Ҳафиз Бобоёров
Талоши якҷоя барои ҳимояи фаъолзанони тоҷик Саркӯбии ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ - Шаҳло Иброҳимова ва Дилноза Муҳиддинова, ки бо эҳтимоли зиёд аз тарафи мақомоти давлатии Тоҷикистон барномарезӣ ва идора мешавад, собит мекунад, ки яке аз сабабҳои асосии ақибнишинии ҳукуматдорон аз боло бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ тарси онҳо аз эътирози густарда дар дохили кишвар будааст.
Аз ин рӯ, онҳо нархро боло набурданд, то ки заминаи чунин эътирозро дар дохили кишвар ба вуҷуд наоранд.
Дар айни замон, ба беобрӯкунии фаъолон ва наздикони онҳо пардохтаанд, то на фақат пеши роҳи онҳоро аз чунин иқдомҳо дар оянда бигиранд, балки инчунин ба дигар фаъолон, бахусус занон ҳам ҳушдор диҳанд, ки набояд берун аз хатти кашидаи онҳо по ниҳанд. Аммо чунин тарзи муносибати носолим ва иртиҷоӣ шояд дар кӯтоҳмуддат натиҷаи дилхоҳ барои саркӯбгарон диҳад, вале дар дарозмуддат ҳатман ба зарари онҳо кор хоҳад кард.
Дар ҷомеае, ки арзишҳои суннатии ахлоқӣ, бахусус дар мавриди занон устувор ҳастанд, мақомоти давлатӣ боистӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва шаъну шарафи инсонии занон ҳимоя кунанд. Гумномҳо (фейкҳо)-е, ки чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ занони фаъолро таҳқир мекунанд ва аз нуқтаи назари арзишҳои хонаводагӣ беобрӯ месозанд, шахсони ношиносе, ки ба онҳо занг зада, таҳдид мекунанд, бояд аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Имкон дорад, ки ин гумномҳо манфиатҳои доираҳои муайяни ҳукуматиро ҳимоя мекунанд ва ҳатто бо фармоиши онҳо чунин корҳои сиёҳро анҷом медиҳанд. Дар ин сурат, худи ҳамин доираҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Шеваҳои иртиҷоии саркӯбии занон, дар баробари истифода аз рӯҳониёни ҳанафӣ ва салафӣ дар ҳимояи тасмими гарон кардани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ, боиси амиқтар шудани нобоварӣ ва ихтилофҳои хонаводагӣ ва мазҳабӣ мегардад. Чунин муносибат зидди арзишҳои дунявӣ ва демократӣ буда, дар ҷомеа нақши неруҳои иртиҷоиро бештар мекунад. Зан дигар наметавонад озодона ва бе тарсу мулоҳиза аз тақдири оилавӣ ва мақоми иҷтимоии худ ба фаъолияти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ машғул шавад. Куҷо расад дигар ба ҳимояи давлатӣ. Дину мазҳаб ва ҳама гуна эътиқоду боварӣ, ки бояд аз давлат ҷудо бошанд ва ба кори хусусии ҳар як инсон табдил ёбанд, ба василаи иртиҷоии ҳукумат барои саркӯбии ҳаракатҳои шаҳрвандӣ табдил меёбад.
Бо назардошти чунин вазъият, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунам, ки бархурдҳои иртиҷоӣ ва ношоиста ба фаъолзанони тоҷикро ҳамчун сӯиқасд шиносанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тавассути расонаҳои озод аз шаъну шарафи инсонӣ ва бахусус обрӯю эътибори занонаи онҳо дар назди хонавода ва ҷомеа ҳимоя кунем. Якҷоя нагузорем, ки ҳаёти шахсии онҳо мавриди муҳокимаи бешармона, беадолатона ва дар доираи меъёрҳои зиддиинсонӣ ва зиддиконститутсионӣ сурат гирад.
Нагузорем, ки занонро барои фаъолияти шаҳрвандиашон чун дар кишварҳои исломии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Покистон дар ҳузури ҳамагон нахуст беобрӯ ва пасон ҷазо диҳанд.
Бо арзи сипос барои ҳамбастагӣ Ҳафиз Бобоёров