Юнуси Имомназар
Дар ин нишасти адабию фарҳангӣ, ки аз сӯйи Маркази тоҷикони вилояти Дизах ва ноҳиядории ноҳияи Фориш баргузор шуд, меҳмонон ва алоқамандони каломи бадеъ аз деҳоти тоҷикнишини куҳпояи Нурато – Эҷ, Синтаб, Моҷарм, Ӯхм, Порашт, аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Гулистон, Сирдарё, Дизах ширкат варзиданд.
Ҷашни рӯнамоӣ бо сухани муқаддимавии раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Дизах Абдукарим Шарифов оғоз ёфт. Бисёр ҳаводорон, дӯстону шогирдони устод Ҷонибек, аз ҷумла, шоир Абдулло Субҳон, адабиётшинос Аслиддин Қамарзода, шоир Салим Кенҷа, Ҷаъфари Муҳаммад ва дигарон сухан гуфта, дар бораи ҳаёт ва осори ноби дилнишини ӯ, маҳорати мутарҷимӣ ва рӯзноманигорӣ ва аз ҳама муҳимтар, дар хусуси инсони дилнарму дилёб ва хоксору пурзаҳмат будани эшон ёдовар шуданд.
Дар ин ҷашн хонандагони мактаби Порашт ва Синтаб аз ашъори шоир қироат карданд, оҳангу навоҳои Ҳасан Нуралиев, дастаи ҳунарии “Мавригӣ”-и Бухоро ба ҳозирин рӯҳу сафо бахшид.
Шоир Ҷонибек Қувноқ (1941 – 1990) ҳамагӣ 49 сол умр дида буд, вале дар давоми ин зиндагии, ба қавли устод Лоиқ, “кӯтаҳбақо”-и худ мероси арзишманд ба мерос гузоштааст. Дар тӯли ҳаёт ва пас аз даргузашти ӯ осораш дар маҷмӯаҳои «Қарз» (Душанбе, 1973), «Арзи дил» (Душанбе, 1977), «Ифтихор» (Душанбе, 1982), «Розҳо» (Душанбе, 1987), «Зангӯла» (зери таҳрири Одина Мирак; Душанбе: Адиб, 1990), «Саховат» (зери таҳрири Саидалӣ Маъмур ва Лоиқ Шералӣ; Душанбе: Адиб, 1998) ва «Чароғи сухан» (зери таҳири Гурез Сафар; Душанбе: Адиб, 2010) ба табъ расидаанд.
Ҷонибек Қувноқ дар байни эҷодкорони солҳои 70 ва 80-ум аз он ҷиҳат бартарӣ дошт, ки ӯ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбакӣ мусаллат буд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳамзамон бо чопи китобҳои шоир дар Душанбе, маҷмӯаи шеърҳои Ҷонибек Қувноқ дар Тошканд низ (ба забони ӯзбакӣ) чоп шудаанд. Чунончи, китобҳои «Юрак тӯлқинлари» ва «Сенга интиламан» (бо ҳаммуаллифӣ) далели ин гуфта аст.
Шоир дар тарғиби адабиёти тоҷик дар байни мардуми ӯзбак саҳми босазо дорад. Ӯ достону шеърҳои устоди назм – Мирзо Турсунзодаро ба ӯзбекӣ баргардонда, соли 1981 бо номи «Оташ посбони» ба дасти ҳаводорони каломи мавзун расондааст. Ба ин тариқ, ашъори шоир Мавҷуда Ҳакимова низ бо номи «Қуёш зарраси» дар шаҳри Тошканд бо тарҷумаи Ҷонибек пешкаши хонандагон мегардад. Маҳорати тарҷумонии шоир дар он солҳо боз ҳам фаротар рафта буд. Ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои ӯзбакӣ, ба хусус, дар маҷаллаи «Адабий мерос» пайваста ашъори ноби классикони тоҷикро низ ба ӯзбакӣ баргардон карда, ба чоп мерасонид. Минҷумла, намунаи ғазалҳо аз ашъори Дақиқӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Биноӣ, Сайидои Насафӣ, Маъдан, Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Аҳмади Дониш, Муҳаммадсиддиқ Ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ, Айнӣ аз сӯйи шоир тарҷума шудаанд.
Ҷонибек Қувноқ ҳамчунин тарғибгари фаъоли адабиёти ӯзбак дар байни халқи тоҷик буд. Маҳз бо кӯшиши ӯ ду романи адибони яҳудиёни Бухоро Ёқуб Ҳайимов ва Малик Раҳмон бо исмҳои «Ду тақдир» ва «Дарбадар» ба тоҷикӣ баргардонда шудаанд. Тарҷумаи маҷмӯаи ҳикояҳои Ӯткур Ҳошим бо номи «Нур ва соя» (Душанбе, 1982), достони Абдулло Орифов «Ҳаким ва аҷал», бисёр ашъори Э. Воҳидов, Б. Бойқобилов, Н. Нарзуллоев, Назармат аз сӯйи Ҷонибек сурат гирифтааст.
Азбаски дар чаҳорчӯби мулоқоту нишастҳои адибони тоҷику ӯзбак дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд китобҳои муштарак ва намунаҳои адабиёти ҳар ду халқ ба табъ мерасид, дар Ӯзбекистон сару сарвари чунин иқдомҳо Ҷонибек буд. Соли 1981 дар Тошканд чоп шудани китоби «Дӯсти мо, бародари мо» ба такопӯйи шоир бастагӣ дорад. Ӯ яке аз мураттибони ин китоб аст, ки бахшида ба баргузории даҳаи адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон фароҳам омада буд. Дигар китоби бениҳоят азиз ба мардуми тоҷик – «Гулдастаи Самарқанд» низ маҳсули давутози бевоситаи Ҷонибек Қувноқ мебошад, ки бо ҳамкории Аслиддин Қамарзода ба табъ расидааст.
Ҷонибек Қувноқ аз соли 1966 то дами охирини зиндагӣ дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» кор карда, барои сайқали маҳорати қаламкашони ҷавон бисёр хидмат намудааст. Ӯ нахустин касест, ки таърихи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ба қалам дода, дар ин робита пажӯҳишҳои муфид кардааст.
Шоир дар моҳҳои охири умраш вақти худро бештар барои тарҷумаи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мир Алишери Навоӣ сарф мекард. Бахше аз тарҷумааш соли 1989 дар китоби «Ҷомӣ ва Навоӣ» дарҷ ёфт ва қисми дигараш соли 1991 дар шумораи аввали «Садои шарқ» чоп шуд.
Публитсистикаи Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Ҷонибек Қувноқ доманаи фарох дорад ва ҳанӯз ба таври лозим баррасию омӯхта нашудааст. Ҷонибек Қувноқ асосгузори барномаи тоҷикии телевизионии «Рангинкамон» аст.
Бисёр овозхонҳо дилдодаи ашъори Ҷонибек Қувноқ ҳастанд. Чандин нафар, аз ҷумла, Ҷ. Муродов, Ҷ. Набиев, О. Отаҷонов, Д. Алиматов, Н. Ҷаводова, бародарон Муҳаббатовҳо, Ё. Хаимов, А. Тӯйчиев ба шеърҳои ӯ оҳанг баста сурудаанд.
Акс аз Мирасрори Фарғонӣ
Имсол бо ибтикори марди равшанзамир, раиси Маркази тоҷикони вилояти Дизах Абдукарим Шарифов, ки тавонист сари вақт сармояи муайянеро аз ҳукумат “канда” гирад, нахустин бор дар Ӯзбекистон маҷмӯаи ашъори тоҷикӣ ва ӯзбакии шоир Ҷонибек Қувноқ (ба таври мухтасар) бо номи “Ширу шакар” чоп шуд. Дар гирдоварӣ ва нашри китоби мазкур шоир Асадуллоҳ Исмоилзода (ҳамчун сармуҳаррири нашриёти “Ноширлик ёғдуси”) саҳми беандоза дорад, ки камина низ аз наздик ба ӯ ёрӣ расондаам.
Бояд гуфт, ки ашъори ноби Ҷонибек Қувноқ ба барномаҳои дарсии адабиёти мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон дохил шудааст ва донишомӯзон дар синфҳои 6 ва 9 ӯро меомӯзанд...
Китоби “Саховат” бештар аз дигар китобҳои шоир ашъорашро мукаммалтар фаро мегирад ва пешгуфтори ин китоб ба қалами устоди назм, дӯсти вафодор ва ҳамрози шоир, устоди назм Лоиқ Шералӣ мансуб аст. Устод Лоиқ Шералӣ ба таври шоиста ҷойгоҳи шоири пораштии Варорӯд – Ҷонибек Қувноқро дар адабиёти муосири тоҷик мушаххас карда, аз ҷумла мефармояд: «Навиштаҳои ӯ... кӯлборест аз дӯши марди сафар дар роҳ уфтода ва агар ҳар роҳгузаре сари вақт ба он бархӯрд кунад, порае тӯшаи маънавӣ ва рӯҳонӣ хоҳад ёфт, тӯшае, ки рангу бӯйи лаҳазоти талху ширини умри кӯтаҳбақои шоирро дорад. Тӯшае, ки соҳибаш беш аз сӣ сол зарра-зарра андӯхта, инак дар раҳгузори фардо ниҳодааст» («Тӯшаи шоир барои фардо» – сарсухани китоби «Саховат», саҳ.5).
Дар воқеъ, ашъори шоири ширинкалом Ҷонибек Қувноқ, ки дар саҳли мумтанеъ гуфта шуда, мисли оташаке буд, ки ногаҳон дар осмони диду орзуҳо равшан шуда гузаштааст, вале гармии дилосояшро дар умқи дилҳо ҷо кардааст. Шоир бо эҳсос фармуда:
Аҷаб не дар сари роҳе бимирам,
Сари чоҳе, таҳи чоҳе бимирам.
Бимирам ханда бар лаб, кош, сад кош,
Мабодо дар гулу оҳе бимирам...
Ҳамон лабханди беолоиш ва ҷонбахши шоир дирӯз дубора рӯ ба рӯйи беш аз дусад нафар иштирокдори ҷашни зебои рӯнамоии китоби “Ширу шакар”-аш (ин номро устоди азизамон Марямбонуи Фарғонӣ пешниҳод намуда буданд) чеҳра боз кард, ки ҳоло ба таври фишурда ҳамарасонӣ мекунем...