Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири латукӯбшудаи тоҷик "ба ҳуш омад, аммо гап намезанад"


Каримхон Тақсиров. Акс аз бойгонӣ
Каримхон Тақсиров. Акс аз бойгонӣ

Намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия ба таҳқиқи латту кӯби муҳоҷири тоҷик Каримхон Тақсирови чиҳилсола ва писари ӯ оғоз кардаанд.

Наздикони Тақсиров гуфтанд, ӯ шоми 7-уми апрел дар ноҳияи Пронайски вилояти Сахалин аз тарафи ду нафар латту кӯб шудааст. Пизишкон вазъи саломатии Тақсировро "вазнин" арзёбӣ кардаанд. Вазъи саломатии писараш Муборак Тақсиров муътадил гуфта мешавад.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ҳодиса хабар доранд" ва "ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд".

Муборак, писари Каримхон Тақсиров, рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз ҳолати кома ё беҳушӣ берун омад, аммо ҳанӯз гап зада наметавонад.

"Ба сари падарам бо "арматура" заданд. Хуни зиёдро аз даст дод. Тақрибан ҳашт соат дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ буд. Табибон гуфтанд, ки сараш зарбаи сахт дидааст ва эҳтимоли гап задану беҳтар шуданаш кам аст", - афзуд ӯ.

Муборак гуфт, ҳанӯз зидди ҳамлаварон ба додситонӣ шикоят накардаанд. "Ману як рафиқам аз Тоҷикистон дар кӯча будем. Ду ҷавон мошинро ба болои мо ронда ва ҳақорат карданд. Мо низ ҷавоби онҳоро додем. Аз мошин берун шуданд ва мо гурехта, ба хонаи ҳамсоя даромадем. Моро дар онҷо заданд. Писари ҳамсоя падарамро даъват кардааст. Вақте падарам омад, яке аз онҳо бо “арматура” ба сараш зад", - нақл кард ӯ.

Каримхон Тақсиров, сокини шаҳри Душанбе буда, шаш сол боз ҳамроҳи хонаводааш дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ба қавли наздикон, ӯ ба таъмир ва бунёди манзил дар Русия машғул будааст.

Русия кишвари аслии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд.

Шароити сангин, нақзи ҳуқуқ ва муносибати сарди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва маргумири онҳо, бахусус дар натиҷаи латту кӯб борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG