Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси моликияти Кабирӣ ба фоидаи давлат ҳал шуд. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Душанбе аз қароре ҷонибдорӣ кард, ки бар асоси он бояд 20 хонаву маркази савдои, ба гуфтаи мақомот, мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ ва писаронаш бояд давлатӣ шавад.

Аммо сокинон гуфтанд, ин хонаву марказҳои савдоро чанд сол пеш аз наздикони Кабирӣ харида буданд ва ҳоло дар баҳси сиёсии ду тараф "барраи қурбонӣ" ҳастанд.

Додситонӣ: “Хонаҳо бояд мусодира шаванд”

Рӯзи 24-уми апрел Коллегия оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори ҳабси беш аз бист манзил ва маркази савдоро дар пойтахт дуруст шумурд. Додраси парванда ҳангоми қироати ҳалнома гуфт, даъвогарони манзилҳо соҳибмулк будани худро дар додгоҳ собит карда натавонистанд.

Ба ин хотир, ба гуфтаи додрас, "қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бетағйир ва шикояти кассатсионии чанд нафар барои дар ихтиёри онҳо мондани манзилҳо рад карда мешавад."

Амволи Кабирӣ давлатӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам пеш аз қироати ҳалнома аз додгоҳ хост, то беш аз 20 манзил ва толори савдо дар кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши Душанбе ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Аммо соҳибони манзилҳо аз қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе норозигӣ карда, гуфтанд, ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

“Дар кӯча мемонем”

Яке аз шикояткунандагон дар додгоҳ Сафар Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ, буд. Сафар Кабиров дар додгоҳ аз номи хоҳараш Раҷаббӣ Кабирова баромад мекард. Манзили хоҳари Кабирӣ яке аз 20 манзиле мебошад, ки бар асоси қарори додгоҳ бояд мусодира шаванд.

Яке аз манзилҳои мавриди баҳс
Яке аз манзилҳои мавриди баҳс

Аммо Сафар Кабиров дар додгоҳ гуфт, хоҳараш бо маблағи худ ин хонаро харидааст ва набояд ба хотири ҳамнасаби Муҳиддин Кабирӣ будан ҷабр кашад. “Хоҳарам аз солҳои 90-ум бо ду фарзандаш дар Русия буд ва маблағ фиристоду мо хонаро харидем. Давлат бо ин хона бой намешавад. Барои амволи худам талош надорам. Хонаи хоҳарамро мусодира накунед,” - гуфт Сафар Кабиров. Ба гуфтаи Кабиров, манзили хоҳараш пурра ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.

Исматулло Нарзуллоев, сокини яке аз манзилҳои мавриди баҳс гуфт, дар сурати мусодираи хонаҳо фарзанду набераҳояш дар кӯча мемонанд: “Мо хонаҳоро харидем ва ба 15-20 ҳазор долларӣ таъмир кардем. Дар ин хона писарам бо 7 наберааш зинагӣ мекунад.”

Баҳс аз куҷо оғоз шуд?

Беш аз 20 манзил ва як толори савдо ба гуфтаи мақомоти тоҷик дар доираи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ бояд ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Дар ин парванда ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ, номи писаронаш Рӯҳулло ва Муҳаммад, бародараш Маҳмадсолеҳ ва дигар наздиконаш зикр шудааст.

Баҳси мазкур аз онҷо сар зад, ки Додситонии кул хоста буд, хонаҳо ва толори савдои марбут ба Муҳиддин Кабирӣ ва фарзандони ӯ ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Ба бовари масъулони Додситонии кул, Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ ин амволро ба номи дигарон сабт кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт талаби додситониро қисман қонеъ ва як қисми ин манзилҳоро давлатӣ эълон кард.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро соли 2017 бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, дар ғайбаш ба зиндон маҳкум кард. Мусодираи молу мулки ӯ амри дигари додгоҳ буд. Ҳизби наҳзат ва раҳбаронашро мақомот ба барангехтани, ба гуфтаи онҳо, ошӯби нофарҷоми соли 2015 ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ муттаҳам мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои ин ҳизб иттиҳомотро беасос номида гуфтаанд, ки ҳеҷ гуноҳ надоранд ва ҳукумат бо баҳонаи ошӯб, ягона ҳизби мухолифро аз саҳнаи сиёсӣ дур кард.

Ӯ 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, амволе ки додситонӣ мехоҳад ба нафъи давлат мусодира кунад, ба ӯ ва фарзандонаш тааллуқ надорад.

XS
SM
MD
LG