Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи муфтии Тоҷикистон шартан аз боздошт озод шуд


Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Муҳтадӣ Абдулқодиров – бародарзодаи Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Тоҷикистонро шартан аз зиндон озод кардааст. Манобеъ гуфтанд, ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт охири ҳафтаи гузашта содир шуд.

Тайи солҳои охир дар кишвар беш аз 700 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Озодӣ, баъди тағйири иттиҳом

Муҳтадии 36-сола моҳи ноябри соли гузашта бо иттиҳоми "Ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ" (қисми 2, замимаи 3-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) дастгир шуд. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз се то панҷ соли зиндонро дар назар дорад.

Аммо додгоҳ дар моҳи январи имсол иттиҳоми ӯро ба "Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ (қисми яки моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) иваз кард. Ин моддаи қонун маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дар котиботи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Муҳтадӣ Абдулқодиров аввал бо ҷурми барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва ё динӣ маҳкум ва сипас бар асоси моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ – "шартан татбиқ накардани ҷазо" – аз боздошт озод шуд."

Шарти додгоҳ

Тавре дар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, Муҳтадӣ Абдулқодиров дар ивази озодӣ муваззаф шудааст, ки бе огоҳии мақомот маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойи таҳсили худро иваз накунад. Ӯ таҳти назорати мақомот буда, дар сурати риоя накардани шарт, мумкин аст, дубора ба ҳабс гирифта шавад.

Бархе аз наздикони Муҳтадӣ Абдулқодиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ раҳоии ӯро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки Муҳтадӣ ҳоло дар назди хонаводааш дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Аммо то ин дам ба мо даст надод, ки худи ӯро аз наздик дида, суҳбат кунем.

Муҳтадӣ Абдулқодиров охири моҳи ноябри соли гузашта баъди бозгашт аз Арабистони Саудӣ боздошт шуд. Манобеи огоҳ гуфтанд, Абдулқодиров соли 2013 ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам шуда буд ва боздошташ ба ҳодисаи панҷ соли пеш рабт дошт. Ӯ солҳои охир дар хориҷ аз кишвар мезист.

17 созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон

Фаъолияти ҷараёни тозапайдои "Салафия" дар қатори 16 ҳизбу созмони дигар, аз ҷумла “Ал-Қоида”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “Ансоруллоҳ” ва гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон мамнуъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2016 ба ин тараф дар кишвар як ситоди вижаи мубориза бо “Салафия” амал мекунад.

Тайи солҳои охир дар кишвар беш аз 700 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Танҳо дар соли гузашта алайҳи беш аз 160 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ин ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ парванда боз гардидааст.

Дар миёни онҳое, ки бо ҷурми пайравӣ аз “Салафия” боздошту зиндонӣ шуданд, чанде аз имом-хатибони масоҷиди кишвар ҳам ҳастанд.

Дар як ҷаласаи порлумон дар моҳи ноябри имсол мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки танҳо дар солҳои 2016 - 2017 беш аз 20 имом-хатиб бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ дастгир шуданд, ки 9 нафари онҳо узви созмони "Салафия" будаанд.

XS
SM
MD
LG