Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки кишвар ба мутахассисони ҳирфаии хориҷӣ ниёз дорад. Бар асоси омори расмӣ, солона то ҳафт ҳазор муҳоҷири корӣ вориди Тоҷикистон мешаванд.
Бахтиёр Рӯзиев шаш моҳ пеш, баъди он, ки марзи Тоҷикистону Узбекистон боз шуд, барои кор ба Душанбе омад. Дар як тарабхонае сарошпаз аст. Ӯ қаблан дар Украинаву Қазоқистон ва Русия кор кардааст. Мегӯяд, баъди чандин соли таҷрибаи корӣ ба хулосае расидааст, ки кор дар кишварҳои ҳамфарҳанг роҳат аст ва аз ин рӯ, миёни кишварҳои гуногун Тоҷикистонро интихоб кард.
Бо ин, ки садҳо ҳазор тоҷик ба Русияву Қазоқистон барои кор мераванд, онҳое ҳам ҳастанд, ки барои кор ба Тоҷикистон меоянд.
Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "масалан, миёни мо мусалмонҳо вожаҳое ба мисли "рӯи хотир дидан", "шарму ҳаё", "виҷдон" ҳаст. Дуруст, ки маоши хуб медоданд, аммо метавонистанд барои камтарин хато аз кишварашон ронанд. Ҳатто андеша ҳам намекарданд, ки он ҷо чандин сари сол барояшон заҳмат кашидам ва шояд миёни мизоҷонашон эътиборе ҳам дорам. Инҷо бароям наздик аст".
Бо ин, ки садҳо ҳазор тоҷик ба Русияву Қазоқистон барои кор мераванд, онҳое ҳам ҳастанд, ки барои кор ба Тоҷикистон меоянд. Бо вуҷуди пайдо кардани ҷойи кор, онҳо мушкилиҳоии хос доранд. Ин шаҳрванди Узбекистон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳар моҳ ба қайд гирифтанаш дар марз барояш мушкил аст. Ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳукуматҳои ду кишвар дар масъалаи раводид сабукие фароҳам оранд.
"Агар мо тавонистем, ки дӯстии миёни ду кишварро барқарор кунем, пас масъалаи бақайдгириро ҳам бояд каме сабуктар кунем. Ҳар моҳ маҷбурам ба сарҳад рафта, худро ба қайд монам ва дубора баргардам. Барои нафари калонсол, албатта, душвор аст. Хубтар мебуд, ки дар ин масъала ҳам ягон сабукие пешбинӣ мекарданд",-гуфт Бахтиёр Рӯзиев.
Мақомот мегӯяд, Тоҷикистон ба мутахассисони ҳирфаие мисли Бахтиёр ниёз дорад ва ба онҳо парвона ё иҷозатномаи кор медиҳад. Дар соли 2018 аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар асоси квотаи муқарраршуда ба 6 ҳазору 837 шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи кор дар Тоҷикистон дода шудааст. Онҳо бештар дар соҳаи сохтмону роҳсозӣ, саноат ва маъданҳои куҳӣ кор мекунанд.
Ванг Тсзуо, шаҳрванди 48-солаи Чин ду сол пеш ба Тоҷикистон омад. Ба ӯ эҳтироми мардум ба хориҷиён бисёр писанд афтодааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳар сари қадам эҳтироми тоҷиконро мушоҳида мекунад. "Ба ман эҳтироми мардуми Шумо ба хориҷиён ҷолиб аст. Ман дар сари ҳар қадам инро мебинам. Ҳангоми аз роҳ гузаштан ҳатман мошинсаворон ба ман роҳ медиҳанд. Ҳангоми қабули бемор ҳам онҳо ҳамеша даст рӯи сина монда гап мезананд".
Ба бовари ин муҳоҷири чинӣ, ҳузури ӯ барин мутахассисон дар Тоҷикистон метавонад харҷи табобати мардумро дар хориҷ камтар кунад. Ҳамин тавр вай мегӯяд, беҳтар мебуд беморхонаи муштараке таъсис бидиҳанд. "Агар масъулин метавонистанд, инҷо як беморхонаи давлатии муштарак таъсис диҳанд, беҳтар мебуд, то ин ки ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони Чин дар он табобат мегирифтанд. Дар он сурат мардум ба хориҷа ҳам барои табобат намерафтанд".
Бо ин ки қаҳрамонҳои мо бидуни мушкил фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома медиҳанд, ҳамасола додгоҳҳои Тоҷикистон қарори ихроҷи беш аз садҳо муҳоҷири хориҷиро содир мекунанд. Соли гузашта нисбати 312 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Онҳо бештар бо сабаби анҷоми муҳлати раводид, бақайд нагирифтани шиносномаҳояшон дар мақомоти корҳои дохилӣ, надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ ва нақзи қонунҳои ҷории кишвар, аз Тоҷикистон ихроҷ мегарданд.