Пайвандони Саттор Каримов, маъруф бо тахаллуси Махсуми Саттор гуфтанд, ки чаҳор рӯз боз аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон хабар надоранд. Ин узви фаъоли ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ соли 2015 дастгир ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.
Абдураҳими Саттор, писари Саттор Каримов, рӯзи 23-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш як ҳафта дар бемористон буд ва интизор мерафт, ки ҷарроҳӣ шавад. "Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба дидорбиниаш ба бемористон рафтам, вале дар онҷо набуд. Баъд ба зиндон рафтам. Дар онҷо гуфтанд, ки ӯ дар ШИЗО аст."
Абдураҳими Саттор мегӯяд, сабаби ҷарроҳӣ нашудани падараш ва ҳамин тавр ба утоқи ҷаримавӣ бурда шудани ӯро намедонад. "Пеш аз ҷарроҳии фатақ (грыжа) бояд дилашро табобат мекарданд. Аввал кори дилаш муътадил мешуд, сипас ҷарроҳӣ мегузашт. Аммо маълум нест, ки чаро чунин нашуд", - афзуд ӯ.
Вақте иҷоза намедиҳанд, ки худамон ӯро бубинем, ба ҳар овоза бовар мекунем. Вақте овоза шуд, ки бемор аст ва азоб дорад, рафтем. Аммо иҷозат надоданд, ки бинем. Дигар фикр мекунӣ, ки овозаҳо рост аст.
Абдуқаҳҳор Каримов, бародари Саттор Каримов, гуфт, охири ҳафта хабари бемории бародарашро шунид ва бо ҳадафи дидорбинӣ аз Кӯлоб ба Душанбе рафт, аммо ба ӯ иҷозаи дидор надоданд. Ӯ гуфт, “вақте иҷоза намедиҳанд, ки худамон ӯро бубинем, дигар ба ҳар овоза бовар мекунем. Вақте овоза шуд, ки бемор аст ва азоб дорад, рафтем. Аммо иҷозат надоданд, ки бинем. Дигар фикр мекунӣ, ки овозаҳо рост аст.”
"ШИЗО шиканҷа аст"
Мухолифони тоҷик дар хориҷа рӯзи 22-юми март хабар доданд, ки Саттор Каримов пас аз ҷарроҳии фатақ (грыжа) "ба утоқи ҷаримавии зиндон ё ШИЗО интиқол ёфтааст" ва "вазъи саломатиаш хуб нест".
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, як созмони наздик ба мухолифон рӯзи 22-юми март гуфт, “бино ба иттилои расида Махсуми Абдусаттор ҳоло дар зиндони рақами шаш, корхонаи хиштбарории шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, дар утоқи ҷаримавӣ ё ШИЗО қарор дорад”.
Маъмулан дар утоқи ҷаримавӣ онҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки қоидаҳои маҳбасро риоя намекунанд. Бобоев мегӯяд, пас аз ҷарроҳӣ аз Саттор Каримов хостаанд, то зидди ҳизб ва фаъолони он изҳороти видеоӣ диҳад, аммо ӯ худдорӣ кардааст.
"Ба ҳамин далел дар утоқи ҷаримавӣ ҷой кардаанд", - гуфт ӯ ва афзуд, "дар ШИЗО будани маҳбуси бемор як навъ шиканҷа аст, чун он ҷо барои зиндагӣ сахт аст. Ду рӯз боз дар утоқи ҷаримавӣ қарор дорад."
Манбаъ: "Саттор Каримов ҷарроҳии сабук шуд"
Масъулони Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон бинобар рӯзи корӣ набудан расман бо Радиои Озодӣ сӯҳбат накарданд. Аммо як масъули зиндони маъруф бо номи "Кирпичний”, ки Саттор Каримов дар онҷо нигоҳдорӣ мешавад, иддаои шиканҷа ва дар утоқи ҷаримавӣ қарор доштани ӯро рад кард.
Саттор Каримов 60 сол дорад ва аз ҷумлаи собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломист. Фаъолияти ин ҳизб пас аз ошӯби моҳи сентябри соли 2015 манъ ва террористӣ эълон шуд. Аммо раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷа қарор дорад, борҳо ин иттиҳомро рад карда ва ошӯбро баҳонае барои бастани ин ташаккули сиёсӣ донистааст. Дар чор соли охир ҳеҷ кишвари ғарбӣ экстремистӣ будани ҲНИТ-ро эътироф накардааст.
Эътирофи телевизионӣ?
Аз ин пеш, Савриннисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, узви дигари зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ба Додситонии кул ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шикоят карда, гуфта буд, ки шавҳараш шиканҷа шудааст.
Ба қавли Ҷӯрабекова, нозирони зиндон бо шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз ӯ мехоҳанд, то алайҳи ҳамҳизбиёни собиқи худ гувоҳии телевизионӣ бидиҳад. Мақомоти тоҷик шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайитро рад карда буданд.
Баъди мамнуъ шудани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон даҳҳо узви ин ҳизб, аз ҷумла чандин узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии он дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд. Дар ин миён ду нафари онҳо - Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ ҳукми ҳабси абад гирифтанд. Раҳбарият ва баъзе аъзои дигари он дар хориҷа паноҳ бурдаанд.