Чаҳор сокини вилояти Суғди Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ дар як анбори картошка дар Қазоқистон ҷон бохтаанд. Ҷасади онҳо рӯзҳои 20 ва 21-уми апрел аз роҳи Нурсултон-Душанбе ва Нурсултон-Алмаато-Душанбе ба ватан фиристода хоҳад шуд.
Нурсултон Нураҳмадов – масъули хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон – рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, фоҷиа бегоҳи панҷшанбе дар ноҳияи Жарқайини вилояти Ақмола рух додааст.
Гулнора Пинчук, сухангӯи идораи пулиси Ақмола, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, ин чаҳор нафар рӯзи 12-уми апрел барои фотеҳахонӣ ба манзили яке аз наздиконашон ба Қазоқистон рафтаанд. "Табибон дар бадани онҳо аломати марги маҷбуриро ошкор накарданд. Ҷасадҳо бояд ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ шаванд", - афзуд ӯ.
Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Державинск “ба хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул будаанд”. Сафорат ному насаби онҳоро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт:
Эргашев Нӯъмонҷон Юлдошович (16.02.1975), зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов;
Юлдошов Муродқул Турсунович (07.10.198), зодаи ноҳияи Зафаробод;
Эргашев Умидҷон (04.07.1971), зодаи шаҳри Хуҷанд;
Абдуллоев Қобилҷон Қодирович (03.09.2002), зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов.
“Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдори Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад”, - гуфтанд дар сафорат.
То ба ҳол наздикони афроди фавтида нагуфтаанд, ки дар воқеъ онҳо барои кор ба Қазоқистон рафта буданд ё фотеҳахонӣ?
Қазоқистон баъди Русия дувумин бозори муҳими кор барои муҳоҷирон Тоҷикистон аст. Ҳар сол ҳазорҳо нафар барои меҳнату тиҷорат ба он кишвар мераванд.
Мувофиқи маълумоти ҳамоҳангсози миллии барномаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Қазоқистон Светлана Жасимбекова, дар 8 моҳи соли 2018 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон беш аз 40 ҳазор нафар барои кор рафтаанд. Ин рақам дар соли 2017 ба 60 ҳазор нафар баробар будааст.
Дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон низ як гурӯҳ аз шаҳрвандони кишвар ба Қазоқистон паноҳ бурда, бархеи онҳо дар онҷо муқимӣ шудаанд. Дар Қазоқистон баъзе аз деҳаву маҳаллаҳои тоҷикнишин вуҷуд дорад.