Худи гузоришро дар интернет ҳам нашр карданд. https://www.justice.gov/storage/report.pdf
Баъди нашри гузориш Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар шаҳри Вашингтон дар як ҷамъомаде гуфт, ки “рӯзи хубе дорад”. Ӯ гуфт, дар гузориш омадааст, ки “Ҳеҷ ҳамдастӣ, ҳеҷ монеагузорӣ набуд. Ҳеҷ гоҳ набуд ва намешавад. Мо бояд ин масъаларо то охир таҳқиқ кунем. Ин чиз набояд бо ҳеҷ раиси ҷумҳури дигар иттифоқ афтад.
Ӯ гуфт, ки иттиҳомот дар бораи ӯ, ки гуруҳи Роберт Мюллер таҳқиқ мекард, бофта буд. Андаке пештар аз ин баёнияҳои Доналд Трамп додситони кулли Амрико дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон, ҷараёни ихтисори гузориш аз таҳқиқоти муфаттиши вижа Роберт Мюлерро шарҳ дод.
Вилям Барр рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Вашингтон гуфт, дар ихтисори қисматҳое аз таҳқиқот, ки барои омма дастрас шуд, раиси ҷумҳур Доналд Трамп дахолат накардааст, ҳарчанд салоҳияти ихтисори матнро дошт.
Вилям Барр гуфт, таҳқиқ шавоҳидеро пайдо кард, ки давлати Русия кӯшиш кардааст, ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2016 дахолат кунад. Айни замон ба гуфтаи Вилям Барр дар ҷараёни тафтиш ҳеҷ шаҳодате пайдо накардаанд, ки Доналд Трамп ва ё ситоди интихоботии ӯ дар талошҳои Русия ҳамдастӣ карданд.
Додситони кулли Амрико ҳамчунин гуфт, таҳқиқи Роберт Мюллер ҳеҷ шавоҳидеро ҳам нишон надодааст, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп саъй кардааст, то монеи таҳқиқи ҳамаҷонибаи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2016 дахолат кунад.
Матни ихтисоршудаи тафтишро баъди он нашр карданд, ки Вилям Барр, авохири моҳи март номаи кӯтоҳеро дар бораи таҳқиқоти Роберт Мюллер ба Конгресс ирсол кард.
Дар ин нома гуфта шудааст, "нишонаҳое барои таъйиди ҳамкории ситоди интихоботии Трамп бо ҳукумати Русия дар даст нест". Айни замон Вилям Барр гуфт, гузориши Мюллер ба ин натиҷа нарасидааст, ки раиси ҷумҳур муртакиби ҷурм шудааст, дар айни замон ӯро сафед ҳам накардааст".
Аммо раисони чанд комиссияи Маҷлиси Намояндагони Амрико хостори дарёфти матни комил ва чопии гузориши таҳқиқотии Мюлер шуданд.