Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки дар Душанбе латту кӯб шуд, бемори равонӣ будааст. ВИДЕО


Яке аз шуъбаҳои бемористони "Куктош" дар ноҳияи Рӯдакӣ
Яке аз шуъбаҳои бемористони "Куктош" дар ноҳияи Рӯдакӣ

Як маъмури милисаро барои латту кӯби зане дар маркази шаҳри Душанбе аз кор ронданд. Фармони барканории Сафарбек Маҳмадсаидзода, корманди воҳиди махсуси Вазорати умури дохилӣ, соати якуними шаби 22-юми март ва пас аз чанд соати нашри навори латту кӯби зан содир шуд.

Мо тарафдор нестем, ки корманди милиса нисбат ба як нафар, чи дар мастӣ ва чи ҳолати дигар, дағалӣ кунад. Милиса бояд даст намебардошт ва мо инро маҳкум мекунем.

Аз ҷабрдида Мадина Шамсова, сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ном бурда мешавад. Пизишкон гуфтанд, ӯ маризи рӯҳист ва дар ҳоли ҳозир дар шуъбаи дувуми бемористони равонии "Куктош" табобат мегирад. Вазъияташро муътадил арзёбӣ карданд.

Аммо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, Мадина Шамсова "дар ҳолати мастӣ" буд ва бо маъмури милиса вориди даъво шудааст.

Ҳодиса рӯзи 21-уми март дар лаҳзаҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз рух дода, таҳқиқ идома дорад. Навори латту кӯби Мадина Шамсова дар "Фейсбук" нашр шуд. Дар ду навор дида мешавад, ки зан мегӯяд, "маро назан", аммо нафаре дар тан либоси милиса ва дар даст чӯбдасти ишоратӣ ба бадани ӯ чанд дафъа мезанад.

Даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навори бархӯрди старшинаи милиса Сафарбек Маҳмадсаидзодаро бо Мадина Шамсова маҳкум кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки корманди милиса ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зане, ки дар Душанбе латту кӯб шуд, бемори рӯҳӣ будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Сухангӯи ВКД: “Милиса набояд даст мебардошт”

Пас аз нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ба он зуд вокуниш кард. Масъулони вазорат дар шарҳи ҳодиса гуфтанд, ки Мадина Шамсова "дар ҳолати мастӣ қарор дошт" ва "тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард".

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, рӯзи 22-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Шамсова ба чанд нафари дигар, аз ҷумла як зан дарафтода, муноқиша кардааст. Ба қавли сухангӯи ВКД, дар ин ҳолат роҳгузарон корманди пулисро даъват карданд ва ӯ “дар бало монд”.

"Мо тарафдор нестем, ки корманди милиса нисбат ба як нафар, чи дар мастӣ ва чи ҳолати дигар, дағалӣ кунад. Милиса бояд даст намебардошт ва мо инро маҳкум мекунем. Ӯ рафтори нодуруст кард ва барои ҳамин дарҳол аз сафи мақомот ронда шуд", - таъкид кард мусоҳиби мо.

Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, Мадина Шамсова қаблан "бо иттиҳоми дуздӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд".

Мадина Шамсова дар як манзил дар деҳаи Охчакмани ноҳияи Рӯдакӣ сабтином шудааст. Аммо субҳи 22-юми март наздикони Шамсова ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ ва пайвандонаш чанд сол боз дар онҷо зиндагӣ надоранд.

Пизишк: Гирифтори бемории "ихтилоли рафтор" аст

Падари Мадина – Муқимҷон Шамсов – дар наздикии бемористони касалиҳои руҳии “Куктош” зиндагӣ мекунад. Рӯзи 22-юми март хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили ӯ рафтанд, аммо дараш баста буд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки Муқимҷон Шамсов чанд сол пеш аз модари Мадина ҷудо шуда, ҳоло ҳамроҳи оилаи дигараш дар ин хона зиндагӣ мекунад.

Баракатулло Ниёзов
Баракатулло Ниёзов

​Табибони бемористони касалиҳои руҳии "Куктош" рӯзи 22-юми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки Мадина Шамсова қаблан чанд дафъа дар ин беморхона табобат гирифтааст.

Баракатулло Ниёзов, мудири шуъбаи қабули беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ мегӯяд, Шамсова гирифтори бемории "ихтилоли рафтор дар натиҷаи истеъмоли машруботи спиртӣ" мебошад. Ба қавли ӯ, нафароне, ки ба мисли Шамсова беморанд, “ғайриҷамъиятӣ” мебошанд ва бо хуруҷи беморӣ худро идора карда наметавонанд.

"Баъди ҳодисаи рӯзи 21-уми март ӯро ба бемористон оварданд ва ӯ дар шуъбаи дувум аст. Вазъияташ муътадил аст", - афзуд ӯ.

“Аз кор рондан кофӣ нест, бояд ҷазо гирад”

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки кор бо ин хотима наёбад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, Сафарбек Маҳмадсаидзода барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 45 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё чанд соли маҳрумӣ аз ишғоли вазифаро пешбинӣ мекунад.

Гулчеҳра Холматова
Гулчеҳра Холматова

Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқдони тоҷик, гуфт, маъмури милиса аз рӯи қонун ва оиннома ҳақ надошт, ба зан зӯрӣ кунад. "Бояд аввал занро ба идораи пулис оварда, шахсияташро муайян ва баъд қазияро таҳқиқ мекарданд. Масъала набояд бо барканории маъмури милиса поён ёбад. Корманди милиса бояд ҷавобгӯ бошад", - афзуд ӯ.

Латту кӯби зан дар хиёбонҳои Душанбе ҳодисаи нав нест. Дар аввали моҳи март навори видеоии латту кӯби як духтар аз сӯи ҷавоне боис ба сарусадои зиёд шуд. Дар фосилаи ду соати баъди ин моҷаро, Идораи умури дохилии Душанбе гуфт, гумонбар боздошт шуд ва бар асоси моддаи “авбошӣ” ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт.

Ҷабрдида - Малика Соҳибназарова гуфт, ки мутаҳам дӯстдоштааш Хуршед Азизов аст ва дар ин моҷаро худро гунаҳкор меҳисобад.

XS
SM
MD
LG