мешавад. "Онҳо нафақапулии хубе аз 1500 то 2000 сомонӣ мегиранд. Дар Душанбе ва минтақаҳо онҳо мушкили ҷои зист надоранд. Мушкили онҳо танҳо саломатияшон аст, зеро ин мардум хеле солхӯрдаанд",-мегӯяд Сайёрабеков.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо як фармони худ барои маъюбон ва собиқадорони ҷанг 4 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 450 доллар) ҷудо карда буд. Ба ҷуз ин, собиқадорон ба андозаи 1500 сомонӣ (($170) аз шаҳрдори Душанбе дарёфт карда буданд. Он замон 800 сомонӣ ($90) ба собиқадорони ақибгоҳ, ҷанги Афғонистон, маъюбони садамаи нерӯгоҳи Чернобил дода шуда буд.

Вазъ дар кишварҳои ҳамсоя

Собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз Қирғизистон.
Собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз Қирғизистон.

Дар Қирғизистони ҳамсоя вазъи собиқадорон ба таври қобили мулоҳиза аз Тоҷикистон фарқе намекунад. Тибқи маълумоти охирин, дар ин кишвар 350 собиқадори ҷанг ба сар мебаранд. Аз соли 2010 ба ин сӯ ба онҳо моҳона стипендияи президент ба андозаи 10 ҳазор сом (ҳудуди $150) дода мешавад. Ба ҷуз ин, ҳукумат ҳар сол дар арафи Рӯзи ғалаба ба онҳо ёрдампулии якдаъфаина ба андозаи 15 ҳазор сом (($217) доллар медиҳад.

Мария Ҳасанова фаъоли ҳаракати ризокорони "Собиқадорони 365" аст. Созмони онҳо талош дорад ҳадди аксар ба собиқадорон дар 365 рӯз аз хароҷоти таксӣ то хариди доруҳои зарурӣ ёрӣ бирасонад. Ӯ мегӯяд, ки собиқадорон дар кишвар бештар ба ёрӣ дар корҳои хонаводагӣ ниёз доранд. Барои онҳое, ки худ танҳо, бидуни фарзандонашон зиндагӣ мекунад, ду баробар мушкил аст.

"Онҳо шароити бисёр риққатовари хонаводагӣ доранд, вале наметавонанд бо дасти дароз дар ин ингуна шароит зиндагӣ кунанд. Агар мо бубинем, пешниҳоди ёрӣ мекунем, вале ин барои онҳо шармовар аст, дар ҳоле фарзандонашон зиндаанду дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, аз бегонаҳо дархостӣ кумак кунанд”,- мегӯяд Мария Ҳасанова.

Дар солҳои охир мушкили собиқадоронро дар кишварҳои худ ҳам бахши узбекӣ ва ҳам бахши қазоқии Радиои Озодӣ матраҳ кардаанд. Дар ин кишварҳо ҳам мушкили сарфи назар кардани масоили хонаводагии бархе аз собиқадорон аз сӯи сохторҳои давлатӣ сар задааст.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки ҳамасола аз сӯйи ҳукуматҳо талошҳои пуштибонии молии собиқадорон сурат мегирад.

Собиқадорони ҷанг дар Қазоқистон.
Собиқадорони ҷанг дар Қазоқистон.

Масалан дар Қазоқистон, соли гузашта ба ҷуз нафақа, ба собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ солонаи 1500 долар низ дода шуд. Дар Узбекистон аз моҳи майи соли гузашта номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ ва беҳдоштӣ, либос ва пойафзол муайян карда шудааст, ки ба собиқадорони ҷанги 1941-45 ва маҳбусони собиқи ноболиғи конслагерҳои фашистӣ ва шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи Ленинград кор кардаанд, ройгон дода мешавад. Тибқи муқаррарот, либос ва пойафзол на дертар аз 1-уми октябр бояд расонида шавад.

Камтарин пуштибонии молиро соли гузашта собиқадорони Туркманистон дарёфт карданд – 200 манат ($57). Ба ҷуз ин, дар ин кишвар сар аз соли гузашта 9-уми майро бидуни рӯзи рухсатӣ таҷлил мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба ҷабҳа 270 ҳазор нафар рафтааст. Ҳар чорумин нафаре аз онҳо то Рӯзи Ғалаба зинда намонд. 54 тоҷикистони унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG