Ҳавлии волидони Сӯҳроб Каримов, афсари вазорати мудофиаи Русия ва зодаи Тоҷикистон дар ҷамоати Чимтеппа, наздик ба бозори "Гипрозем", ин шабу рӯз холӣ аст.
Ба гуфтаи ҳамсояҳо, тамоми хонаводаи Каримовҳо, ки то чанд рӯзи пеш дар Душанбе буданд, ба Русия рафтаанд. Сӯҳроб Каримов охири моҳи феврал дар Русия нопадид шуд ва ахиран мақомоти Русия гуфтанд, бо эҳтимоли зиёд ӯ кушта шудааст. Ҳамсояҳо ва наздикони Сӯҳробро ин хабар ғамгин кардааст.
Сӯҳроб Каримов яке аз се низомии кушташуда дар Сурия аст, ки номаш расонаӣ шудааст. Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, солҳо дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хидмат кардааст.
Дар маҳаллаи "Сомониён"-и Чимтеппа ҳоло ҳама бодиққат хабарҳои марбут ба Сӯҳроб Каримовро бодиққат пайгирӣ мекунанд ва ду наврасе, ки моро ба хонаи волидони ӯ раҳнамоӣ карданд, гуфтанд, хабари нопадид ва кушта шудани Сӯҳробро ин ҷо ҳама медонад. Онҳо нақл карданд, ки афсари таҷрибадори тоҷикро бештар дар майдони варзишии маҳалла медидаанд. Ӯ бозии футбол ва ҷонваронро дӯст медошт.
"Мегуфт, мисли падару бобояш низомӣ мешавад"
Мӯътабар Акабаралиева, ки дар ҳамсоягии хонаводаи Сӯҳроб Каримов зиндагӣ мекунад, гуфт, бори охир Сӯҳробро тобистони соли гузашта дида буд. Ӯ барои таътил ба Душанбе омада буд. Мегӯяд, ин афсари Русияро аз хурдӣ чун як ҷавони хушахлоқу ботамкин мешиносад.
"Дар пеши мо таваллуд шуд. Ӯро аз наздик мешинохтем. Бачаи қобилу хубе буд. Нағз мехонд. Онҳо, ки шаҳрванди Русия буданд, барои кор ҳам он ҷо рафт. Ҳар вақте ба хонаашон меомад, ҳатто агар нисфи шаб буд, ҳатман бо мо салом карда мерафт",-гуфт ин сокини маҳал.
Мӯътабар Акбаралиева мегӯяд, Сӯҳроб аз хурдӣ мегуфт, мисли падару бобояш низомӣ мешавад. "Ин хабарро имрӯз шунида, ҷойи нишастан намеёбам. Духтарҳоям занг зада гуфтанд, хабари Сӯҳроб дуруст будааст", -гуфт ҳамсояи Каримовҳо дар Душанбе.
Сӯҳроб Каримовро дар маҳалли зисташ дар Душанбе аксарият чун "писари генерал" мешиносанд. Падари Сӯҳроб - Абдувалӣ Каримов солҳои зиёд дар пойгоҳи 201-ум дар Душанбе ва Русия фаъолият кардаааст. Ин хонавода ҳам бо тақозои кор гоҳе дар Русияву гоҳ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардааст. Сӯҳроб ҳам пас аз хатми таҳсил дар Русия фаъолияти кории худро дар пойгоҳи 201-ум дар Душанбе шурӯъ кардааст.
Ду бор сафари Сӯҳроб ба Сурия
Бино ба иттилои як манбаъ, баъди дарёфти хабари кушта шудани Сӯҳроб Каримов, афсарону сарбозони пойгоҳи 201-ум дар Душанбе маросиме ба хотири даргузашти ӯ баргузор кардаанд. Ин ҷо ҳам ӯ як ҷузъеро раҳбарӣ мекард ва барои аксарият дар пойгоҳи 201 ошно буд.
Худи Сӯҳроб Каримов падари ду фарзанд буда, ба гуфтаи ҳамсояҳо, фарзанди дуввумашро, ки ҳаштмоҳа аст, ҳанӯз надида буд. Ба гуфтаи наздикон ва ҳамсояҳо, волидони Сӯҳроб баъди тасдиқи хабари кушта шудани Сӯҳроб ба Маскав рафтанд. Мирзо Каримов, амаки ин майори тоҷик, ки дар ҳамсоягии волидони ӯ зиндагӣ мекунад, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳам иттилои бештарро дар бораи марги бародарзодааш тавассути расонаҳои хабарӣ дарёфт кардаанд.
Яке аз ҳамсояҳои волидони Сӯҳроб Каримов, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, Сӯҳроб Каримов дар сафари охираш ба Душанбе аз вазъи муташанниҷ дар Сурия нақл карда, гуфтааст, "он ҷо кас хоби оромро намебинад". Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Сӯҳроб дафъаи аввал се моҳ дар Сурия будааст ва бо сабаби беморӣ як муддат баргашта буд.
"Российская газета" ҳам бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Сӯҳроб бори дуввум ба Сурия сафар дошт. Бахши русии ББС низ навиштааст, маҳз балад будани забони арабӣ сабаб шуд, ки Суҳроб Каримовро тобистони соли 2018 ба Сурия фиристанд.
Яке аз шаш фарзанди генерали пойгоҳи 201-и Русия
Сӯҳроб Каримов яке аз шаш фарзанди Абдувалӣ Каримов - генерали тоҷики пойгоҳи 201-уми Русия аст. Ӯ хатмкунандаи Донишгоҳи ҳарбии Маскав буда, рутбаи майор доштааст. Солҳои тӯлонӣ дар пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон кор кардааст.
Сӯҳроби 35-соларо ҳамсоя ва ҳамсинфонаш дар Тоҷикистон чун як низомии хубу ҷавони баобрӯ мешиносанд. Илҳом, ки чанд сол бо Сӯҳроб дар мактаби рақами 91 дар Душанбе таҳсил кардааст, мегӯяд, Сӯҳроб як одами ором буд ва дониши хуб дошт.
Илҳом, ки ҳоло дар Русия аст, хабарҳо дар бораи кушта шудани Сӯҳробро дар Сурия як моҳи пеш шунид. "Аз чанд нафар шунидам, вале бовар накардам. Ягон рақаме ҳам аз хонаводааш пайдо накардам, ки дақиқ кунам. Падар ва тамоми хонаводааш ҳарбӣ буд",-афзуд вай.
Сӯҳроб Каримов яке аз се низомии кушташуда дар Сурия аст, ки номаш расонаӣ шудааст. Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, солҳо дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хидмат кардааст. Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 25-уми март ҳалокати се низомии рус дар Сурияро тасдиқ кард ва гуфт, ки "онҳо моҳе пеш дар иҳотаи террористон афтонданд ва кушта шуданд". "Российская газета" навиштааст, ки майор Каримов ва ҳамроҳонаш дар ҷараёни амалиёте дар вилояти Дайр-аз-Зури Сурия ҷон бохтанд.