Дар навбати аввал ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросонро тоза мекунанд. Ин деҳа дар замони Шӯравии пешин макони садҳо анбори заҳрҳои кимиёвӣ буд, ки асосан дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешуд. Табибон мегӯянд, зиндагӣ дар назди партовгоҳ ва анборҳои заҳрҳои кимиёвӣ номумкин аст ва ба ҷони сокинон хатар дорад.
Раҳматулло Хайруллоев, як масъули тоза кардани деҳаҳои Хатлон аз маводи заҳрогин, гуфт, баъзе сокинон дар ҷойи анбори заҳрҳои кимиёвӣ манзил сохта ва дар онҷо зиндагӣ доранд.
Хайруллоев рӯзи 24-уми март гуфт, онҳо барои поксозии ин минтақаҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла бо Бунёди швейтсарии зидди минаҳо ва созмони озуқавории кишоварзӣ (ФАО) ҳамкорӣ мекунанд.
"Мо ба тоза кардани қитъаҳои бештар заҳролудшуда дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон машғул мешавем. Дар замони Шӯравӣ яке аз маҳсулоти стратегии Тоҷикистон пахта буд ва барои ҳосили хуби пахта моддаи хлордор, аз ҷумла "дуст", истифода бурда мешуд. Ҳоло ин гуна моддаи кимиёвӣ мавҷуд аст, ҳарчанд онро бояд дар партовгоҳи Вахш ҷой мекарданд. Бо сабабҳои номаълум қисме аз онҳо дар замин гӯронида шудаанд, ки мо онро ёфтем", - гуфт Хайруллоев.
Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид борҳо анбори заҳрҳои кимиёӣ дар Шӯравии пешинро "таҳдиди ҷиддӣ" унвон карда буд.
Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ҳамчунин таъкид кард, ки соли гузашта дар ноҳияи Шаҳринав беш аз ду ҳазор тонна заҳрхимикатҳои аз солҳои Шӯравӣ мондаро ҷамъ оварда ва ба партовгоҳи махсуси Вахш ҷой кардаанд. "Ҳамчунин, 61 зарфи бузурги металлиро, ки дохили он хлорприфос - доруе, ки асосан барои ҳашароти зараррасони сахтбол ба мисли малах истифода бурда мешуд, безарар карда шуд", - афзуд ӯ.
Мақомот мегӯянд, ҳоло дар саросари Тоҷикистон 68 қитъае мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 1300 тонна заҳрҳои кимиёвӣ дар зери замин пинҳон шудаанд, ки дар пайи таҳлилҳои созмонҳои ҷаҳонии озуқаи кишоварзӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ошкор шудааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон, ки аз чанд деҳа иборат аст ва мақомот поккории заҳрҳои кимиёвиро дар ин қитъаҳо мехоҳанд идома диҳанд, бештар аз ҳазор нафар дар шароити хатарзо зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора 300 нафари онҳо наврасони аз 7 то 18-сола ҳастанд.
Моҳрухсор, як сокини ин ҷамоат, гуфт, агарчи дар бораи хатари маводи кимиёвӣ дар наздикии ҳавлияш огоҳ аст, илоҷи ба ҷои дигар кӯч бастанро надоранд. "Маҷбур ҳастам, дигар ҷои рафтан надорам, чун ҳама гову моламро фурӯхта, хона сохтаам. Як моҳи ахир пайваста сулфа азиятам медиҳад", - мегӯяд ин зан.
Дар замони Шӯравӣ партовгоҳи заҳрҳои кимиёвӣ хубтар ҳифз мешуд. "Дуст", "тиядан" ва "С ти сит” аз заҳрҳое буданд, ки дар анборҳо нигаҳдорӣ мешуданд. Ва акнун мақомот мегӯянд, дар баробари сокинони ноҳияи Хуросон, ки дар рӯи ба истилоҳ "бомбае" зиндагӣ доранд, ки соаташ ба тик-тик даромадааст, минтақаҳои дигар ҳам ҳаст, ки ҳанӯз аз заҳрхимикатҳо пок нашудаанд.
Ба гуфтаи масъулон, ҳоло дар кишвар аксари мардуме, ки дар ҷойи ин анборҳо манзили зист сохтаву зиндагӣ доранд, гирифтори бемориҳои гуногун ҳастанд. Яке аз чунин минтақаҳо анбори заҳрҳои кимиёвии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст, ки ду соли пеш 12 хонавода аз ин минтақа кӯчонида шуданд.
Онҳое, ки ба таҳқиқи мавзеъҳои заҳрнок машғул ҳастанд, мегӯянд, ҳудуди санитарӣ дар атрофи анборҳои заҳрхимикатҳо риоя нашудааст ва мардуми маҳаллӣ ин хатро убур карда, манзили зист сохтаанд. Ба бовари онҳо, бояд дар масоҳати 300 метри атрофи ин мавзеъ ягон сохтмони хонаҳо мумкин нест.
Ду сол пеш ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор ба мақомоти маҳаллӣ дастур дод, ки аз ин ба баъд ин гуна анборҳо барои сохтани манзил ва дигар фаъолияти соҳибкорӣ тақсим нашавад.
Мақсадулло Мардонов, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, ҳоло дар кишвар ду партовгоҳи махсуси заҳрҳои кимиёвӣ яке дар Вахш ва дар Конибодом бунёд шудааст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, "Тоҷикистон узви созмони байналмилалӣ аст ва заминҳое, ки дар он ҷо заҳрхимикат мавҷуд аст, сари вақт поккорӣ мешаванд."
Чунин анборҳо, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон кам нестанд, феълан бинобар аз замони шӯравӣ заҳролуд гардонидани ҳудудҳои қобили мулоҳиза дар навоҳии Панҷ, Хуросон, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба як мушкили ҳалношуда боқӣ мондааст.
Дар гузашта табибон борҳо ба заноне, ки дар фасли гармо дар замин кор мекарданд, ҳушдор медоданд эҳтиёткор бошанд, чун "аксарияти заминҳои пахта, ки дар замони Шӯравӣ заҳрхимикат пошида шудааст, баъди обмонӣ ва бухор шудан, ба саломатии занон таҳдид мекунад".
Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид борҳо анбори заҳрҳои кимиёӣ дар Шӯравии пешинро "таҳдиди ҷиддӣ" унвон карда буд. Аз ҷумла, панҷ соли пеш ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал гуфта буд, партови нуриҳо кимиёӣ дар Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба ҳаёти одамон ва муҳити зист таҳдид мекунад ва эълон карда буданд, ки барои кумак ба ин кишварҳо дар чаҳор соли оянда зиёда аз 9 миллион долларро ба барномаи махсус дар 12 кишвари Шӯравии собиқ харҷ мекунанд.
Намояндаи Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал мегӯяд, дар ин кишварҳо тақрибан 200 000 тонна партови заҳрҳои кимиёвӣ анбор шудааст, ки ба ними партовҳои ҷаҳон баробар аст. Нигаҳдошти беназорати онҳо ба саломатии садҳо ҳазор нафар ва ҳам покизагии муҳити зист ҷиддан таҳдид мекунад.