Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоршанбесурӣ -- оине аз рӯзгори куҳан. ВИДЕО


"Чоршанбесурӣ" ё "Аловпарак", ки ба унвони яке аз суннатҳои ҷашни Наврӯз шинохта шуда ва дар чоршанбеи ахири қабл аз Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, дар Тоҷикистон ҳам имсол дар доираи ҳалқаҳои мухталиф, фарҳангиёну мардуми зиёӣ ва ҷавонони оддӣ таҷлил шуд.

Онҳо бо орзуву ниятҳои нек бар фарози алангаи оташ ҷаҳида, оини "чоршанбесурӣ" ё "аловпарак"-ро ба ҷо оварданд. Ин маросимҳо шоми сешанбе ба чоршанбе бо ширкати даҳҳо нафар дар дараи Ромит, шарқи Душанбе баргузор шуд ва мардуми эронитабори муқими Амрикову Фаронса ва Душанбе якҷо бо дӯстони тоҷикашон дар ин макон гирди гулхане ҷамъ омаданд.

Фарҳангшиносон мегӯянд, суннатҳои наврузӣ фалсафа ва аҳдофи зебову неке доранд, ки аз зиндагиву боварҳои гузаштагон ба мо қисса мекунанд.

Комрон Комилзода, як ҷавони тоҷик, ки ҳамроҳ бо дустонаш дар ин маросим ҳузур дошт гуфт, ҳамасола ба ин макон меояд. Ӯ мегӯяд, агар аз як ҷониб хушҳолӣ дар гирди гулхан ва рӯи алангаи оташ паридан пирузии гармо ба сармо бошад, аз суи дигар ҳузураш дар ин маросим пос доштани анъанаи ниёгон ё ойини наврӯзӣ аст.

"Ин ҷашн дар гузашта ман медонам дар тамоми манотиқи ориёитабор баргузор мегардид, ки бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Мавароуннаҳр низ, дар ҳудуди он қарор дошт. Ман ҳеҷ бадиеро дар таҷлили ин маросим намебинам, чун вақте як гуруҳ мардуми зиёӣ дар гирди гулхан сарҷамъ мешаванд, ҳамдигарро бо Навруз табрик мекунанд",-афзуд Комрон.

"Чаҳоршанбесурӣ", ё тавре тоҷикон аз он ном мебаранд, "аловпарак" ё "оташпарак", яке аз ойинҳои қадимии Наврӯз буда, то ҳанӯз дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон ҳам риоя мешавад. Солҳои ахир ин маросимро Шаҳобиддин Фаррухёр, як равшанфикри эронии муқими Душанбе баргузор мекунад. Бегоҳии чоршанбеи охири соли ҳиҷрӣ-хуршедӣ мардум дар майдонҳо, чорроҳҳо, кӯчаҳо оташ фурӯзон намуда, пиру ҷавон аз болои он се бор мепариданд ва баробари ҷаҳидан мегуфтанд, "зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман".

Чоршанбесурӣ -- оине аз рӯзгори куҳан
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Шоми чаҳоршанбе ҳам дар доираи баргузории ин маросим дар як гушаи аз ин макон дар ду деги бузург ғизо пухтанд. Дар яке оши палави тоҷикӣ ва дар дуюми "оши ришта", ки хуроки наврузии мардум дар Эрон аст. Оши ришта бо лубии сурх ва пиёзу сири доғшуда аз оши буридаи тоҷикӣ тафовут дорад. Дастурхонро ҳам барои меҳмонон бо анвои ҳафтсин омода карданд.

Шаҳобиддин Фаррухёр гуфт, "ин оин эътиқоди куҳани зардуштӣ ҳам ҳаст, ки дар шаби соли нав пушти бомҳо оташ равшан мекарданд, ки арвоҳи гузаштагон роҳи хонаро гум накунанд ва ба хона баргарданд. Аммо ин ҷо тафовутҳо зиёд аст, зеро бисёриҳо мегӯянд, ки ин марбут ба Сиёвуш аст ва ба гузаштанаш аз оташ маншаъ мегирад".

Онҳое ҳам ки ҳамасола аз чоршанбесурӣ таҷлил мекунанд мегӯянд, ба ин васила гузаштагон бовар доштанд, ки аз тамоми бемориҳо, нодориҳо, бадбахтиҳо ва гуноҳҳои дар соли кӯҳан ҷамъшуда худро пок месозанд ва ба орзӯҳои худ мерасанд.

Ораш Алоӣ, эронии муқими Амрико ҳам, ки дар рузҳои таҷлили Навруз меҳмони Тоҷикистон аст, дар маросими "аловпарак" ё чоршанбесурӣ дар дар дараи Ромит ҳузур дошт. Ӯ мегӯяд, бо кофтани деги оши ришта ва паридан аз болои алангаи оташ барои худ ва наздиконаш соли хубу хуше орзу карда, ба ин васила дарду ранҷ ва ғаму ғуссаро аз худ дур кардааст. "Дар ин рӯз мо мехоҳем бо соли гузашта, соле ки тамом шуда худоҳофизӣ кунем ва ба соли нав салом бигӯем. Бо орзуҳои хуб, дидори хуш, ниятҳои нек барои тамоми афроде, ки вуҷуд доранд",-афзуд вай.

Фарҳангшиносон мегӯянд, суннатҳои наврузӣ фалсафа ва аҳдофи зебову неке доранд, ки аз зиндагиву боварҳои гузаштагон ба мо қисса мекунанд. Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, ки дар маросими чоршанбесурӣ ширкат дошт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин оини наврузӣ дар тули мавҷудияташ бо мухолифатҳо рӯбарӯ буд ва то ба сарҳади фаромуш рафт, аммо аз байн нарафт. Ӯ ба ин бовар аст, дар оянда бархе аз оинҳои фаромушшудаи наврузӣ дубора эҳё мешаванд ва чоршанбесурӣ ҳам аз як гуруҳи хос фаротар таҷлил хоҳад шуд.

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, ҳоло ин маросим бештар бо тобиш ва шакли дигар ва он ҳам хеле маҳдуд ҷашн гирифта мешавад, масалан, дар бархе аз минтақаҳои кишвар арӯсу домодро дар гирди оташ чарх мезанонанд. Бештари ин маросимҳо барои он сурат мегиранд, ки инсон аз зиёну заҳмат, нопокӣ, бадбахтиҳои соли куҳна, номуродиҳои гузашта эмин бошад ва Наврӯзро бо хушӣ истиқбол намуда, дар соли нав тандурусту солим зиндагӣ кунад.

Ҳарчанд дар солҳои ахир бархеҳо анҷоми оинҳои наврузӣ, аз ҷумла чоршанбесуриро мухолифи арзишҳои динӣ медонанд, аммо ширкатдорони ин маросим ба он таъкид мекунанд, ки рӯи алангаи оташ паридан маънии эътиқод ба оташ ва боварҳо нест, балки як оини наврузиву хушрузӣ ва суру тарона аст.

XS
SM
MD
LG