Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабир Кабировро аз беморхона ба боздоштгоҳ бурданд


Кабир Кабировро аз беморхона ба боздоштгоҳ бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Кабир Кабиров – писари Авазхон Кабиров – молики бозори “Султони Кабир”-ро, ки дар як садамаи маргбор муттаҳам аст, дастгир карда ва аз бемористон ба ИВС ё боздоштгоҳи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бурдаанд. Мақомоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми март гуфтанд, ки ӯ то анҷоми тафтишот дар боздоштгоҳ мемонад. Кабир Кабиров шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш – Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Як ҳамроҳи дигараш бо захмҳои гуногун дар бемористон аст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG