Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Тоҷикистон дар 13 сол барои поккории мина $24,7 миллион гирифт


Амрико аз соли 2005 то 2018 барои пок кардани минтақаҳои минкоришуда ба Тоҷикистон ҳудуди 25 миллион доллар кумак кардааст. Ин нукта дар гузориши нави Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дарҷ шуд. Гузориши "Сайругашти амн дар Сайёра", ки ба натиҷагирии 20 соли кори барномаи Амрико оид ба нобудсозии силоҳ бахшида шудааст, рӯзи 3-юми апрел нашр гардид.

Бино ба гузориш, Тоҷикистон яке аз 10 кишварест, ки аз ҷониби ин барнома сармоягузорӣ мешавад. Дар миёни кишварҳои дигари иштирокдори барнома Афғонистон, Боснияву Ҳерсоговина, Хорватия, Гурҷистон, Косово, Қирғизистон, Черногория, Сербия ва Украина ном бурда мешаванд. Ҳадафи ин барнома амну бехатар кардани қаламравҳо аз минаву дигар навъҳои аслиҳа мебошад.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои навадум ҷанги дохилиро пушти сар кардааст, водии Рашт “минтақаи аз ҳама зиёд минагузоришуда” ба шумор меравад. Масъалаи вуҷуди аслиҳаи нотаркида ба ҳаёти маъмулии мардум, бахусус пешбурди кори кишоварзӣ ва дигар фаъолиятҳо дар шароити деҳот монеа эҷод мекунад.

Гузориши Департаменти давлатӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон марзҳои ҷанубӣ, ғарбӣ ва шимолӣ ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар солҳои ҷанги дохилӣ минагузорӣ шудаанд. Ҳадафи аслии минагузорӣ шудани марз бо Афғонистон – ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯён ва қочоқбарони маводи мухаддир гуфта мешавад.

Амрико ба хотири кумак дар минарӯбӣ ба Тоҷикистон дар давоми 13 соли гузашта 24,7 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки тавассути созмон ва барномаҳои ҳамкораш, мисли FSD, NPA, UNDP, TNMAC ва САҲА амалӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон маркази минарӯбӣ амал мекунад, ки пайваста барномаҳои поккории қаламравҳо аз минаро амалӣ мекунанд.

Ба иттилои Маркази миллии зидди минаҳои Тоҷикистон, дар бист соли ахир дар минтақаҳои минакоришудаи кишвар, ки умдатан дар марзҳои Тоҷикистон воқеъ ҳастанд, 374 нафар кушта шуда, ҳудуди 500 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Қаламрави дигари минагузоришуда – сарҳад бо Узбекистон аст. Ин қаламрав дар охири солҳои 90-ум ва дар аҳди президенти собиқ Ислом Каримов минагузорӣ шуда буд. Он замон ҳукумати Узбекистон гуфта буд, ки ба хотири пешгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни исломӣ аз Тоҷикистон зарурати минакорӣ кардани марз пеш омадааст. Вале дар ин муддат дар марз беш аз 80 нафар, асосан сокинони мулкӣ ва кӯдакону пиронсолон ҷон бохтанд.

Моҳи октябри соли гузашта мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳамроҳ бо мақомоти Узбекистон ба поккории минтақаҳо аз мина дар марзи ду кишвар оғоз кардаанд. Корҳои минарӯбӣ дар навбати аввал аз қитъаҳои марзӣ дар ҳудуди Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон, ки бо вилояти Самарқанди Узбекистон ҳаммарз аст, шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG