Пайвандҳои дастрасӣ

Оё Русия саҳҳоми "Роҳи оҳани Қирғизистон" мешавад?


Сафари пешрӯи Владимир Путин ба Қирғизистон шояд сарнавишти корхонаи давлатии "Роҳи оҳани Қирғизистон" (Қирғиз темир жолу)-ро муайян кунад.

Бо наздик шудани сафари давлатии президенти Русия Владимр Путин ба Қирғизистон, ки 27-28 март дар назар аст, коршиносон бештар дар мавриди эҳтимоли саҳҳомӣ шудани корхонаи давлатии "Қирғиз темир жолу" (Роҳи оҳани Қирғизистон) ва додани қисме аз саҳмияҳои он ба "Роҳҳои оҳани Русия", ҳарф мезананд.

Коршиносон бар ин назар аст, ки Русия алоқаманд аст саҳҳоми корхонаи Роҳи оҳани Қирғизистон шавад, зеро ин василаи муассиртари назорати амалӣ шудани тарҳи чинии "Як камарбанд - як масир" аст.

Таъкид мешавад, ки чунин тасмим қодир ба ҷалби сармоя ба ширкат ва эҳёи дубораи он хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, таъйиди расмӣ ва ё рад кардани чунин як сенария то кунун садо надодааст. Бо вуҷуди ин дар доираҳои коршиносии Қирғизистон инро истисно намедонанд, ки агар Русия баро таҳти назорат қарор додани ин корхона алоқаманд нест, вале ба доштани қисме аз саҳмияҳои он таваҷҷуҳ дорад.

Сафари эъломшуда

Дар мавриди баррасии ҳамкориҳои Русияву Қирғизистон дар соҳаи эҷоди зербиноҳо ҳанӯз моҳи январи имсол, қисман аз сӯи шуъбаи сиёсати иттилоотии раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода шуда буд.

"Дар доираи мулоқоти дуҷониба президентҳо, табодули афкор дар бораи мавзӯъҳои муҳими ҳамкории Русияву Қирғизистон, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таъмини амният дар минтақа, ривоҷ додани тарҳҳои эҷоди зерсохтҳо дар Қирғизистон, сурат мегирад. Ҳамчунин масоили ҳамватанони дар Русия қарордошта матраҳ мешавад",-гуфта мешуд он замон дар иттилоия.

Баҳонаҳо барои ҳадс задан

Моҳи феврали дар Маскав дидори Мудири кулли "Қирғиз темир жолу" Канатбек Абдукаримов ва Мудири кулл ё Раиси раёсати "Роҳҳои оҳани Русия" Олег Белозёров сурат гирифт. Мавзӯи мулоқот бино ба иттилои "Қирғиз темир жолу", чор масъала -- дар мавриди рафти коркарди пешакии мутолиаи аввалияи имконсанҷии тарҳҳои рушди шабакаи роҳи оҳани Қирғизистон, хариди вагонҳои мусофирбари русӣ, дар мавриди ин ба моликияти "Роҳи оҳани Қирғизистон" табдил додани локомотивҳои Роҳи оҳани Русия, ки то кунун аз суи ширкати қирғизӣ иҷора гирифта шудаанд, буд.

Баъдтар ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи кумитаи парлумон оид ба нақлиёт, иртиботот, меъморӣ ва сохтмон, Абдукаримов дар мавриди тағйири мақоми ҳуқуқии корхона изҳори назар кард.

"Ширкат дар вазъи зараровар қарор дорад. Рушд нест. Барои рушд сармоягузорӣ лозим, аз ин хотир мо пешниҳод мекунем, ки саҳҳомӣ карда шавад. Аз нигоҳи ин, ки як ширкати стратегӣ аст, бояд бо саҳми саддарсадии давлат саҳҳомӣ шавад",-афзуд вай.

Ин ҳолат баҳонаи қобили таваҷҷуҳе барои коршиносон шуд, то онҳо дар пешбиниҳои худ ба иштироки Русия дар ин тарҳ таъкид кунанд.

"Бо далелҳои геополитикӣ"

Коршиноси қирғиз Марат Сариев бар ин назар аст, ки Русия алоқаманд аст, ки саҳҳоми корхонаи Роҳи оҳани Қирғизистон шавад, зеро ин аз назари ӯ, василаи муассиртари назорати амалӣ шудани тарҳи чинии "Як камарбанд – як масир", ки яке аз шохаҳои он аз ҳудуди Қирғизистон убур мекунад, мебошад.

"Русия ин тарҳро мегирад, вале дақиқ нест, ки сохтмони роҳи Шимолу Ҷанубро оғоз мекунад. Шояд кадом як бозсозиҳо сурат бигирад, вале худи бунёди роҳ хеле масрафи калон дорад ва чандон фоидаовар нест",-мегӯяд коршинос.

Сариев таъкид мекунад, ки сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ, дар Русия мефаҳманд, ки дар сурати ғайр минтақа оромона, вале мунтаззам ба сӯи Пекин меравад.

Дар оғози моҳи март, дар поёни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Русия, ноиби сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов, таъкид кард, ки Русия ба бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон алоқамандӣ зоҳир кард, вале ҷузъиёти ин гуфтушунидҳоро изҳор накард.

аскав бидуни ваъдаҳои хосе ба эътибор мегирад"

Ба гуфтаи сиёсатшиноси қирғизистонӣ Денис Бердаков, ҷониби Қирғизистон мехоҳад Русияро дар сохтани роҳи оҳани пайвасткунандаи Шимол бо Ҷануб бо дастрасӣ ба Тоҷикистону Узбекистон дар шароити ҳадди аксари авлавият қарор диҳад. "Вале барои ман на ҳама чиз аён аст. Дар ҳар сурат, он ҷо инро ба эътибор мегиранд, вале бидуни кадом ваъдаи хос",-мегӯяд Бердаков.

Денис Бердаков.
Денис Бердаков.

Ба гуфтаи коршинос, аз бозигарони минтақавӣ дар роҳандозии роҳи оҳан тавассути Қирғизистон метавонад Тошканд алоқаманд бошад, зеро ин тарҳ метавонад вобастагии нақлиётии онро аз Қазоқистон кам кунад ва масирҳояшро гуногун намояд.

Воқеан дар саммити охирини СҲШ, ки моҳи июни соли 2018 дар Чин доир шуд, Нурсултон Назарбоев ба иҷроӣ кардани тарҳи роҳи оҳани магистрали баландсуръати Авруосиёӣ дар масири "Пекин-Остона-Маскав -Берлин” даъват кард. Он замон раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки дар доираи тарҳи "Як камарбанд-як масир", роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон-Афғонистон-Эрон" бунёд шавад.

Тарҳҳои иҷронашуда

Бояд гуфт, ки арзиши ибтидоии тарҳи мазкур бештар аз 2 млрд долларро дар бар мегирад, ки тақрибан аз се як ҳисаи Маҷмаи маҳсулоти дохилии Қирғизистон мебошад.

Мувофиқи тарҳи чинӣ, тӯли масир дар ҳудуди Қирғизистон 268 км-ро ташкил медиҳад, ки 95 пул ва 48 нақб бо дарозии 50 кмро дар бар мегирад. Гузинаи қирғизии тарҳ, ки соли 2012 пешниҳод шуда буд, бунёди 380 км роҳро бидуни пул ва нақбҳо пешбинӣ намудааст, ки ба гуфтаи муаллифони тарҳ, ба таври қобили таваҷҷуҳ масраф бунёди роҳро кам мекунад.

Бо вуҷуди ин, бештар аз бист сол аст, ки ин тарҳ сармоягузорони худро намеёбад ва танҳо дар коғаз боқӣ мондааст.

Тақрибан тарҳи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизстон-Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон, ки соли 2010 аз сӯйи Эрон пешниҳод шуда буд, гирифтори чунин вазъ аст. Тӯли умумии ин тарҳ ҳудуди 2 ҳазор км-ро дар бар мегирад, ки 580 километри он бояд аз ҳудуди Тоҷикистон убур мекард. Танҳо барои амалӣ шудани қисмати тоҷикистонии тарҳ 3,2 млрд доллар зарур аст.

Баррасии тарҳ баъди сардии равобити Душанбеву Теҳрон дар соли 2015 тақрибан қатъ шуд. Ба ҷуз ин, мушкили фаннии қобили таваҷҷуҳ дар амалӣ кардани тарҳ паҳноии роҳ буд, ки дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон 1520 мм ташкил медод ва дар Чину Эрон мувофиқ ба стандартҳои аврупоӣ 1435 мм буд.

"Барои давлат зарур аст, ки монополияро ҳифз кунад"

Сарфи назар аз эҳтимоли ками ҳузури Русия дар бунёди роҳи оҳан дар Қирғизистон, бархе аз коршиносон бо такя ба ҷанбаи фаннии масъала мегӯянд, ки тафовут дар андозаи роҳи оҳан метавонад дастрасии ҷумҳуриҳоро барои даст ёфтан ба берун маҳдуд кунад.

Эмил Ҷураев.
Эмил Ҷураев.

"Агар дар Қирғизистон майли стратегии баромад ба шабакаи роҳҳои минтақа вуҷуд дорад, пас хеле муҳим аст, ки назароти ин соҳа дар дасти худи давлат бошад. Ё ки чунин тасмимгирӣ бояд бо назардошти вижагиҳо дар давлатҳои ҳамсоя сурат бигирад",-мегӯяд коршинос Эмил Ҷураев.

Ба гуфтаи вай, соҳаи роҳи оҳан мисли бархе соҳаҳо комилан бояд дар монополияи давлат бошад, зеро ҳар шакли хусусӣ кардан маънои аз дасти давлат рафтани қабули мустақилонаи қарорро дорад.

Пештар, дар соли 2014 ширкати русии "Газпром" активҳои "Қирғизгаз"-ро бо як доллар харида буд. Дар доираи созишнома, ки барои 25 сол баста шуда буд, ҷониби Русия тамоми лӯлаҳои газ, шабакаҳои газтақсимкунӣ, чоҳҳои газ, қитъаҳои замин ва моликияти дигар ва ҳуқуқ манфиатҳои ин ширкатро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG