Шаби 24-уми апрел дар маҳаллаи "Гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе" садои таркиш шунида шуд. Як масъули идораҳои фавқулода дар суҳбати бидуни микрофон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, "расиши ноқилҳои баландшиддати нерӯи барқ ба вуқуъ пайвастааст, ки аз зери замин мегузаранд". Вай афзудааст, "ворид шудани об ба шабакаи зеризаминии хатҳои интиқоли барқ ба ин вазъ сабаб шуд". Аммо баъзе аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфтаанд, гӯиё "газ таркидааст". Айни ҳол маъмурони наҷот кор мекунанд ва маҳалли ҳодиса аз чаҳор тараф бастааст. Мақомот то ба ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Садои таркиш дар гардиши фурудгоҳи Душанбе. Садама дар хатти барқ ё газ?
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир